Мӯъмин набояд тарсу бошад

Мӯъмин набояд тарсу бошад

Сабки зиндагӣ

Пайғамбари Акрам (с) фармуда:

«Ду чиз барои мӯъмин сазовор нест: яке, бухл ва дигаре тарс (тарсу будан)».

Он ҳазрат (с) дар дуое мефармояд:

«Худоё! Аз ду чиз ба ту паноҳ мебарам: бухл ва тарс.»

Ҳазрати Алӣ низ дар бораи мӯъмин мефармояд:

«Мӯъмин руҳаш аз санги хоро сахттар ва муҳкамтар аст.»

Имом Содиқ фармуд:

«Худо ихтиёри мӯъминро дар ҳар чиз ба худи ӯ додааст, илло дар як чиз ва он ин ки хору залил бошад.»

“Оё нашнудаӣ ин фармудаи Худованди Мутаолро, ки “Иззат аз они Худо, Паёмбараш ва мӯъминон аст?”

Баъд фармуд:

«Мӯъмин ҳамвора азиз аст ва ҳеч гоҳ тан ба хорӣ намедиҳад».

«Мӯъмин аз кӯҳи баланд поятар ва манеътар ва азизтар аст”, зеро кӯҳро метавон бо куланг канд, вале бо ҳеч куланге намешавад як қитъаи кучак аз руҳи мӯъминро ҷудо кард ва руҳи ӯро кучак кард.”

Имом Боқир мефармояд: Худованд ба мӯъмин се хислат додааст: иззат дар дунё ва охират, растгорӣ дар дунё ва охират ва севвумӣ:

«Ва ҳайбат дар синаи ситамкорон.» Яъне мӯъмин ҳолате дорад, ки ситамкор дар дили худ аз ӯ эҳсоси ҳайбат мекунад. Чун ғайрат аз қувват аст ва беғайратӣ аз заъф.

Пайғамбари Акрам (с) фармояд:

«Худо бинии он касеро, ки нисбат ба мӯъминин ва мусалмонон ғайрат намеварзад қатъ кунад!»

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаромӯшшуда
Нишонаи хушахлоқӣ

Матолиби пурбоздид