Меҳрубониро ба лабханд хоҳам фурӯхт

Адаб

Меҳрубониро ба лабханд хоҳам фурӯхт

Меҳрафзои Азиз

Ман меҳрубониро ба лабханд хоҳам фурӯхт.

Лутфан онро харидорӣ кунед, ки арзишаш паст гашта.

Магар гарон аст?…

Барои камтарин орзуе, ки амалӣ шуд, аз Худо шукргузорӣ кунед, чун на ба ҳар кас муяссар мегардад.

Ниқоби кибру ғурурро барои як лаҳза аз худ дур кунеду босаброна ба ҳама бо чашми дил нигаред, зебоии атрофатону дунёро хоҳед дид.

Имрӯз тахфиф барои Виҷдон ва Муҳаббат, чун виҷдон аз байн рафтаву муҳаббат хор гашта. Бояд аз ҳарду ҳама дошта бошанд…

Барои як дақиқа ҳам бошад, худро аз занҷири тарс ва гумони бад раҳо кунед, ки куфр аст.

Шояд ин фурсате бошад барои дигар гаштан ва шояд фардоямон набошад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истиқболи Осиёи Марказӣ аз вуруди кишварҳои аврупоӣ ба минтақа
Сиёсати бидуни шарофат

Матолиби пурбоздид