Музокираи Кохи Сафед ва Кремл дар мавзӯи Украина

Ахбори минтақа

Музокираи Кохи Сафед ва Кремл дар мавзӯи Украина

Ахбори минтақа

Бар асоси гузориши “Вол стрит журнал”, Кохи Сафед дар талош аст, аз роҳи музокира бо Кремл, аз доманаи ҷанги Украина бикоҳад.

Мушовири амнияти миллии ИМА, Ҷейк Салливан дар талош аст, бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидоти истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳи ҳастаӣ, аз густариши доманаи ҷанг дар Украина пешгирӣ намояд.

Ин рӯзнома навиштааст, Салливан тӯли чанд моҳи гузашта бо Юрий Ушаков, мушовири Путин ва Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, музокироти маҳрамона доштааст. Ин райзаниҳо то кунун аланӣ нашудаанд. Ин музокирот зоҳиран пас аз он сурат гирифт, ки Маскав бо муттаҳам кардани мукаррари Украина ба барномарезӣ барои истифода аз “бомби касиф”-и радиоактив, бидуни ироаи шавоҳид, таҳдидҳои лафзии худро ташдид кард.

Тавре ки гуфта шуд, ин музокирот аланӣ нашудааст ва Ҷейк Салливан низ анҷоми музокиротро таъйид накардааст.

Бо вуҷуди хабарҳое бо ин мазмун, аммо коршиносон ва таҳлилгарон ҳамчунон исрор бар ин доранд, ки муқассири аслии ин ҷанг Амрико, НАТО ва ғарбиҳо мебошанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натиҷаи бист сол ишғолгарии Амрико: Миллионҳо нафар дар Афғонистон, ба кумак ниёз доранд!
Агар кумакҳо ва таҳрикоти Амрико набуд, ҷанге дар Украина набуд

Матолиби пурбоздид