Мусалмон ва китобӣ

Адаб

Мусалмон ва китобӣ

Дар он айём, шаҳри Куфа маркази сиқли ҳукумати исломӣ буд. Дар тамоми қаламрави кишвари васеи исломии он рӯз, ба истиснои қисмати Шомот, чашмҳо ба он шаҳр дӯхта буд, ки чӣ фармоне содир мекунад ва чӣ тасмиме мегирад.

Дар хориҷи ин шаҳр ду нафар, яке мусалмон ва дигаре китобӣ (яҳудӣ ё масеҳӣ ё зартуштӣ), рӯзе дар роҳ ба ҳам бархӯрд карданд. Мақсади якдигарро пурсиданд. Маълум шуд, ки мусалмон ба Куфа меравад ва он марди китобӣ дар ҳамон наздикӣ, ҷои дигареро дар назар дорад, ки биравад. Тавофуқ карданд, ки чун дар миқдоре аз масофат роҳашон якест, бо ҳам бошанд ва бо якдигар мусоҳибат кунанд.

Роҳи муштарак, бо самимият, дар зимни сӯҳбатҳо ва музокироти мухталиф тай шуд. Ба сари дуроҳӣ расиданд. Марди китобӣ бо камоли таъаҷҷуб мушоҳида кард, ки рафиқи мусалмонаш аз он тараф, ки роҳи Куфа буд нарафт ва аз ин тараф, ки ӯ мерафт омад.

Пурсид:

— Магар ту нагуфтӣ ман мехоҳам ба Куфа биравам?

— Бале.

— Пас, чаро аз ин тараф меоӣ? Роҳи Куфа, ки он якест.

— Медонам, мехоҳам миқдоре туро ҳамроҳӣ кунам. Пайғамбари мо фармудааст: “Ҳар гоҳ ду нафар дар як роҳ бо якдигар мусоҳибат кунанд, ҳаққе бар якдигар пайдо мекунанд.” Акнун ту ҳаққе бар ман пайдо кардаӣ. Ман ба хотири ин ҳақ, ки ба гардани ман дорӣ, мехоҳам чанд қадаме туро ҳамроҳӣ кунам, ва албатта баъд ба роҳи худам хоҳам рафт.

— Оҳ, пайғамбари шумо, ки инчунин нуфуз ва қудрате дар миёни мардум пайдо кард ва ба ин суръат динаш дар ҷаҳон роиҷ шуд, ҳатман ба воситаи ҳамин ахлоқи каримааш буда.

Таъаҷҷуб ва таҳсини марди китобӣ дар он ҳангом ба мунтаҳо дараҷа расид, ки барояш маълум шуд ин рафиқи мусалмонаш, халифаи вақт Алӣ ибни Абӯтолиб буда. Тӯле накашид, ки ҳамин мард мусалмон шуд ва дар шумори афроди мӯъмин ва фидокори Алӣ қарор гирифт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Усули кофӣ”)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тавсияҳои ҳазрати Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён
Қофилае, ки ба ҳаҷ мерафт

Матолиби пурбоздид