Муқовамати Ироқ: “Агар ба Лубнон ҳамла шавад, тамоми манофеи Омрикоро ҳадаф қарор медиҳем!”
Ахбори байналмилал
Farsnews
Шӯрои ҳамоҳангии муқовамати Ироқ ҳушдор дод, ки агар таҳдидҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ барои ҳамла ба Лубнон амалӣ шавад, манофеи Омрико дар Ироқ ва минтақа, ба аҳдофи машрӯе барои нерӯҳои муқовамат бадал хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи таҳдидҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ дар бораи ҷанги фарогир алайҳи Лубнон ва ҷунбиши Ҳизбуллоҳ, Шӯрои ҳамоҳангии муқовамати Ироқ таъкид кард, ки агар ин таҳдидҳо амалӣ шавад, домана ва кайфияти амалиёти онон низ болотар хоҳад рафт.
Ин ниҳоди муқовамати Ироқ, бо ишора ба ин ки дар сурати ин ҳамла, манофеи Омрико дар Ироқ ва минтақа, ба аҳдофи машрӯе барои нерӯҳои муқовамат бадал хоҳад шуд, тасреҳ кард: “Кушторҳои ҷамъии мардуми мо дар Фаластин, бо ҳимояти Омрико сурат мегирад.”
Муқовамати Ироқ бо баёни ин ки дар пайи ин кушторҳо, бояд мавозеъи қотее дар қиболи кишварҳои арабии созишкор бо Исроил иттихоз кард, хотирнишон кард: “Хатти лӯлаи нафтии Ақаба – Басра, ки ҳазинаҳои зиёде барои Ироқ дошта ва ҳеч баҳраи иқтисодӣ низ надорад, шояд нуқтаи оғозе барои ворид кардани Ироқ ба тарҳи палиде бошад, ки заминаро барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ фароҳам мекунад.
Коршиносон таъкид доранд, ки таҳдидҳои Омрико ва Исроил барои ҳамла ба Лубнон, таблиғотӣ аст ва ҷанбаи амалӣ надорад, зеро чунин ҳамлае боис хоҳад шуд, ки эҳтимолан тамоми манофеъи Вошингтун ва Телавив дар минтақа ба оташ кашида шавад.
Қайс Хазъалӣ, дабири кулли ҷунбиши Асоибу аҳлил-ҳаққи Ироқ ҳам нисбат ба идомаи ҳимоятҳои Омрико аз режими саҳюнистӣ ҳушдор дод ва гуфт: “Дар сурате, ки Омрико ба ҳимояти худ аз ин режими ғосиб (Исроил) идома диҳад ва ин режим ҳам амалиёти худро густариш бидиҳд ва ба Лубнон ва Ҳизбуллоҳ ҳамла кунад, Омрико бидонад, ки дар ин сурат, тамоми манофеъаш дар минтақа ва Ироқ, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.”
Бархе манобеи исроилӣ тайи ҳафтаҳои гузашта муддаӣ шудаанд, ки ин режим дар тадоруки анҷоми ҳамлае дар хоки Лубнон аст. Ин иддао ба дунболи ташдиди амалиётҳои Ҳизбуллоҳ дар шимоли Фаластини ишғолӣ матраҳ шудааст. Муқовамати исломии Лубнон тайи ҳафтаҳои гузашта даҳҳо мақарр ва пойгоҳҳои низомии артиши Исроилро дар шимоли Фаластини ишғолӣ бо муваффақият ҳадаф қарор додааст.
Хазъалӣ ҳамчунин таъкид кард: “Ин режими ғосиб, ин кобинаи ифротӣ ва ин режими нозӣ, ҳеч суде барои Омрико ба ҳамроҳ нахоҳад дошт”.
Дабири кулли Асоиб бо ишора ба ин ки пас аз гузашти 9 моҳ аз таҷовузи режими саҳюнистӣ, шоҳиди ҳеч гуна фишори воқеӣ барои мутаваққиф кардани сериёли куштор ва нобудӣ нестем, хотирнишон кард: “Мавзеи Ироқ нисбат ба вақойеи Ғазза, равшан аст; чӣ дар сатҳи марҷаияти динӣ, давлати Ироқ бо гурӯҳҳои муқовамат.”
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: