Музокироте, ки навишта намешавад

Таҳлили хабарӣ

Музокироте, ки навишта намешавад

Чаро ин музокирот қарор нест мактуб шавад?
“Эрон дарк карда, ки бидуни музокира лағви таҳримҳо имконпазир нахоҳад буд, исми ин гуфтугӯҳоро ҳам “музокира барои поён додан ба таҳримҳо” гузоштаанд. Омрико ҳам мутаваҷҷеҳ шуда, ки таҳримҳо гарчӣ фишори иқтисодии шадид ба Эрон ворид мекунад, аммо амалан наметавонад монеъ аз пешрафти ҳастаии Эрон бошад; бинобар ин, ду тараф бо ду ангезаи мутафовит сари мизи музокира нишастаанд, аммо барои пешгирӣ аз афтодан дар доми фазосозиҳои расонаӣ, аввалан музокиротро маҳрамона пеш мебаранд ва сониян, хабаре аз ҳеч матни мактубе нест ва ба шакли нонавишта ва тааҳҳуд дар баробари тааҳҳуд, пеш меравад…”
Гуфтгӯи пойгоҳи Фарорӯ бо коршиносони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон:
Мустафо Солим дар CNN навишт: “Ба назар мерасад, ки шитоб барои эҳёи музокирот перомуни барномаи ҳастаӣ дар ҳоли эҷод аст. Як манбаъи диплумотик ба CNN гуфт, ки гуфтугӯҳои Эрон ва Иттиҳодия Урупо бар рӯйи нукоти калидӣ аз ҷумла сатҳи ғанисозии ҳастаӣ ва ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мутамаркиз буд.” Дар идомаи гузориш ба нақл аз манбаъе огоҳ зикр шудааст, ки “фазои феълӣ барои коҳиши таниш мусбат будааст”.
Рӯзи 31 хурдод (21 июн), Алӣ Боқирии Каннӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон низ дар Твиттер навишт: “Ҷаласае ҷиддӣ ва созанда бо Энрике Мора дар Дуҳа доштам. Дар мавриди тайфе аз мавзӯъот аз ҷумла музокирот ва рафъи таҳримҳо ба баҳсу табодули назар пардохтем.”
Дар ҳоле, ки хабарҳои умедбахш аз фазои куллии музокирот мухобира мешавад, як расонаи омрикоӣ муддаӣ шудааст, ки намояндагони ҷумҳурихоҳи Кунграи Омрико қасд доранд мақомоти олии давлати Ҷо Бойденро дар робита бо талошҳои махфиёна барои таҷдиди тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, ки озод шудани милёрдҳо дулор аз пулҳои масдудшудаи ин кишварро ба дунбол хоҳад дошт, эҳзор кунанд.
Намояндаи собиқи маҷлис дар ин бора ба Фарорӯ гуфт: “Аъзои Кунграи Омрико ба шиддат дар муқобили раисиҷумҳур мавзеъ гирифтаанд ва абзорҳои мухталифи фишорро ба кор бастаанд. Тарафи омрикоӣ дар ҷараёни музокирот, фишори Кунграро ба омил ва аҳруме табдил мекунад, то имтиёзоти бештаре аз тарафи эронӣ бигирад. Аз сӯйе, тафоҳуми нонавишта роҳест, ки давлати Омрико баргузида, то бо он Кунграро давр бизанад.”
“Иҷоза надиҳем манофеъи ҳастаии Эрон дубора қурбонии Русия шавад”
Ҳишматуллоҳ Фалоҳатпеша дар гуфтугӯ бо Фарорӯ, дар бораи ҳадафи феълии музокирот гуфт: “Замон барои шаклгирии Барҷом ба ғуруби худ расида, чаро ки бахши аъзами муфоди Барҷом аз қобилияти иҷро хориҷ шудааст. Ҳатто бахши умдае аз абзорҳои иҷроии раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида низ коркарди хоссе дар эҳёи Барҷом надорад. Барои мисол, фармони иҷроӣ, ки то як сол пеш ҳоизи аҳаммият буд, ҳоло ва дар сояи фишори интихобот, коркарди худро аз даст дода ва дар сурати истифода, Бойденро дучори мушкилоти ҷиддӣ мекунад. Яке аз маъдуд абзорҳои боқимонда, як тафоҳуми нонавишта аст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида метавонад эълом кунад, ки дар ростои манофеъи миллии ин кишвар, тафоҳуме нонавиштаро пайгирӣ хоҳад кард. Тафоҳуми нонавишта дар қолаби бархе сиёсатҳои иҷроӣ шакл мегирад. Ин, роҳест, ки давлати Иёлоти Муттаҳида барои пешгирӣ аз тақобул бо Кунгра интихоб кардааст.”
Вай дар бораи иқдоми намояндагони Кунграи Омрико гуфт: “Бар хилофи Иёлоти Муттаҳида, ки аъзои Кунгра ба шиддат дар муқобили раисиҷумҳур мавзеъ гирифтаанд ва абзорҳои мухталифи фишорро ба кор гирифтаанд, дар маҷлиси Эрон, навъе сукут барқарор аст. Ҷолиб аст, ки ҳам Кунгра ва ҳам Маҷлиси Эрон қавонини муртабит бо вазъияти феълӣ доранд. Барои мисол, мутаммимҳое, ки Кунгра баъд аз Барҷом тасвиб кард, кӯмак карда, ки акнун низ битавонад ба Бойден фишор биёварад. Дар самти муқобил, Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ қонуни “иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеъи миллати Эрон”-ро тасвиб кардааст, аммо амалан ҳеч мавзеъе дар қиболи давлат нагирифтааст. Дар натиҷа тарафи омрикоӣ дар ҷараёни музокирот, фишори Кунграро ба омил ва аҳруме табдил мекунад, то имтиёзоти бештаре аз тарафи эронӣ бигирад, ин дар ҳолест, ки музокиракунандагони эронӣ худро намояндаи томмулихтиёри тамоми қуво матраҳ мекунанд ва тарафи омрикоӣ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки қонуни мусавваби Маҷлис яъне иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо, давр зада мешавад. Ба эътиқоди ман, сукути Маҷлис ба маънои тазъифи тавони чоназанӣ аст.”
Раиси Кумисиюни амнияти миллии Маҷлиси даҳум идома дод: “Омрикоиҳо ба ин далел ба дунболи тавофуқи нонавишта бо Эрон ҳастанд, ки мавзӯъи Эрон ва дигар масоили сиёсати хориҷии Омрико таҳтушшуъои се мавзӯъи Укройн, тазъифи роҳбурдии Русия ва рақобат бо Чин аст; бинобар ин Омрико тарҷеҳ медиҳад мавзӯъаш бо Эронро мудирият кунад, ки лузуман ба мафҳуми ҳалли ихтилоф нест. Дар ҳамин мудирияти шаклгирифта тарафи эронӣ бояд битавонад имтиёзоти лозимро касб кунад. Яке аз муҳимтарин имтиёзот, тазмини амнияти барномаи ҳастаии Эрон аст, зеро агар “Исроил” дар қолаби тақсими кор бо Омрико ё удул аз сиёсатҳои Омрико дар қиболи Эрон, иқдоми харобкоронае алайҳи барномаи ҳастаии Эрон анҷом диҳад, Эрон наметавонад ба тафоҳуми шифоҳӣ пойбанд бошад. Дар чунин шароите, мӯътақидам Эрон метавонад барномаи ҳастаии худро аз ҳолати мутаъораф низ хориҷ кунад. Ба ҳамин далоил аст, ки талоши тарафи эронӣ барои адами гузориш ба дастгоҳҳои марбута ва Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ба зарари худи давлат тамом мешавад.”
Фалоҳатпеша таъкид кард: “Эрон дар ҳар гуна музокира бо Омрико ва ба вежа дар масоили ҳастаӣ бояд моҳияти муҷаззое барои мавзӯъи ҳастаии худ таъриф кунад, то дучори навасон нашавад. Ҳамон тавр, ки мутаассифона ҳудуд ду сол пеш манофеъи ҳастаии Барҷоми Эрон қурбонии ҷанги Укройн шуд. Акнун низ музокиракунандагони мо бояд як моҳияти муҷаззоро таъриф кунанд, ба гунае, ки як бори дигар манофеъи ҳастаии Эрон қурбонии Русия нашавад.”
“Музокироти пушти парда ҷараён дорад”
Ҳасани Биҳиштипур дар гуфтугӯ бо Фарорӯ дар бораи такзиби гоҳу бегоҳи тавофуқоти пушти парда гуфт: “Мавҷи шадиди такзибҳои тарафайнро метавон ба моҳҳои қабл мунтасаб кард, ба вежа замоне, ки вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, музокироти пушти парда дар ҷараён аст, аммо тарафи омрикоӣ ин мавзӯъро акидан рад кард, ҳарчанд баъдҳо мушаххас шуд, ки дар воқеъ, музокироте дар ҷараён будааст. Ҷинси такзибҳои феълӣ бисёр нармтар ва хафифтар аз давраҳои пешин аст. Акнун ба назар мерасад, ки ҳам Иёлоти Муттаҳида ва ҳам Эрон ба ин натиҷа расидаанд, ки бояд музокира кунанд. Эрон дарк карда, ки бидуни музокира лағви таҳримҳо имконпазир нахоҳад буд, исми ин гуфтугӯҳоро ҳам “музокира барои поён додан ба таҳримҳо” гузоштаанд. Омрико ҳам мутаваҷҷеҳ шуда, ки таҳримҳо гарчӣ фишори иқтисодии шадид ба Эрон ворид мекунад, аммо амалан наметавонад монеъ аз пешрафти ҳастаии Эрон бошад; бинобар ин, ду тараф бо ду ангезаи мутафовит сари мизи музокира нишастаанд, аммо барои пешгирӣ аз афтодан дар доми фазосозиҳои расонаӣ, аввалан музокиротро маҳрамона пеш мебаранд ва сониян, хабаре аз ҳеч матни мактубе нест ва ба шакли нонавишта ва тааҳҳуд дар баробари тааҳҳуд, пеш меравад.”
Вай афзуд: “Мӯътақидам, гуфтугӯҳои воситаӣ дар ниҳоят бо мушкилоте ҳамроҳ хоҳад буд. Шояд беҳтарин роҳкор барои тасреъи музокирот байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида, гуфтугӯҳои рӯ дар рӯ ва бевосита аст. Мутаассифона фазосозии бархе гурӯҳҳо ва афкори дохилӣ яке аз мавонее буда, ки ҳамеша дар масири музокироти бевосита, коршиканӣ эҷод кардааст. Як мушкили дигар, вазъияти феълии Иёлоти Муттаҳида ва давлати Бойден аст, ки боиси маҳдудиятҳое дар гуфтугӯ мешавад.”
Ин таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт: “Агар зиндониёни ду тараф озод шаванд ва дороиҳои Эрон низ ба шакли комил озод шавад, метавонем интизори бархе таҳаввулотро дошта бошем. Ҳарчанд навъи озодсозии пулҳои эрониён низ, ҷойи баҳс дорад. Медонем, ки мутолиботи Эрон ба шакл қатрачаконӣ, дору, ақломи хӯрокӣ ва амсолуҳум пардохт мешавад, на ба шакли пули нақд, он ҳам таҳти назорати Иёлоти Муттаҳида. Чунин равиш бозпардохти матлуби Эрон нест, аммо дар шароите, ки чорае надорем, бояд ин вазъиятро низ бипазирем. Албатта ҳамакнун низ бояд муроқиб бошем бо фарде, ки ба унвони музокиракунандаи аршад интихоб шудааст, чӣ гуна бархӯрд мешавад. Дар даврони музокироти давлати оқои Руҳони навъи бархӯрдҳои бархе тайфҳои фикрии дохилӣ ба шиддат бераҳмона ва мубтанӣ бар ҳамлаи шахсӣ буд. Ҳар навъ музокирае бо ҳадафи поён додани таҳримҳое алайҳи мардум, дар воқеъ навъе хидмат ба кишвар аст. Агарчӣ дар хусуси дидори Энрике Мора ва Алии Боқирӣ, сӯҳбатҳое дар бораи муваффақиятомез будани гуфтугӯҳо матраҳ шуда, аммо ду тараф иттилооти чандонеро мунташир намекунанд ва дидорҳо дар сукути хабарӣ баргузор мешавад.”
Биҳиштипур гуфт: “Назароти манфии намояндагони Кунгра дар бораи Эрон ҳосили лоббии исроилиҳост. Дар байни мухолифони Барҷом, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демукротҳо вуҷуд доранд ва як падидаи фароҳизбӣ аст. Нуктаи дигар ин ки раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба ҳадде ихтиёрот дорад, ки ҳатто агар Кунгра нахоҳад, битавонад тавофуқ бо Эронро иҷроӣ кунад. Магар ин ки ба ветои иқдомоти раисиҷумҳур мутавассил бишаванд, ки фароянди печида ва тӯлонӣ дорад. Аммо дар шароите, ки соли оянда интихоботи Сэно, риёсати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Омрико анҷом хоҳад шуд, баъид аст, ки дар 16 моҳи оянда, иқдомоти хоссе анҷом шавад. Иёлоти Муттаҳида ба дунболи “Барҷом+” аст. Ин кишвар моил аст илова бар масоили ҳастаӣ, дар бораи бесуботсозӣ дар Ховари Миёна, қудрати мушакии Эрон, Сипоҳ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон сӯҳбат кунад.”
Fararu
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тирандозӣ дар Ню-Ҷерсии Амрико
Ҳақоиқе дар мавриди забони форсӣ

Матолиби пурбоздид