Нахуствазири собиқи Исроил: “Исроил қудрати ҷилавгирӣ аз бомби атомии Эронро надорад”

 

Нахуствазири собиқи Исроил: “Нерӯи ҳавоии Исроил қудрати ҷилавгирӣ аз бомби атомии Эронро надорад”

 “Таъсисоти Эрон 50 ё 60 метр зери замин ҳастанд”

Ахбори байналмилал

National News

Нахуствазири собиқи Исроил гуфт, нерӯи ҳавоии Исроил қудрати манъи Эрон аз касби силоҳи атомиро надорад.

Ба гузориши National News, Эҳуд Олмерт дар мусоҳиба бо ин рӯзнома афзуд: “Исроил қудрати низомӣ барои нуфуз ба махфигоҳҳои амиқи Эронро надорад.”

Нахуствазири собиқи Исроил идома дод: “Нерӯи ҳавоии Исроил танҳо метавонад ҷоддаҳо ва пулҳоро мавриди ҳадаф қарор бидиҳад, аммо дар воқеъ, аз таҷҳизот ва муҳиммоти лозим барои осеб задан ба барномаи атомии Эрон бархӯрдор нест.”

Нахуствазири собиқи Исроил афзуд, нерӯи ҳавоии Исроил наметавонад барномаи атомии Эронро бо ҳамлаи низомӣ мутаваққиф кунад, зеро фоқиди бомб ва ҳавопаймо бо бурди кофӣ аст.

Ӯ аз Бенёмин Натонёҳу (нахуствазири феълии Исроил) хост, то амалиёти Ғаззаро мутаваққиф ва бо Ҳамос барои бозгардондани 102 гаравгони исроилии боқимонда ба хонаҳои худ муомила кунад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, давлати Исроил дар сурати адами пешрафт дар раванди сулҳ, бо афзоиши танишҳо байни исроилиҳо ва фаластиниҳо, мумкин аст бо “шикасте бузург” мувоҷеҳ шавад.

Исроил солҳост, ки таҳдид карда дар сурати расидани барномаи атомии Эрон ба сатҳи низомӣ, ба таъсисоти атомии ин кишвар ҳамла хоҳад кард, аммо Олмерти 78-сола гуфт: “Ин як гузина нест, зеро нерӯи ҳавоии Исроил тавоноии нуфуз ба сангарҳои кӯҳистонии 60 метриро, ки таъсисоти атомиро дар худ ҷой дода, надорад.”

Олмерт афзуд: “Мо метавонем мақарри онҳо, пружаҳои муҳим, роҳи оҳан, ҷоддаҳо ва фурудгоҳҳоро нобуд кунем… Исроил метавонад корҳои зиёде барои осеб расондан ба зерсохтҳои Эрон анҷом диҳад, аммо Исроил ҳеч абзоре барои нобудии барномаи атомии Эрон надорад.”

Нахуствазири собиқ дар суханронии худ дар дафтари худ дар Телавив гуфт: “Таъсисоти атомии Эрон 50 ё 60 метр зери замин ҳастанд, ки тақрибан дар баробари ҳар гуна ҳамлаи низомӣ масун мемонанд.”

Дар посух ба изҳороти Олмерт, сарҳанг Питер Лернер, сухангӯи артиши Исроил гуфт: “Мо ба тавоноиҳои худ барои муқобила бо тамоми таҳдидот дар минтақа эътимоди комил дорем.”

Қабл аз ин, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил борҳо гуфта буд, ки ӯ “даст ба ҳар коре хоҳад зад, то монеъ аз касби силоҳи атомӣ тавассути Эрон шавад… На фақат барои амнияти Исроил, балки барои амният ҷаҳон… Ҷилавгирӣ аз силоҳи атомии Эрон, маъмурияти мавҷудият барои Исроил аст.”

Ба тозагӣ гузорише мунташир шуда аз сӯйи Маркази улум ва амнияти байналмилалӣ дар Омрико мабнӣ бар таҳдиди атомии Эрон. Дар ин гузориш иддао шуда, Эрон қудрати сохти 6 бомби атомиро дар муддати як моҳ ва 12 бомб дар 5 моҳро дорад.

Ин гузориш мегӯяд, баъд аз амалиёти 7 октябри Ҳамос, таҳдиди атомии Эрон афзоиш ёфтааст… Вазъияти пуртаниши минтақа, фурсати беназир ва тавҷеҳомези дохилии бузург барои сохти бомби атомӣ дар ихтиёри Эрон қарор медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Омрико ва Исроил, манобеъи худро барои расади Эрон аз даст медиҳанд. Ҳамчунин даргириҳои мустамар дар минтақа, боиси ба ҳошия ронда шудани масъалаи атомии Эрон шудааст.

National News

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири умури занони Исроил: “Ба куштори кӯдакон ва тахриби Ғазза ифтихор мекунам!”
Шӯрои мусалмонони Омрико: “Расонаҳои ғарбӣ дар мавриди ҷиноёти Исроил дар Ғазза бетафовут шудаанд”

Матолиби пурбоздид