Муқовамати исломии Лубнон як маркази низомии дигари исроилиро ҳадаф қарор дод

Муқовамати исломии Лубнон як маркази низомии дигари исроилиро ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Irna

Муқовамати исломии Лубнон як маркази низомии дигари режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод. Дар ин ҳамла 2 мушак ба маркази низомии Ассамоқа шиллик шуд ва мақарри типи 769 ишғолгарон ҳадаф қарор гирифт.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз Алманор, Ҳизбуллоҳи Лубнон аз шиллики ду мушак ба маркази низомии режими саҳюнистӣ дар теппаҳои Кафар-Шубо хабар доданд.

Аз сӯйи дигар Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард: “Дар ростои ҳимоят аз миллати устувори Фаластин дар Ғазза ва ёрии муқовамати шуҷоъ ва шариф ва дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба рустоҳо ва манозил ва ғайринизомиён, размандагони муқовамат имрӯз, панҷшанбе, 22 феврали 2024, маркази таҷаммӯъи низомиёни саҳюнистро ҳадаф қарор доданд.”

Ҳизбуллоҳ Лубнон ҳамчунин дар баёнияи дигаре эълом кард: “Размандагони муқовамати исломӣ дар соат 8:15 субҳи имрӯз мақарри фармондеҳии типи 769-ро дар подагони Кирёт-Шмона бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор доданд.”

Ба гузориши Ирно, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чанд моҳи гузашта дар пайи ҷиноёти ҳавлноки режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва наслкушии фаластиниён дар ин минтақа, мавозеъи низомии ин режимро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор додааст; мавзӯе, ки сабаби ҳароси саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шудааст.

То кунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалот муқовамат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.

Irna

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Дунёи ислом нобудии ғуддаи саратонии саҳюнизмро шоҳид хоҳад буд”
Ҳамалоти ҷадиди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пойгоҳи низомии Исроил

Матолиби пурбоздид