Нафс ва Истиқлол
Матни суханронии Меҳмоншо Шарифзода дар гурӯҳи “Андеша”
Дар фазои сиёсии Тоҷикистон механизме ба кор даромадааст, ки нафси бетарбият ҷавҳари он аст ва ин механизм ҳама арзишҳои миллӣ ва умумиинсониро, ки ҷомеаи Тоҷикон болои он сохта шуда буд ва сохта мешуд дорад фурӯ бурда истодааст. Системаи ба вуҷуд омада тарафдори дигаргунӣ, ҳаракат ва раванд нест ва аслан фикррро талабгор ва харидор нест чаро ки фикр ҷомеаро, системаро ва шахсиятҳоро дар мансабҳо метавонад дигар кардан. Ин манфиати онҳоеро, ки манфиати шахсиии худро бо хайри умум ҳамоҳанг кардан наметавонанд, зери суол мебарад ва ин гуруҳи фасодзада кам нестанд. Ин қавми фасодзада, ки худро сиёсатмадор меноманд арзишеро бо номи хайри умум (common good) аслан нашунидаанд ва шунаванд ҳам дарк намекунанд. Сахт дар банди ҷаҳл ва нафси бетарбияти хешанд. …
Сарсухан: сутунмӯҳраи фикри тоҷик
Бешак яке аз назарияҳои миллӣ , ки дар шинохти ҷаҳони воқеии Тоҷик нақши калидӣ дорад ин назарияи нафс аст, ки то ҷое дар равоншиносӣ ва таърихи фалсафа ба он шинос ҳастанд. Мутассифона, имрӯз назарияи нафс, дар умум ҳамчун ишораткунанда ба сатҳи камолӣ инсон дар забони мардум мондааст, вале дар борааш дониш ва тассаввури дуруст надоранд. Метавон гуфт, ки нафс назарияе марказӣ дар сохтмони субъект (худӣ, шахсият), маъориф ва маънавиёти инсон ва аз ин мавқеъ яке аз назарияҳои калидӣ дар муносибат ба иҷтимоъ, сиёсат ва давлатдорист. Воқеан яке аз сабабҳо, ки ин назария мавқеи худро аз даст дода ин ҳукумронии фикри истеъморист, ки садсолаҳо шакл гирифтааст. Чун нафс яке аз сатҳҳо ё фазоест, ки ба будани ҳаргуна таҷриба ва инкишофи шахсият имконият медиҳад дар давраи ҳукумронии сулолаҳои туркӣ – муғулӣ ва инчунин дар давраи сиёсати манқуртсозии Шӯравӣ ин хусусият ва мавқеи худро аз даст дода буд. Ва имрӯз ҳам муносибат ба назарияи нафс дар сатҳест, ки мардуми Ҷаҳони Андеша, ки бо боварии онҳо ‘консепсияи сиёсии Тоҷикистони демократӣ ба метафизикаи онҳо, яъне ба ҷовидонагии ҷисмонии инсон, такя мекунад’, дар пайравӣ аз ақлгароии яктарафа ва позитивизми садсолаҳои пешинаи ғарбӣ, будани нафсро инкор мекунанд. Аслан, бо мардуме, ки танҳо ба мошин, хишти хом ё пухта будани инсон боварӣ дошта бошанд ва ё бо онҳое, ки ба худованд имон доранд ё надоранд, ҷои баҳс нест, ки ин ба тавтология, яъне ба суханпардозиҳои бебунёд ва мутантан чун метафизикаи Ҷаҳони Андеша ва “марксистҳо”-и Тоҷик, мебарад. Вале мушкил ин ҷост, ки ин қавм бунёди ҳама гуна таҷрибаҳои илмӣ, фалсафӣ ва динӣ, бунёди зебоӣ, санъат ва маънавиёти мардум, бунёди ҳама гуна ҳиссу ишқу дарди мардум, бунёди худсозӣ ва фикр ва дар умум бунёди ҳаёт …ё сатҳе, ки дар он хотира нигаҳ дошта мешавад, ҷаҳонбинӣ, шахсият ва сиёсату истиқлол шакл мегиранд, инкор мекунанд ва боз ин ҳама консепсияи сиёсии давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон шинохта мешавад. Аҷиб “ҷовидонагӣ”, ки дар фазо ва вақт на ба худ ва на ба дигарон ҷойи пой намегузоранд. Ва консепсияи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳонбинии нухбагони фикрӣ ва сиёсии тоҷик ба ҳамин метафизика такя мекунад.
Чи гунае, ки гуфтем, ҷои баҳс ба ин рӯйдод, яъне бо бинишҳои моддигароӣ ва бехудоӣ нест, ки садсолаҳо ин баҳс вуҷуд дошт ва мушкили асосӣ дар гуфтугӯи мо ин шинохти нуқтаи буҳрон ва ташхиси ин маризиҳои ҷомеа ҳаст, ки дар куҷо реша доранд. Дар ин баҳс ду нуктаи муҳим аст, ки воқеан атрофи онҳо мебояд гуфтугӯ кард, ба хусус вақте ин нуктаҳо худ рамзи гӯё ва боз хомӯши ҷомеаи Тоҷикистон гаштаанд. Падидаи аҷибест, вақте фарёд бо хомушӣ бо ҳам месозанд. Нуктаи аввал ин масъалаи нашинохтани таркиб ё низоми руҳонӣ ва маънавии ҷаҳон аст ва ин низомест, ки рӯи ин сатҳ, ки нафс ё ҷонаш меномем, бунёд ёфта, зинда ва дар амал аст. Ин яке аз масъалаҳои бардоштаи Ҳуссерл дар баробари тарафдорони ақли иструменталӣ, моддигароӣ, психологизм ва ғайриақлонияти солҳои сиюми асри бистум буд, ки боиси террори инсоният ва ҷангҳо гаштанд. Ва нуктаи дуввум ин муносибати нафс бо сиёсат ва истиқлол аст, ки яке аз баҳсҳои марказии фалсафаи Тоҷик дар гузашта ва баҳси марказии мутафаккирони имрӯзаи дунёст. Ва дигар ин ки иддаои қавми Ҷаҳони Андеша, ки метафизикаи онҳо консепсияи сиёсии давлати имрӯзаи Тоҷикистонро ташкил мекунад ин баҳсро аз тавтология дида, боз ба воқеияте вазнин наздиктар мекунад. Воқеан ҳам фикр ва андешаи миллӣ мелангад ва ба маризии шизоидӣ гирифтор аст. Дар фазои сиёсии Тоҷикистон механизме ба кор даромадааст, ки нафси бетарбият ҷавҳари он аст ва ин механизм ҳама арзишҳои миллӣ ва умумиинсониро, ки ҷомеаи Тоҷикон болои он сохта шуда буд ва сохта мешуд дорад фурӯ бурда истодааст. Системаи ба вуҷуд омада тарафдори дигаргунӣ, ҳаракат ва раванд нест ва аслан фикррро талабгор ва харидор нест чаро ки фикр ҷомеаро, системаро ва шахсиятҳоро дар мансабҳо метавонад дигар кардан. Ин манфиати онҳоеро, ки манфиати шахсиии худро бо хайри умум ҳамоҳанг кардан наметавонанд, зери суол мебарад ва ин гуруҳи фасодзада кам нестанд. Ин қавми фасодзада, ки худро сиёсатмадор меноманд арзишеро бо номи хайри умум (common good) аслан нашунидаанд ва шунаванд ҳам дарк намекунанд. Сахт дар банди ҷаҳл ва нафси бетарбияти хешанд. …
Воқеан ҳолати имрузаи фикри Тоҷик ва ба хусус ҳолати истеҳсолкунандагони фикр дар Тоҷикистон боиси нигаронист. Бубинед, ба қариби олими маъруф Стефан Ҳокинг (Stephen Hawking) дар донишгоҳи Оксфорд, баъди ҳушдори он, ки аз умри Замин кам, шояд 1000 соли дигар мондааст ба донишҷуён гуфт “ба ситораҳо нигоҳ кунед на ба зери пойи худ” ва дар ҳамин вақт намояндагони миллати “фарҳангсолор” ба миллати худ пешниҳоди баръакс доранд. Ҳазор сол пеш, ки Ибни Сино –Қонун, Наҷоту Шифо навишт гузаштагони Ҳокинг воқеан дар сатҳи пасттари фарҳангӣ буданд. Имрӯз ба ҷои ба ҳазор соли пеш назар кардан дорем боз ба ҳазор соли гузашта бармегардем. Масалан, ҳафтае ки гузашт дар масҷидҳои шаҳр ва шояд ҷумҳурӣ, дар бораи сояи худо будани шоҳ ва фарқи он аз президент мактуб мехонданд. Имом – хатиб қироат мекард, ки шоҳон дар қадим ба таври меросӣ шоҳ мешуданд ва фарқият имрӯз ин аст, ки президентҳои мо интихоб карда мешаванд ва аз ин рӯ, мехонад имом хатиб, аз рӯи конститутсия бояд ба президент итоат кунем. Маълум аст, ки нависандаи мактуб ва инчунин хонандаи мактуб дар шинохти таърих, пайвастан ва муқоиса кардани маъниҳои гузашта ва имрӯз сахт мушкилӣ доранд. Гӯё намешиносанд, ки дар кадом вақт зиндагӣ дорем. Инчунин маълум аст, ки ҳар ду нависанда ва ҳам хонанда мавқеи конформистӣ ё бетарафиро ба он чи навишта ва гуфта мешавад ва бо он чи вуҷуд дорад ишғол намудаанд. Ҳоли онҳое, ки ба ин ҳарфҳо гӯш мекунанд бадтар аз нависанда ва қироаткуннада аст, ки бештари мардум бо ранги парида дар фикри худ, дар фикри як каф дуо ва дар фикри зарфҳои оби худ, ки барои “шикори даму нафаси” домулло ба умеди шифо, дар тоқҳои масҷид гузоштаанд, ҳастанд. Дар умум сатҳи пасти фикри мулло – академикҳост, ки наметавонанд воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлили дуруст кардан, ки мақсад қонуни асосист ва президент ба сояи худо будан зарурат надорад ва итоати қонуни асосӣ асли кор аст, ки ин итоат мақсад ва ҳадафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро, аз президент то кӯчарӯб бароварда хоҳад кард. Шинохти назарияи нафс, ки имкони дарки ҳолати равонӣ, физиологӣ, иҷтимоӣ, эпистемологӣ ва дигар унсурҳои таркибии сохтмони шахсро медиҳад, раванди фаҳмидан ва тафсири чунин рӯйдодҳоро дар ҷомеа осонтар метавонад кардан. …
Ҳоли фикр дар академияи Тоҷик, ки хирад дар кусуф аст, нигароникунандатар аз масҷид аст. Ҷаҳлу лаганбардорӣ рӯи хирадро пӯшонидаанд. Ва ҳар намоиши театрикунонидашуда, ки онҷо мегузарад воқеан нуфузи президенти Тоҷикистонро боло намебаранд, балки коҳиш медиҳанд. Ба мукофоти Нобелӣ пешниҳод кардани президенти Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта, аз ҷумлаи ҳамин намоишҳо буд. Маълум аст, онҳое ки ин фикрҳоро пешниҳод мекунанд бо президент, бо мардум ва бо воқеият нестанд чаро ки ин садоқат ва самимияти “беҳудуд” ва ихтирои қиссаҳои набуда ва чизҳои набуда дар ҷомеа ба фоидаи касе нест ва бар зарари ҳама аст. Ҳар ду ниҳод, академия ва масҷид дар Тоҷикистон як корро карда истодаанд, ки он бозгашт ба садсолаҳои пеш аз инқилобҳост, инқилобҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки барои инсоният “озодии умум” (public freedom), “хушбахтии умум” (public happiness), баробарӣ, бародарӣ ва ғайраро таъмин кардаанд. Сутунмуҳраи фикри тоҷик аз вабои аср – лаганбардорӣ, ки аслан мулло – академикҳо ба он гирифторанд, дар дард аст. Агар нафс (рӯҳ, ҷон) сатҳест, ки дар он фикр ва маънавиёти мардум месабзида бошад, шахсият ва ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирифта бошад, пас ин раванди фикр ва кор шоҳиди он аст, ки ин мардум чи гуна ба худ ҷабр карда истодаанд ва эътирофи ғуломиро дар баробари хоҷа, ки Ҳегел зикр карда буд, аз ҳама ҳудудҳо гузаронидаанд.
Бале чунон, ки Ҳегел соли 1806 дар яке аз дарсҳои худ гуфта буд “Ҷавонмардо! Мо худро дар яке аз замонаҳои муҳим, дар ҷушишу кӯшиш, дарёфтаем, дар ҳоле ки Рӯҳ ҷаҳише ба пеш кардааст, ҷаҳише он сӯи чорчубаҳои пешинаи худ ва чорчӯбаи нав талаб дорад. Ҳама идеяҳо ва назарияҳо, ки то имруз замонавӣ буданд, ҳама устухонҳои ҷаҳон заиф ва ба ҳам бархурда шикаста шуданд ва чун бинише дар хоб аз байн рафтаанд. Рӯҳи нав дорад зуҳур мекунад, вақте дигарон номардона мегурезанд, фалсафа бояд аввалин шуда ин падидаро шиносад ва табрик кунад…” Имрӯз дар ин сарзамин ба рӯҳи замони нав имкони сохтан ва халлоқиятро бояд дод. Фазои ақлонӣ ва андешаи мустақили миллиро бояд шинохт, ки он болотар аз фазои як шахси таҳсилкарда ва дипломдор, болотар аз фазои як насли дар зери фарҳанги ғайр зиста ва тарбият дида, болотар аз будани ҳар гуна мансаб ва мансабдор аст. Ин сарчашмаест, ки будан, халоққият ва ҳастии миллат ба тозагӣ, равонии он вобаста аст ва сатҳи нафс ё ҷон сатҳест, ки ин раванд ва ин халлоқият зуҳур мекунад. Аслан на фарҳанг, балки халлоқияти мардум дар фикр, созандагӣ ва дар ин раванд будан ҳастии миллат аст, ғайри ин танҳо осорхонаи миллат аст. Ин сатҳест, ки боиси падидаҳое чун Одамият, Эҳё (Renaissance), Рушангароӣ (Enlightenment) ва инқилоби илмӣ ва фарҳангиву сиёсӣ мегардад. Гуфтан метавон, ки нафс ин сутунмӯҳраи фикр ва маънавиёти Тоҷик аст, ки имрӯз ба Шифо – ва Наҷот – и нав зарурат дорад. …
Нафс ин раванди шинохт ва сохтмони субъект аст
Аслан нафсро бо ишораҳои равшани Қуръон, ҳамчун раванд, дар ҳоли тағирёбӣ, тарбиятпазир, камолпазир бояд шинохт, ки он чи хел ки дар боло қайд кардем ҳама унсурҳои равонӣ, физиологӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии инсонро дар бар мегирад. Дар ҳама мактабҳои фикрии Исломӣ нафс нуқтаи марказии таълим, тарбият ва инкишоф буд. Ва ҳадиси пайғомбар (с) “ Ҳар ки шинохт нафси худро мешиносад худованди худро ” санги зербинои сохтмони субъект (шахсият) ва маорифи исломӣ буд. Албатта хонандагон дар ёд доранд, ки ин сухан ҳамчун “худро шинос” аз давраи Суқрот ва пеш аз ӯ ҳам маъруф буд. Худ омадани мафҳуми нафс дар Қуръон маънии равон, рӯҳ, худ (ego), маният ва худӣ ишорат ба як фазои худкифо, ҳаракаткунанда камолёбанда аст. Инчунин ишораи Қуръон дар бораи нафси паст ҳайвонӣ(al nafs al ammorah) (Sura 12:53), нафси миёна (al nafs al-lawwamah) (Sura 75:2) ва нафси ором ё комил (al-nafs al-mutmainnah) (Sura 89: 27) ёд мекунад, ки ҳам ишорат ба камолпазирии инсон аст. Ин худ як худогоҳист, ки таркибҳои бадани ва рӯҳонии инсонро дар бар мегирад ва масалан дар шинохти нафси аммора маризиҳое чун такаббур, ҳирс, ҳасад, шаҳват, ғайбат кардан, бахилӣ, кина ва ғайра шинохта, бартараф карда мешаванд. Намояндагони мактабҳои фикрии исломӣ, ба хусус Сӯфиён, аз ояҳои қуръонӣ илҳом гирифта, бар ин бовар буданд, ки инсонро худованд бо дастони худ сохта (Sura 38: 75) ва аз нафаси худ бар ӯ дамидааст (Sura 15:29; 38:72). Ва дар мавриди ҳамин ояи иллоҳӣ, ки дар Таврот, ҳам зикр шудааст, Валтер Бенҷамин менависад, ки “…Таврот ин далели рамзиро изҳор кардааст, ки Худо дар вуҷуди одам аз нафаси худ дамида; ки ин дар як вақт ҳаёт, фикр ва забон аст” (Benjamin, 1986:318). Ин ҳамин баҳсест, ки мутафаккирони исломӣ дар бораи халифаи Худованд будан (Sura 2:30) ва ин ки инсон бо амонати иллоҳӣ мушарраф шудааст (Sura 33:72) мекарданд. Ва нафс сатҳе буд, ки мутаффакирони Исломӣ, табиати инсониро ва тарбиятпазир будани онро ба хубӣ шинохтанд. Агар дар роҳи расидан ба ҳақ ва ё камолёбӣ баъзе аз намояндагони Сӯфия ба нафскушӣ майл дошта бошанд, бештари онҳо ба хулосае омаданд, ки нафс бо ҳама зиддиятҳо, ки дорад боз ҳам ба будан ҳақ дорад ва бо ӯ дар сулҳ бояд зист.
Хулосаи баҳс аз ин қисмати гуфтугӯ ин аст, ки нафс ҳамчун назария реша дар маъниҳои қуръонӣ дорад ва дар фарҳанги тоҷикон ҳамчун як маънии созанда ворид аст, ки онро наметавон нодида гирифт, балки ҳамчун назария бояд шинохт ва кор бурд. Чи гунае, ки дар боло қайд кардем, нафс ин сатҳе буд, ки низоми маънавии тоҷикон шакл гирифта месабзид, сатҳест ки технологияи худӣ – ҳақиқат- қудрат ва фазосозӣ амал мекард ва мекунад. Мутаффакирони тоҷик дар гузашта дар ин низом, а) шахсияти худро тарбият ва ба камол мерасониданд в) ҷаҳонбинии худро дар муносибат бо муҳити атроф ва дигарон шакл медоданд, ва с) озодӣ ва наҷот ё саодати ин ҷаҳон ва охиратро дармеёфтанд. Ва ин падидаест, ки Ҳуссерл аз он ҳамчун, “ниҳоди муваффақи илми мутлақ ва мустақили рӯҳ дар шакли фаҳмиши дурусти худӣ ва ҷаҳон ҳамчун як камолоти маънавӣ” (Husserl, 1965: 190) ёд мекунад. Ин ниҳоде буд, ки дар фикр ва фарҳанги тоҷик хуб инкишоф дода шуда буд ва имкони ҳама гуна таҷрибаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва иҷтимоӣ – сиёсиро метавонист додан.
Идома дорад…
Меҳмоншо Шарифзода – ҷомеашинос, файласуф
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: