Натонёҳу аз имзои тарҳи ҳамлаи заминӣ ба навори Ғазза худдорӣ кард

Натонёҳу аз имзои тарҳи ҳамлаи заминӣ ба навори Ғазза худдорӣ кард
Ахбори байналмилал
 Nytimes
Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил аз имзои тарҳи ниҳоии амалиёти заминӣ дар Ғазза, ки тавассути раҳбарии артиши Исроил таҳия шуда буд, худдорӣ кард.
Ба гузориши рӯзномаи The New York Times ба нақл аз манобеъи огоҳ, “фармондеҳии артиши Исроил тарҳи ҳамлаи ниҳоиро танзим кардааст, аммо Натонёҳу бо худдорӣ аз имзои он, фармондеҳони аршади артишро асабонӣ кардааст.”
Ин манобеъ яке аз далоили ин иқдомро чунин унвон кардаанд, ки Натонёҳу хоҳони мувофиқати якпорчаи ҳамаи аъзои давлати изтирорӣ бо тарҳи амалиёти заминии артиш аст.
Дар натиҷаи ҳамалоти шадиди ҳавоии Исроил алайҳи навори Ғазза, 7028 нафар аксаран кӯдак шаҳид ва ҳудуди 18482 нафар захмӣ шудаанд. Дар даргириҳои каронаи Бохтарӣ ҳам беш аз 105 фаластинӣ шаҳид ва ҳудуди 2000 маҷрӯҳ шудаанд. Дар муқобил теъдоди куштаҳои Исроил ба 1400 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 5431 нафар расидааст.
The New York Times
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эътирози шадиди шаҳрдори Ландан дар баробари Исроил
Шабакаи Алҷазира аз музокироти оташбас байни режими “Исроил” ва Ҳамос ба миёнҷигарии Қатар хабар дод

Матолиби пурбоздид