“Миррих” ва диндорӣ

Фарҳанг

“Миррих” ва диндорӣ

Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Урупоиҳо ба Миррих расиданд, аммо мо ҳанӯз дар асри миёна зиндагӣ мекунем…” – Ин ҷумларо зиёд шунида ва мешунавед; ва бештар аз сӯйи афроде, ки вақте бибинанд, шумо аз дину паёмбару қиёмату ин ҷур чизҳо сӯҳбат мекунед.

Ва иллати ин ки гумон мекунанд, аз дину паёмбару қиёмат гуфтан, монеи пешрафт ва масалан ба Миррих расидан аст, ду пиндор аст: яке ин пиндор, ки он кас, ки ба якчунин масоиле андармон ва машғул аст, ӯ аз ин ҷаҳон бурида аст ва тамоми фикру зеҳнаш машғули инчунин чизҳост ва асосан фикру андеша дар бораи “Миррих”, ки инҷаҳонӣ аст, аз назари вай, инсонро аз он ҷаҳон бозмедорад. Ва пиндори дигар ин ки урупоиҳо замоне гом ба сӯйи пешрафт ва “Миррих” бардоштанд, ки пушт ба ин “музахрафот” карданд ва рӯй ба ин ҷаҳон оварданд ва куллан даст аз он ҷаҳон бардоштанд.

Ва аммо пиндори аввал: тараф гумон мекунад (ва балки қатъ дорад), ки инсон ё бояд инҷаҳонӣ бошад, ки лозимааш даст бардоштан аз дин аст ва ё онҷаҳонӣ, ки лозимааш машғул будан ба он масоил аст ва гӯӣ ин ки ин ду чиз нақиз ва қобили ҷамъ нестанд.

Дар ҳоле, ки чунин нест. Магар имони ба Худо, имони ба паёмбарони илоҳӣ ва имони ба рӯзи охират ва ғайра, туро аз расидан ба “Миррих” ва пешрафт бозмедорад? Чӣ гумони ботил!

Ва балки дар воқеъ ин диндорӣ аст, ки туро вомедорад аз қофила ақаб намонӣ, чун ақаб мондан аз қофила аз назари дин, накӯҳида ва муртакибаш фардои қиёмат пеши Худо масъул аст.

Бале, буданд дар миёни диндорон – ва ҳатто дар миёни мусалмонон – ки ҳисоби охиратро аз ҳисоби дунё ҷудо кардаанд ва диндориро дурӣ ва узлат ва гӯшагирӣ аз ин дунё медонистанд, ки ношӣ аз бардошти ғалати онҳо аз дини ислом ва маорифи он буд. Зарбае, ки онҳо ба ин дин ворид кардаанд, ҳеч душмане накардааст.

Ва аммо пиндори дуввум: бузургтарин иштибоҳе, ки соҳибони ин гумон муртакиб мешаванд ва худашон мутаваҷҷеҳ нестанд ин аст, ки дини исломро бо дини масеҳият як медонанд. Яъне фикр мекунанд, агар Урупо имрӯз муваффақ аст, далелаш пушт кардан ба дин – ҳар дине – аст.

Дар ҳоле, ки он кеше, ки Урупо дошт, яъне масеҳияти таҳрифшуда ва он омӯзаҳои ғалате, ки илмро хилофи имон қаламдод мекунад, бояд бо якчунин сарнавишти талхе дучор мешуд. Масеҳияте, ки дар китоби муқаддасаш яъне Аҳди қадим, омада, ки он меваи мамнӯъа, ки Одам ва Ҳавво аз тановули он манъ шуда буданд, меваи огоҳӣ буд. Бале, масеҳият якчунин дине аст. Ва ин дар ҳоле аст, ки ислом ва омӯзаҳои он дуруст дар хилофи он қарор дорад. Аз назари Қуръон, бартарии Одам бар фариштаҳо, ба илму доноӣ буд.

Ба ҳар сурат, ин матлаб ниёз ба тавзеҳи бештар дорад, ки иншоаллоҳ дар фурсати муносиб ба он хоҳам пардохт ва феълан ба ҳамин андоза басанда мекунам.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – YIII
Чӣ гуна хашму асабонияти худро маҳор кунем?

Матолиби пурбоздид