Мовароуннаҳр – II

Таърих

Сарзамини Мовароуннаҳр

Торих ва нақши он дар минтақа ва ҷаҳони ислом

Бахши дуввум: Бухоро

Собиқаи торихӣ

Бухоро пешинаи торихии куҳане дорад. Бархе аз ховаршиносон монанди Бортулд мӯътақиданд, ки Бухоро барағми бисёре аз шаҳрҳои ин минтақа, ҳамвора дар ҳамин ҷои кунунӣ буда ва бар асари гузашти замон, маконаш тағйир пайдо накардааст. Бо шаклгирии силсилаи ҳахоманишӣ, тавассути Куруш, Осиёи Миёна низ ба ин имперотурӣ замима шуд. Бар пояи манобеи торихӣ, Искандар ва ҷонишинони вай, (250-330 пеш аз мелод) солҳо бар Бухоро ҳукм ронданд ва қудрати императории мақдуниро дар ин минтақа густариш доданд. Аз авохири асри панҷуми мелодӣ, Бухоро равнақ ёфта ва ба яке аз шаҳрҳои муҳимми Мовароуннаҳр табдил шуд. Ин шаҳр дар рӯзгори ҳукумати Сомонӣ ба авҷи равнақи худ расид ва дар он замон, пойтахти қаламрави сомониён ба шумор рафт. Бо ҳамлаи муғул, Бухоро башиддат вайрон шуд, бо ин вуҷуд, бо ба қудрат расидани Темури Гургонӣ ва интихоби Самарқанд ба унвони пойтахт, Бухоро низ дигар бор масири рушду тавсиаро пайдо кард. Пас аз ҳокимияти темуриён бар ин навоҳӣ, Бухоро ба дасти ақвоми чодарнишин афтод. Аз ин миён, ақвоми узбекҳо муваффақ ба ташкили ҳукумат шуданд; онҳо намояндагони мутаассиби мазҳаби тасаннун буданд ва ба дафаот манотиқи шарқи Эронро ғорат карданд. Дар даврони ҳукумати сафавия, Бухоро ҳамчунон бахше аз сарзамини Эрон буд; аммо бо заиф шудани сафавиён ва расмӣ шудани мазҳаби шиъа дар Эрон, заминаҳои ифтироқ ва ҷудоии Осиёи Миёна ва Бухоро аз Эрон эҷод шуд.

Аз ин давра шаклгирии хоннишинҳои мухталиф аз ҷумла Аморати Бухоро ҷойгузини пайвастагии пешини ин сарзаминҳо шуд ва дар ниҳоят бо шикасти Аморати Бухоро аз тезорҳои рус, ин минтақа ба тасарруфи русҳо даромад.

Бо султаи ҳукумати болшевикӣ бар Бухоро, дар соли 1917 муборизаи густарда алайҳи ислом ва боварҳои исломӣ дар ин минтақа ба вуқуъ пайваст, ки паёмадҳои ногувореро дар пай дошт. Алорағми ҳузури беш аз якасрии русҳо, дар чорчӯби ҳукуматҳои тезорӣ ва болшевикӣ, ҳувият ва боварҳои динӣ ва исломӣ дар шаҳри Бухоро побарҷо боқӣ монд.

Пешинаи номи Бухоро

Аз Бухоро дар манобеи торихӣ бо номҳои гуногуне ёд шудааст. Бархе манобеъ номи аслии Бухороро Бумҷакас, Нумуҷакас, Ламаҷкат ва Бумҷакат донистаанд.

Чиниҳо дар қарни панҷуми пеш аз милод, ин шаҳрро Нумӣ мехонданд, ки эҳтимолан мухаффафи Нумҷакас аст. “Торихи Бухоро” ва “Осор-ул-билод” бо истинод ба ҳадисе аз Паёмбар(с) номи аслии онро Фохира донистаанд, ки дар гузари замон ба Бухоро тағир ёфтааст.

Дар китоби Торихи Бухоро гуфтаҳои бисёре дар бораи номи Бухоро омадааст. Дар бахше аз ин китоб, ба нақл аз Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Наср омадааст, ки Бухоро дорои номҳои бисёре аст. Дар бархе ҷоҳо Нимҷакат ва дар ҷои дигар, Бумсакат оварда шудааст. Тозӣ, Мадинат-ус-сафария; яъне Шористони Руин ва Тозии Мадинат-ут-туҷҷор; яъне шаҳри бозаргонон аз дигар номҳои маъруф ва машҳури Бухоро аст. Ба гуфтаи Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Наср барои ҳеч шаҳри Хуросон чандин ном наомадааст ва дар ҳадисе аз Бухоро бо номи Фохира ёд шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони ниёгон – форсӣ ё тоҷикӣ; ё форсии тоҷикӣ
Сарзамини Бадахшон – ҳамсояи Чин

Матолиби пурбоздид