Мӯъмин Қаноат

Адаб

Мӯъмин Қаноат

Зиндагинома ва осори Устод

Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади Дарвоз, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омада ва торихи даргузашти ӯ, 18-маи соли 2018, дар синни 85 солагӣ мебошад.

Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта ва сипас дар колхоз кор кардааст.

Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 1940 дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд.

Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносииДонишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм кардааст.

Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши шеър, сипас дабири масъули маҷалла буд. Муддате ҳам сарвиростории нашриёти «Ирфон» – ро бар уҳда дошт.

Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд.

Мудири шӯъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956-1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968-1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд.

Директори Институти осори хаттии Академияи улуми Тоҷикистон (1991). Раиси Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Олии ИҶШС (1991).

Замоне узви Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989-1991) (иҷлосияи X — XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии Ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлойн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Давлати Сомониён
Аз борон гурехта ба жола гирифтор нашавем!

Матолиби пурбоздид