Натонёҳу: «Барои маҳори Эрон, бо Арабистони Саудӣ робита барқарор мекунем»
Ахбори ҷаҳон
Нахуствазири «Исроил» эълом кард, ки ин режим дар ростои «маҳори Эрон», талош дорад бо Арабистони Саудӣ робита барқарор кунад.
Вай рӯзи душанбе, дар конфронси руасои созмонҳои яҳудии омрикоӣ, ки дар шаҳри Байтулмуқаддас дар ҳоли баргузорӣ аст, ба тамҷид аз барқарории робита бо Арабистони Саудӣ пардохт.
Ба навиштаи 7kanal, Натонёҳу муддаӣ шуд, ки ҷаҳони араб «муқобила бо таҳдиди Эрон»-ро авлавияти худ медонад ва ин мавзӯъ боиси ҳамгироии ин кишварҳо бо «Исроил» шудааст.
Нахуствазири «Исроил» сипас ба гомҳои бардошташуда дар ростои оддисозии равобит бо Арабистони Саудӣ ишора кард ва иддао кард, ки барқарории равобит бо Риёз «як рӯйдоди таърихӣ барои ҷойгоҳи Исроил дар Ховари Миёна аст».
Вай афзуд: «Ҳаракат ба сӯи барқарории равобити ҳасана бо Арабистони Саудиро ҳамросто бо ҳадафи таваққуфи таҳдидоти Эрон пеш мебарем ва ин ду ҳадаф ба якдигар муртабит ҳастанд, ба шакле, ки дар сурати робита бо саудиҳо ҳамкории танготанге барои маҳори Эрон шакл хоҳад гирифт ва агар ин аҳдоф муҳаққақ шавад, як париши бисёр муҳим анҷом додаем».
Натонёҳу дар хусуси чашмандози иқтисодии робитаи «Исроил» ва Арабистони Саудӣ низ гуфт: «Яке аз эҳтимолоти иқтисодӣ, иттисоли шибҳиҷазираи арабӣ ба бандари Ҳайфо аз тариқи як хатти роҳи оҳан аз самти Урдун аст. Ин тарҳ ба хутути роҳи оҳани давраи усмонӣ, ки бахше аз он аз Ҳайфо убур мекард, мутамаркиз хоҳад буд».
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар сурати барқарории робита миёни Телавив ва Риёз, мумкин аст хатти лӯлаи нафт ба ҷойи убур аз баҳри сурх барои вуруд ба Медитарона аз «Исриол» убур кунад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн