Насиҳати Луқмон ба фарзандаш

Адаб

Насиҳати Луқмон ба фарзандаш

Рӯзе Луқмони Ҳаким ба писараш гуфт: Писарам, дар зиндагиат беҳтарин таомҳоро бихур, дар беҳтарин ҷой бихоб ва дар беҳтарин хонаҳо зиндагӣ кун.

Писар гуфт: Падарҷон, мо он қадар сарватманд нестем, ки ман ҳамеша битавонам беҳтарин таомҳоро бихурам, дар беҳтарин ҷой бихобам ва дар беҳтарин хонаҳо зиндагӣ кунам.

Луқмон гуфт: Эй ҷони падар, агар каме дертар ва камтар таом бихурӣ, таъми беҳтарин хӯрокиҳои ҷаҳонро эҳсос мекунӣ, агар бештар кор кунӣ ва дертар бихобӣ, ҳар ҷо ки бихобӣ, беҳтарин хобгоҳи ҷаҳон аст ва агар бо мардум дӯстӣ кунӣ, дар дили онон ҷой мегирӣ ва он вақт, хонаҳои ҷаҳон моли туст!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гурбаи обиранг
Маод – YI

Матолиби пурбоздид