Мушакборони шимоли Исроил тавассути Ҳизбуллоҳ

Мушакборони шимоли Исроил тавассути Ҳизбуллоҳ

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ҳамлаи мушакӣ, ба ҷинояти (якшанбе)-и артиши режими Исроил дар ҷануби Лубнон посух дод.

Ба гузориши Алмаёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар посух ба ҷинояти имрӯзи артиши режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон, минтақаи Кирёт-Шмона дар шимоли Фаластини ишғолиро мушакборон кард.

Ба гуфтаи хабарнигорон, теъдоди 20 фарванд мушак аз хоки Лубнон ба минтақаи Кирёт-Шмона шиллик шудааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо, дар ҳамлаи имрӯзи артиши режими саҳюнисти ба як хона дар минтақаи Мисилҷабал дар ҷануби Лубнон дастикам чаҳор шаҳрванди лубнонӣ шаҳид ва шумори дигаре захмӣ шуданд.

Бо оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тавассути гурӯҳҳои муқовамати Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои саргарм кардани бахши умдае аз низомиёни саҳюнист дар шимоли Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовамат дар Ғазза, иқдом ба анҷоми амалиётҳои рӯзона ва сангин алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.

Дар ин бора расонаҳои саҳюнистӣ низ борҳо эътироф кардаанд, ки Ҳизбуллоҳ дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон дасти бартарро дорад ва артиши режими Исроил дар ин минтақа ба дом афтодааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба пойгоҳи низомии Исроил
Мудирияти беҳтари умур бо назм

Матолиби пурбоздид