Мунаҷҷим

Таърих

 

Мунаҷҷим

Амиралмӯъминин Алӣ(а) ва сипоҳиёнаш, савор бар аспҳо, оҳанги ҳаракат ба сӯи Наҳравон доштанд. Ногаҳон яке аз сарони асҳоб расид ва мардеро ҳамроҳи худ овард ва гуфт:

— Эй Амири мӯъминон! Ин мард ситорашинос аст ва матлабе дорад, мехоҳад ба арзи шумо бирасонад.

Ситорашинос гуфт:

— Эй Амири мӯъминон! Дар ин соат ҳаракат накунед, андаке тааммул кунед, бигузоред ақаллан ду се соат аз рӯз бигузарад, он гоҳ ҳаракат кунед.

— Чаро?

— Чун авзои кавокиб далолат мекунад, ки ҳар ки дар ин соат ҳаракат кунад, аз душман шикаст хоҳад хӯрд ва зиёни сахте бар ӯ ва ёронаш ворид хоҳад шуд, вале агар дар он соате, ки ман мегӯям ҳаракат кунед, зафар хоҳед ёфт ва ба мақсуд хоҳед расид.

— Ин аспи ман обистан аст, оё метавонӣ бигӯӣ курааш нар аст ё мода?

— Агар биншинам ва ҳисоб кунам, метавонам.

— Дурӯғ мегӯӣ, наметавонӣ! Қуръон мегӯяд: “Ҳеч кас ҷуз Худо аз ниҳон огоҳ нест…” Муҳаммад, Расули Худо, чунин иддаое, ки ту мекунӣ, накард. Оё ту иддао дорӣ, ки бар ҳамаи ҷараёнҳои олам огоҳӣ ва мефаҳмӣ, дар чӣ соат хайр ва дар чӣ соат шарр мерасад! Пас агар касе ба ту бо ин илми комил ва иттилои ҷомеъ эътимод кунад, ба Худо ниёзе надорад.

Баъд ба мардум хитоб фармуд:

— Мабодо дунболи ин чизҳо биравед, инҳо мунҷар ба каҳонат ва иддаои ғайбгӯӣ мешавад. Коҳин ҳамрадифи соҳир аст ва соҳир ҳамрадифи кофир ва кофир дар оташ аст.

Он гоҳ рӯ ба осмон кард ва чанд ҷумла дуо мабнӣ бар таваккул ва эътимод ба Худои Мутаол хонд. Сипас рӯ кард ба ситорашинос ва фармуд:

— Мо амдан бар хилофи дастури ту амал мекунем ва бидуни диранг ҳамин алъон ҳаракат мекунем.

Фавран фармони ҳаракат дод ва ба тарафи душман пеш рафт. Дар камтар ҷиҳоде ба қадри он ҷиҳод, пирӯзӣ ва муваффақият насиби Алӣ(а) шуда буд.

(Манбаъ: Kemya.org, “Достони Ростон”, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Наҳҷулбалоға”, хутбаи 77)

Садриддин Айнӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Носируддиншоҳ ва Ҳаким Сабзаворӣ
Ҷадид кист?

Матолиби пурбоздид