Насиҳати падар ба писар

Таърих
Насиҳати падар ба писар
Аз одамони бадкор гоҳе инсонҳои некӯкор ҳам мутаваллид мешавад. Дар таърих дорем, ки фарзандони бархе аз ҳокимони худкома ва ситампеша одамони хуб ва некӯкоре будаанд. Ин ҳикоятро дар “Насоеҳ” хондам, ки бисёр дарсомӯз аст ва дар бораи яке аз подшоҳони Юнон дар даврони бостон будааст.
Як ҳокими худкома ҳангоми лаҳзаи марг ва ҷон додан, аз касоне, ки давру бараш гирд омада буданд, хост ӯро бо писар ва вориси тахташ танҳо гузоранд. Писар, ки бо падар танҳо монд, падар рӯй ба вориси тахти худ кард ва ӯро чунин насиҳат кард:
— Писарам! Агар бихоҳӣ ҳукуматат пойдор ва устувор бимонад, ҳаргиз ба касе раҳм макун, ҳатто ба наздиктарин касе, ки туро ҳамроҳӣ мекунад. Агар бӯйи хиёнате аз ноҳияи ӯ ба машомат расид, дар куштани вай лаҳзае тардид ба худ раво мадор, ҳамон лаҳза эъдомаш кун ва дар малаъи омм ҳам эъдомаш бикун, то барои дигар атрофиёнат дарс қарор бигирад;
— Писарам! Барои вазорат ва мақомҳои ҳукуматӣ ҳар чи метавонӣ аз хешовандони наздик ва аз қабилаи худат афродро интихоб кун; ки онон ба ту вафодортар хоҳанд буд, ҳатто агар аз ӯҳдаи кор барнаоянд;
— Писарам! Агар бихоҳӣ пеши мардум ва атрофиёнат азиз ва маҳбуб бошӣ, ҳаргиз айёшӣ ва хушгузарониро барои худ раво мадор; ки албатта ман медонам ту фарде хушгузарон нестӣ. Аммо таваҷҷӯҳ дошта бош, ки хушгузаронӣ, аз умри ҳукумати ту мекоҳад ва дер нахоҳад пойид;
— Писарам! Ҳамеша дар миёни атрофиёнат касоне хоҳанд буд, ки саъй мекунанд бародари кучактаратро алайҳи ту таҳрик бикунанд. Ҳар вақт эҳсос кардӣ чунин хиёнате дар миён аст, ҳам бародаратро ва ҳам ононе, ки ӯро таҳрик мекунанд, аз миён бардор ва ҳатто агар лозим шуд, бикушашон, чунон ки ман бо амуят ҳамин корро кардам. Дар ин кор лаҳзае барои худ тардид раво мадор!
— Писарам! Бидон, ки ҷомеа аз се қишр иборат аст:
1. пулдорон ва кадхудоён ва бузургон;
2. доноён ва ҳакимон;
3. тӯдаи мардум.
Ду гурӯҳи аввал ақаллият ҳастанд ва гурӯҳи сеюм аксарият. Ҳамеша гурӯҳи аввалро аз худ розӣ нигаҳ дор, музоҳими кори онҳо машав, ҳар аз гоҳе барояшон анъом бидеҳ ва онҳоро ба худ наздик кун, ки маҳори ҷомеа дар дасти инҳост; ба ҳар сӯйе, ки бихоҳӣ, ба кӯмаки инон метавонӣ ҷомеаро ба ҳамон сӯй биронӣ. Аммо аз гурӯҳи дуюм барҳазар бош; агар дидӣ музоҳими корат нестанд, коре ба корашон надошта бош ва ҳам агар аз ту ҳимоят ва пуштибонӣ карданд, ки чӣ хуб, барояшон анъом ҳам бидеҳ. Аммо агар дидӣ, музоҳими ту шуданд ва алайҳи ту ва ҳукуматат сухан карданд, муҷозоташон кун ва тардиде дар муҷозоташон ба худ роҳ мадеҳ. Ва аммо тӯдаи мардум:
— Писарам! Бидон, ки агар бихоҳӣ аз ноҳияи тӯдаи мардум, ки аксарияти ҷомеа ҳастанд осудахотир бошӣ, ҳаргиз магузор шиками онҳо сер ва барои андешидан фурсате пайдо бикунанд; чун инсон ҳамин ки шикамаш сер шуд, ба фикр фурӯ меравад. Фикр макун, ки серии шиками мардум, ҳукумати туро пойдортар ва бар умри он хоҳад афзуд. Чунин нест писари азизам! Балки шикамашон, ки гурусна аст, ҳамвора ба дунболи таъмини рӯзии худ ва аёли худ ҳастанд ва тоза дар чунин ҳолат ҳар аз гоҳе агар инъомаке ҳам бар онон кардӣ, шукргузори даргаҳат ҳам хоҳанд буд.
Падар ҳанӯз ҳарфаш ба поён нарасида, писар арз кард:
— Кофист падарҷон! Акнун иҷоза бидиҳед, як каме ман ҳарфи дил бароятон бигӯям ва ҳайф аст ин нагӯям ва шумо чашм аз дунё бибандед падарҷон!
Он гоҳ писар пешхидматонро ба сӯйи худ хонд ва аз эшон дархост кард, то падари бемор ва дар ҳоли мурданро ба берун ва ба ҳамон ҷойе, ки барояш қабр канда ва омода карда буданд, бибаранд.
Тахти падарро дар канори қабри ӯ гузоштанд ва писар рӯй ба падар кард ва арз кард:
— Падарҷон! Шояд то чанд лаҳзае дигар бо ин дунё падруд ва ба ин қабр, ки мебинед, мунтақил шавед. Ҳол бифармоед, чӣ чизе – ба ҷуз зулму ситам бар мардум ва хунҳои бегуноҳе, ки рехтед – дар ин дунёи гузарон ва фонӣ пас аз худ гузоштед, ки фардои қиёмат ба дардатон бихӯрад?
Оё ин дунёи гузарон арзиши онро дошт, ки барои чанд сабоҳ ҳукумат кардан ва бархӯрдорӣ аз қудрат, ин ҳама зулму ситам бар мардум раво бидоред ва ин ҳама хунҳои бегуноҳ бирезед?
Шумо нек медонед, ки мардум нафринатон мекунанд ва дуои кӯдаконе, ки бе падар шуданд, дуои беваҳое, ки шавҳаронашон ба дасти шумо баноҳақ кушта шуданд, дуои модароне, ки ҷигаргӯшаҳояшонро ба сабаби шумо аз даст доданд, чанд лаҳзае дигар гиребонгиратон хоҳад шуд!
Оё метавонед посухи ҳамаи онҳоро бидиҳед?
Пас, бидонед, ки равиш ва шеваи ҳукуматдории шумо ҳаргиз улгуи ман нахоҳад буд. Агар тавонистам ба адолат ҳукумат кунам, ки ҳатман бар арикаи қудрат боқӣ хоҳам монд, аммо агар дидам ин кор аз дастам сохта нест, атои ин ҳукумат ва қудратро ба лиқояш бахшидам ва ба касе маҳори онро вогузор хоҳам кард, ки ба адлу дод бар ин мардум ҳукумат бикунад.
* * *
Гӯянд, писар натавонист то чанд рӯз бар арикаи қудрат боқӣ бимонад, зеро атрофиёни падар бародари кучактари ӯро таҳрик ва ӯро бар тахти фармонравоӣ нишонданд ва аммо он писар роҳи зуҳд ва парҳезгорӣ баргузид ва яке аз ҳукамои бузург ва урафои номдори Юнон гардид.
(Манбаи ҳикоят: китоби “Насоеҳ”)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қиссаи фарзанду падар
Се кӯдак дар Амрико бар асари тирандозӣ кушта шуданд

Матолиби пурбоздид