Муҳаммадҳусайни Ланданӣ ва китоби “Қавонини забони форсӣ”

Таърих

Муҳаммадҳусайни Ланданӣ ва китоби “Қавонини забони форсӣ”

Оқо Мирмуҳаммадҳусайн фарзанди Абдулазими Ҳусайнии Ланданӣ (фавт 1791), донишманд ва сиёсатмадори эронитабори Шибҳиқораи Ҳинд.

Дар устони Авда (дар Лакнав) ба дунё омад. Чанд муддат дар Ландан зиндагӣ кард ва сипас ба Ҳиндустон бозгашт ва дар Банорас даргузашт.

Аз зумраи ашхосе буд, ки сиёсати нобудгари истеъмории инглисро дар баробари форсӣ дар Ҳинд пай бурд; дар ин ҷабҳа китобро бузургтарин сипари муқовамат мешумурд, яъне унси мудом бо китобу бархурдорӣ аз донишу маърифат туғёни оташи ҳар ҳирсу ҳаваси хасми мардудро мисли тундбоде зеру забар мекунад!

Ӯ худ, аз ҷумла, муаллифи китобе ба номи «Қавонини забони форсӣ» («Қавонини форсӣ», «Қавоиди форсӣ дар дастури забони форсӣ») аст, ки соли 1851 дар Банорас мунташир шуд.

Муҳаммадҳусайни Ланданӣ дар дебочаи ин асар мегӯяд: «Инглисиҳо дар кишвари Ҳиндустон аксаран ба омӯхтани забони фосӣ рӯй доштанд. Чун ин забони роиҷи кишвар ва созмонҳои идорӣ буд ва чун қавоиди ин забон он чунон ки бояд, навишта нашуда буд, ман инро барои мистер Ҷонсун Ричард навиштаам».

Китоби «Қавонини забони форсӣ» шомили чанд боб ва ҳар боб дорои чанд фасл аст:

1 – Дар баёни ақсоми исм;

2 – Дар баёни афъол (феълҳо);

3 – Дар ҳуруф ва ғ.

Бинобар маъхазҳо, Мирмуҳаммадҳусайн соли 1188 ҳ.қ. (1774 м.) аз Калкатта ба Испониёву Фаронса ва аз он ҷо ба Ландан сафар кард ва пас аз як соли иқомат дар Ландан ба Ҳинд бозгашт.

Дар бозгашт ба Ҳинд асаре бо номи «Рисолаи аҳволи мулки Фарангу Ҳиндустон» дар гузориши сафари худ ва низ шарҳи кӯтоҳе дар бораи ахтаршиносии аврупоӣ навишт.

Ишораҳое ҳам ҳаст, ки гӯиё гузаштагони ин донишманди мо аз Исфаҳон ба Ҳинд омада будаанд.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Обид Шакурзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Талафоти Исроил дар як шаб
Haaretz: “Синвор ба ҷанги равонӣ, ки аз 7-уми октябр ба роҳ андохта, идома медиҳад ва мутаассифона муваффақ аст”

Матолиби пурбоздид