Назарияпардози саҳюнистӣ: Барои Исроил, иттиҳоди Эрон ва Арабистон фоҷеабор хоҳад буд

Таҳлили хабарӣ
Назарияпардози машҳури саҳюнистӣ: Барои Исроил, иттиҳоди Эрон ва Арабистон фоҷеабор хоҳад буд
Таҳлил
Мико Ҳолперн (Micah Halpern), назарияпардози маъруфи ҷунбиши саҳюнистӣ ва сутуннависи рӯзномаи Jerusalem Post, зимни кобус хондани тавофуқи Эрон ва Арабистони Саудӣ барои режими саҳюнистӣ ва Омрико ва ин ки “барои Исроил, ин иттиҳод фоҷеабор хоҳад буд”, тасреҳ кард, ки “равобити рӯ ба рушди Теҳрон ва Риёз, ларза ба тани ман меандозад.”
Вай дар ёддоште дар ҳамин рӯзнома навишт: “Равобити диплумотик ва гуфтугӯҳое дар ҳоли анҷом аст, ки манро нигарон кардааст. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бояд ба таври ҷиддӣ нигарони таҷдиди музокирот ва эҷоди равобит байни Эрон ва Арабистони Саудӣ бошанд. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил низ бояд дар мавриди дахолати Чин дар қиболи Эрон ва Арабистони Саудӣ бисёр нигарон бошанд, ин равобит аст, ки аз тарс ларза ба тан ва баданам андохтааст.”
Ба гуфтаи ин назарияпардози маъруфи саҳюнист, “Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки душманони дерина будаанд, дар заминаи диплумосии байналмилалӣ бозигарони хибра (коркушта) ҳастанд. Арабистони Саудӣ ба таври ҳамзамон, даргири равобити диплумотик бо Эрон ва низ анҷоми як тавофуқ бо миёнҷигари Омрико байни кишвараш ва Исроил аст… Ин тавофуқе аст, ки шомили ҳаллу фасли масъалаи чанд даҳаи гузашта ва то кунуни ғайриқобили ҳалли Фаластин ва Исроил мешавад. Тавофуқе, ки эҳтимолан шомили навъе давлат ё истиқлоли Фаластин аст.”
Вай ҳушдор дод: “Ҳар иқдоми диплумотике, ки шомили Эрон шавад, барои Исроил ва минтақа ба шиддат хатарнок аст. Эрон қобили эътимод нест. Эрон як тарафи масъул дар ҳеч тавофуқе нест. Ин мавзӯъи бадеҳӣ, ҷузъи заруриёт аст.”
Ба гуфтаи ин назарияпардози саҳюнистӣ, “танишҳое, ки байни Эрон ва Арабистони Саудӣ вуҷуд доштааст, дар ҳифзи таъодул дар минтақа бисёр муҳим будааст. Ин ду қудрати муҳимми минтақаӣ якдигарро мутавозин ва мутаъодил карданд. Танишҳояшон онҳоро таҳти контрол нигаҳ дошт ва аз рӯёрӯии рӯ дар рӯ байни ҷамъияти шиъа ва суннӣ дар минтақа ҷилавгирӣ кард. То ба ҳол, онҳо ноибони худашонро ташвиқ мекарданд, ки бо ҳам мубориза кунанд ва дар натиҷа, даргириҳои минтақаии бузургтар ба ҳадди ақал расид.”
Ҳолперн идома додааст: “Давра ва замона иваз шудааст. Имрӯза эҷоди робитаи корӣ бо Эрон барои саудиҳо бисёр ҷаззоб шудааст ва Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳар ду шарикони муштоқ дар эҷоди равобит ҳастанд. Албатта ман ба ҳеч ваҷҳ мутмаин нестам, ки ин ҳадаф муҳаққақ шавад. Чунин тавофуқе (байни Эрон ва Арабистони Саудӣ), мумкин аст натиҷаи маъкус дошта бошад ва агар ин иттифоқ биафтад, осеби бузурге ба имперотории саудӣ ворид мекунад.”
Ин коршиноси саҳюнистӣ, бо дар пеш гирифтани сиёсати қадимии эҷоди тафриқа байни мазоҳиби исломӣ, муддаӣ шуд: “Эрон ба унвони раҳбари ҷаҳони ташайюъ, чизе ҷуз таҳқир нисбат ба ҳамаи аҳли суннат ва ба вежа Арабистони Саудӣ надорад, зеро раҳбарони Арабистони Саудӣ раҳбарони ҷаҳони исломи суннӣ ҳастанд. Шиъаён беш аз 1400 сол аст, ки аз сунниҳо кина доранд.”
Ин таҳлилгари саҳюнист талош карда худро исломшинос ҷо бизанад ва барои зиддият бо тақвияти равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ, даст ба домани ихтилофафканӣ байни шиъа ва суннӣ ва адабиёти тафриқаафканона шудааст.
Ҳолперн муддаӣ шудааст: “Ин душманӣ бо имзои як тикка коғаз аз байн намеравад ва нопадид намешавад. Наметавонад меросе аз нафратро, ки ба давраи Муҳаммад бозмегардад, пок кунад. Яке аз мавзӯъоти аслӣ дар муноқишаи онҳо, ихтилофи дерина бар сари ин аст, ки чӣ касе бояд ҷонишини Муҳаммад шавад. Ҳамчунин ихтилофоти умда бар сари Қуръон ва ҳадис матраҳ аст.”
Вай сипас ба сафари ахири вузарои хориҷаи Арабистони Саудӣ ва Эрон ба Теҳрон ва Риёз ишора кард ва билофосила барои таъкид бар хусумати ду кишвар, рӯй ба қатъи равобити диплумотики ду кишвар ва ихтилофот дар заминаи масоили минтақа ба вежа дар Сурия, Яман ва Ироқ даст гузошт.
Ҳолперн баъд аз хориҷ шудан аз қомати як исломшинос, саъй кард, ки ба таҳлили далоили Эрон барои оддисозии равобит бо Арабистони Саудӣ бипардозад ва дар инҷо ҳам, мавозеъи зидди эронӣ ва зидди исломии худро буруз додааст.
Ӯ муддаӣ шуд: “Эрон далоили зиёде барои оддисозии равобит бо Арабистон дорад ва ба ҳамон андоза, ки дастрасӣ ба маконҳои муқаддас дар Макка ва ширкат дар маросими ҳаҷ муҳим аст, аммо ин далоил дар садри феҳрист қарор намегиранд. Эрон ҳамчунин хоҳони бартарии динӣ нисбат ба аҳли суннат аст. Онҳо (Эрон) мехоҳанд ҳамаи мусалмонон таҳти раҳбарии онҳо муттаҳид шаванд. Ҳадафи ниҳоии онҳо канор задани Арабистони Саудӣ ба унвони раҳбари ҷаҳони ислом аст.”
Ҳолперн афзуд: “Имрӯза аз 1.6 милёрд мусалмони ҷаҳон, 85 дарсад суннӣ ва 15 дарсад шиъа ҳастанд. Дар шароити оддӣ, Эрон ҳаргиз раҳбари ҷаҳони ислом нахоҳад шуд. Беҳбуди равобит бо Арабистони Саудӣ, умеди раҳбарии Эрон дар масири дастёбӣ ба ин ҳадаф аст.”
Ёддошти Ҳолперн бо такрори ҳушдор дар бораи паёмадҳои ногувори гармии равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ барои режими саҳюнистӣ поён ёфта ва ӯ дар охири матлаби худ навишт: “Барои Исроил, ин иттиҳод (байни Эрон ва Арабистони Саудӣ) фоҷеабор хоҳад буд.”
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назмии Истаравшанӣ
Ҳикояти муллои босавод

Матолиби пурбоздид