Мақоми истеъфододаи СММ: “Қатли омми мардуми Фаластин, таърифи расмии наслкушӣ аст”

Мақоми истеъфододаи Созмони Милал: “Қатли омми кунунии мардуми Фаластин, таърифи расмии наслкушӣ аст”
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Як мақоми Созмони Милал, ки ҳафтаи гузашта истеъфо дод, ин ниҳоди ҷаҳониро ба шикаст дар посухгӯ кардани Исроил дар мавриди ҷиноёти ҷангӣ ва иттиҳомоти наслкушӣ муттаҳам кард.
Ба гузориши Алҷазира, Крейг Мохайбер, яке аз мақомоти аршади ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки дар охири ҳафта ба далели вокуниши ин созмон ба ҷанги Ғазза аз симати худ канорагирӣ кард, аз Созмони Милал хостааст, ки ҳамон меъёрҳоеро, ки дар арзёбии нақзи ҳуқуқи башар дар соири кишварҳои ҷаҳон анҷом медиҳад, дар Исроил ҳам эъмол кунад.
Мохайбер, ки мудири дафтари Комиссириати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал буд, дар номаи истеъфои худ дар 28 октябр бо ишора ба наслкушиҳои қаблӣ дар Боснӣ, Руондо ва Миёнмор навишт: “Иқдомоти низомии Исроил дар Ғазза, наслкушӣ бар асоси таърифи расмӣ дар санади СММ аст”. Вай Созмони Милалро ба шикасти муҷаддад дар иқдом алайҳи ин режим муттаҳам кард.
Мохайбер гуфт: “Қатли омми кунунии мардуми Фаластин, ки реша дар идеулужии қавмӣ-носиюнолистии истеъморӣ-шаҳракнишинӣ дорад ва дар идомаи чанд даҳа озору шиканҷа ва поксозии системотики онҳост ва ҷойи ҳеч тардиде дар иртикоби сареҳи наслкушӣ боқӣ намегузорд”.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти мушакӣ ва рокетии ҳамоҳанги Ҳамос, Ҳизбулоҳ ва Ансоруллоҳ ба Исроил
Иттиҳодияи озодиҳои мадании Омрико: “Донишгоҳҳо дар баробари таътилии гурӯҳҳои ҳомии Фаластин муқовамат кунанд!”

Матолиби пурбоздид