Натонёҳу: “Шарти Ҳамос барои таваққуфи комили ҷангро намепазирем”

Натонёҳу: “Шарти Ҳамос барои таваққуфи комили ҷангро намепазирем”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Нахуствазири режими Исроил мегӯяд, шарти Ҳамос барои поён додан ба ҷанги Ғаззаро нахоҳад пазируфт ва ҷанг дар Ғазза идома хоҳад ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил, (якшанбе, 5 май), дар ҷаласаи кобина гуфт, ки бо шурути Ҳамос дар музокироти оташбас мувофиқат нахоҳад кард.

Як мақоми аршади Ҳамос, субҳи имрӯз, ба рӯзномаи Ал-ъарабӣ ал-ҷадид (наздик ба Қатар) хабар дода буд, ки Ҳамос бидуни поёни ҷанг ва хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз навори Ғазза, ҳеч тавофуқеро нахоҳад пазируфт.

Натонёҳу дар ин бора гуфт: “Наметавон хостаи Ҳамос дар хусуси таваққуфи комили ҷанг ва хуруҷ аз Ғаззаро пазируфт.”

Ӯ идома дод: “Пазириши дархости Ҳамос, ба ин маъност, ки мо қабул кардаем онҳо дар қудрат боқӣ бимонанд.”

Нахуствазири режими Исроил ҳамчунин гуфт: “Ҷанг дар Ғаззаро то замони таҳаққуқи аҳдоф идома хоҳем дод. Пазириши шурути Ҳамос яъне таслим шудан дар баробари Эрон.”

Натонёҳу дар ибтидои ҷанг эълом карда буд, ки ҳадафи ин режим поён додан ба Ҳамос дар навори Ғазза аст.

Алорағми гузашти 7 моҳ аз оғози ҷанг, артиши Исроил ҳанӯз натавонистааст ин ҳадафро муҳаққақ кунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзнома исроилии Едиот Аҳоронот имрӯз фош кард, ки фармондеҳони ин режим ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷанг дар Ғазза ба иллати аз даст додани ҳимояти Омрико барои ҳамла ба минтақаи Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ва аз даст рафтани эътимоди шаҳракнишинон ба бунбаст расидааст.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мудирияти беҳтари умур бо назм
Изҳороти Исмоил Ҳаниа дар бораи оташбас

Матолиби пурбоздид