Мутафаккири фаластинӣ: “Исроил ба ботлоқи Ғазза афтодааст”

Таҳлили хабарӣ
Мутафаккири фаластинӣ: “Исроил ба ботлоқи Ғазза афтодааст”
Таҳлил

Samanews

Ба гузориши хабаргузории фаластинии “Само”, Азмӣ Бишора, мудири кулли “Маркази арабии таҳқиқот ва мутолеоти сиёсӣ”, дар мусоҳибае гуфт:
“Исроил вориди ботлоқе дар навори Ғазза мешавад, зеро раҳбарони исроилӣ барои идомаи ҷанг ба муддати як соли комил барномарезӣ мекунанд. Ин ба манзила як гирифторӣ барои Исроил аст, чаро ки ин муддат барои таҳаққуқи аҳдофаш кофӣ нест ва гузинаи ақибнишинӣ ба манзилаи як шикаст дар муқобили мардуми Исроил аст ва аз сӯйи дигар наметавонад паёмадҳои бештар аз ин муддат дар Ғаззаро таҳаммул кунад. Талоши Исроил барои сайтараи амниятӣ бар Ғазза ин минтақаро ба ботлоқе табдил мекунад, ки Исроил дар он меафтад.”
Вай дар бораи вуруди артиши режими саҳюнистӣ ба марҳилаи баъди ҷанг, гуфт: “Исроил аҳдофи худро муҳаққақ накардааст. Исроил танҳо аҳдофи ҷузъиро муҳаққақ карда, аммо ҳадафи аслӣ яъне “аз байн бурдани муқовамати Фаластин”-ро муҳаққақ накардааст. Марҳилаи севвуми ҷанг сирфан як гузина барои Исроил аст ва Исроил маҷбур ба анҷоми чунин иқдоме аст. Раҳбарони исроилӣ ин марҳиларо марҳилаи “амалиёти ҷарроҳӣ” медонанд, ки манзурашон иҷрои амалиёти мушаххастар ва дақиқтар аст, аммо ин масъала, истиқрор дар маркази навори Ғазза барои ҷудо кардани ҷануби Ғазза аз шимоли онро металабад. Эҳтимолан Исроил минтақаеро дар атрофи Ғазза эҷод мекунад ва ин боис мешавад, ки тамоми пойгоҳҳои исроилӣ аҳдофе барои муқовамат шаванд.”
Азмӣ Бишора дар бораи кушта шудани теъдоди зиёде аз ғайринизомиён дар навори Ғазза гуфт: “Вайронии азим дар навори Ғазза сирфан осебҳои ҷонибӣ буд. Масъулони исроилӣ мегӯянд, ки мехоҳанд Ғаззаро нобуд кунанд ва нобудӣ ҳадафи аслии ҷанг аст. Ин масъала бо ҳадафи Исроил барои муҷозоти миллати Фаластин ва хомӯш кардани оташи хашми мардуми Исроил, дар иртибот аст. Исроил умедвор аст, ки вайронии Ғазза мунҷар ба муҳоҷирати густурда шавад. Ба вежа ин ки ин ҷанг то кунун мунҷар ба муҳоҷирати 300 ҳазор хонавода шудааст. Ҳадафи дигаре барои нобудӣ вуҷуд дорад ва он, тамоюли Исроил барои хашмгин шудани мардум аз раҳбарии муқовамати Фаластин аст.”
Вай гуфт: “Изҳороти ғарбиҳо дар бораи ин ки Исроил ғайринизомиёнро ҳадаф қарор намедиҳад, дуруст нест. Ин як ҳадафи барномарезишуда ва тадриҷӣ аст. Ин ваҳшигарӣ аз тариқи як раванди ҳадафманд аз омӯзиш, расона ва изҳороти сиёсӣ сурат мегирад, ки бо як лаҳни нажодпарастона барои ба тасвир кашидани арабҳо ба ин сурат талош мекунад. Бояд дар ин росто тавофуқи ҷамъии исроилиҳо дар бораи ҷангро нигоҳ кард.”

Samanews

Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пушти пардаи мухолифати Синвор бо пешниҳоди табодули асирон 
Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ пешниҳоди Мисрро рад карданд

Матолиби пурбоздид