Муқовамати Ироқ дар интиқом аз ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яман, ба Исроил ҳуҷум кард

Муқовамати Ироқ дар интиқом аз ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яман, ба Исроил ҳуҷум кард
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Ирно, шабакаи Алмаёдин бомдоди ҷумъа (12 январ) ба нақл аз манобеъи худ дар Ироқ гузориш дод, ки дар иқдоме талофиҷӯёна дар вокуниш ба ҳамалоти Омрико ва Ангилис ба Яман, як ҳадаф дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор гирифтааст.
Ин манобеъ гуфтаанд, ки як ҳадафи саҳюнистӣ дар Ҷулони ишғолӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Бархе манобеъи ғайрирасмӣ низ эълом карданд, ки омили ҳамла ба ин минтақа, муқовамати исломии Ироқ буда ва дар он як маркази фармондеҳии амниятӣ дар Ҷулони ишғолӣ ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳарчанд то кунун масъулияти ин ҳамларо фард ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст, аммо муқовамати исломии Ироқ соатҳое пеш, ба Омрико ҳушдор дод: “Дар сурати ҳар гуна ҳамла ба Яман, бо тамоми қувва ба пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ҳамла хоҳем кард.”
Омрико ва Англис бомдоди ҷумъа чандин минтақаи Яманро ҳадафи ҳамалоти мутаъаддид қарор доданд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мардуми Яман дар аҳдофи худ устувортар шудаанд
Ҷузъиёти таҷовузи низомии Англис ва Амрико ба Яман

Матолиби пурбоздид