Нахуствазири Яман: “Санъо дар хатти муқаддами ҳимоят аз Ғазза аст, коре бо Омрико, Чин ва Русия надорем”

Нахуствазири Яман: “Санъо дар хатти муқаддами ҳимоят аз Ғазза аст, коре бо Омрико, Чин ва Русия надорем”

Ахбори минтақа

Masirahtv

Нахуствазири давлати Яман, бо ишора ба ҳамбастагии Санъо бо Ғазза эълом кард, ки Яман бозигари аслӣ дар ҳимоят аз муқовамати фаластинӣ аст ва бо ҳушёрӣ ба ҳар гуна таҷовузе аз замин, ҳаво ва дарё посух хоҳад дод ва коре ба Омрико, Чин ва Русия надорад.

Ба гузориши Алмасира, Абдулазиз бен Ҳибтур, нахуствазири давлати Яман, дар мусоҳиба бо ин шабакаи яманӣ, бо ишора ба нақши калидии Фаластин назди миллатҳои озода, эълом кард: “Яман имрӯз кунишгари аслӣ дар ҳимоят аз муқовамати фаластинӣ дар навори Ғазза аст ва қотеъона ба таҷовузгарон ба хоки Яман посух хоҳад дод.”

Бен Ҳибтур дар мавриди Эрон низ гуфт: “Эрон дар тӯли 45 соли гузашта бо такя бар зарфиятҳои дохилии худ мунсаҷим ва ҳамоҳанг аст, чаро ки бар улум, фанноварӣ ва абзорҳои қудрати худ такя кардааст.”

Вай афзуд: “Ба ҳамаи дунё эълом мекунем, ки имрӯз Яман бозигари аслӣ аст ва коре бо Омрико, Чин ва Русия надорем, балки аз сарзамини Яман бо Ғазза эъломи ҳамбастагӣ мекунем.”

Бен Ҳибтур тасреҳ кард: “Муқовамати Фаластин бо ҳушёрӣ ва ҳушмандии комил ва дар як лаҳзаи таърихӣ ва истисноӣ, амалиёти худро анҷом дод.”

Вай гуфт: “Масъалаи Фаластин ба масъалаи ҳамаи миллатҳои озода табдил шудааст ва Меҳвари Муқовамат дар ин замина нақши муҳимме дошт.”

Нахуствазири Яман баён кард: “Режими саҳюнистӣ аз манзари роҳбурдӣ ва ахлоқӣ суқут кардааст ва муқовамати Фаластин дар 17 соли муҳосира тавонист аз назари низомӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва тадорукотӣ худро бисозад.”

Бен Ҳибтур афзуд: “Омрико дар 60 соли гузашта аз ҳеч ҷанге пирӯз хориҷ нашудааст ва ҳатто тавоноии тасаллут бар кишварҳои Омрикои ҷанубиро ҳам надорад.”

Вай бо таъкид бар ин ки Омрико дигар он Омрикое нест, ки дар ҷанги сард бо Шӯравӣ пирӯз шуд, гуфт: “Омрико, Ангилис, Олмон ва Фаронса дар канори ҳам скелети фурӯрехтаи режими саҳюнистиро барпо нигаҳ доштаанд.”

Бен Ҳибтур изофа кард: “Касоне, ки мегӯянд муқовамат моҷароҷӯӣ аст, воқеиятҳои сиёсӣ ва байналмилалиро дарк накарда ва ҳатто миллатҳояшонро бо фарҳанги зиллат ва шикаст хӯ додаанд.”

Вай изҳор кард: “Миллати Яман бо иродаи миллӣ аз барги Бобулмандиб барои ёрии бародаронашон дар Яман истифода кардаанд.”

Masirahtv

Қаламонлайн

 

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико мухолифи хуруҷи Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин
Инфиҷор ва ожири хатар дар шаҳри Илот дар Исроил

Матолиби пурбоздид