Мақоми ҳикмат
Мактаби инсоният
Ба Луқмони Ҳаким гуфтанд: Ту ғуломи фалон қабила нестӣ?
Гуфт: Бале.
Гуфтанд: Аз чӣ рӯ ба ин мақом (мақоми ҳикмат) расидаӣ?
Гуфт: Ростгӯӣ, амонатдорӣ, кори беҳуда накардан, пӯшидани чашм (аз номаҳрам ва айбҳои мардум), нигаҳдории забон ва маноати табъ.
Баъд идома дод: Ҳар кӣ аз ин поя камтар бошад, аз ман пойинтар аст, ва ҳар кӣ бештар бошад, болотар ва ҳар кӣ дар ин рутба бошад, мисли ман аст.
Қаламонлайн