Мӯъмин шодмонии доимӣ дорад…

Фарҳанг

Мӯъмин шодмонии доимӣ дорад…

Лаззатҳои ҳалол

Аз дидгоҳи ислом, шодобию нишот лозимаи зиндагии оқилона буда ва аз нишонаҳои мӯъмини воқеӣ аст. Пешвоёни дин ҳамеша мӯъминонро ба доштани нишоту шодобӣ  дар зиндагӣ ташвиқ менамуданд ва ба парҳез аз касолату беҳолӣ ва афсурдагӣ тавсия мекарданд.

Ҳазрати Алӣ(а) ҳолати мӯъминонро шодмонию нишот донистаанд: “Мебинӣ, ки мӯъмин аз касолат дур аст ва нишоти доимӣ дорад”.

Яке аз роҳҳои баҳрамандӣ аз ин суруру нишот, истифода аз лаззатҳои ҳалол аст. Дар ривоят омадааст: “Сазовор аст, ки мусалмони оқил ҳаракат накунад, магар дар се чиз: таъмини маоши зиндагӣ, тӯша бардоштан барои охират, лаззат ҷустан аз ғайриҳаром”.

Дар бархе ривоёт омадааст, ки замонеро, ки мӯъмин барои лаззатҳои ҳалол ихтисос медиҳад, барояш кӯмак ва ёвар хоҳад буд, барои замонҳои дигари зиндагӣ ва низ осоиш додани дил ба андозае, ки хастагии ӯ рафъ шавад, боиси афзоиши нерӯи ӯ мешавад.

Дар ривоят нишоту шодиро дар даҳ чиз донистаанд: “Шодию нишот дар даҳ чиз аст: роҳ рафтан, аспсаворӣ, фурӯ рафтан дар об ва шино кардан, нигоҳ кардан ба сабза, хӯрдан, нӯшидан, ба зани зебо нигоҳ кардан, омезиши ҷинсӣ, мисвок задан ва ҳамсӯҳбат шудан бо дӯстон”.

Чу гул ҳар ҷо, ки лабханд офаринӣ

Ба ҳар сӯ рӯ кунӣ, лабханд бинӣ! (Муширӣ).

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъмини шодмонӣ дар хонавода
Дар хушҳол кардани мардум бикӯшед

Матолиби пурбоздид