Муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон дар Ҷопон
Ахбори фарҳангӣ
Ҳар сол тибқи як суннат дар моҳи ноябр, ба муносибати фаро расидани солгарди ифтитоҳи Мактаби олии тавсиаву ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо ҳузури устодон, муаллимон ва коркунони ҳайати мудираи донишгоҳ, донишҷӯёни коршиносии аршаду докторӣ аз кишварҳои мухталиф, ки дар Донишгоҳи Ҳерошимаи Ҷопон таҳсил мекунанд, барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.
Донишҷӯён дар ин ҳамоиш одобу русум ва фарҳанги кишвари худро бо ироаи ғизоҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ, намояндагоне аз Агентии хадамоти мулкии раёсати ҷумҳурӣ, теъдоде аз кормандони вазоратхонаҳои умури хориҷа, кор ва маорифи Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар миёни намояндагони кишварҳои мухталиф, намояндагони Тоҷикистон ба ширкаткунандагон ғизои миллии “оши палав” – ро, ки ба унвони ғизои миллии миллати тоҷик дар ЮНЕСКО сабт шудааст, ба намоиш гузоштанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн