Нахустин аксуламали Натонёҳу ба қатъномаи оташбас

Нахустин аксуламали Натонёҳу ба қатъномаи оташбас

Ахбори байналмилал

Alalam

Дафтари нахуствазири режими Исроил эълом кард: “Натонёҳу сафари як ҳайати исроилӣ ба Вошингтун ба далели вето накардани қатъномаи Шӯрои амният аз сӯйи Омрикоро лағв кард.”

Ба гузориши Алъолам ба нақл аз хабаргузории “Само”, дафтари Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар ин бора эълом кард:

“Сафари ҳайати Исроил ба Вошингтун, ки қарор буд дар бораи амалиёт дар Рафаҳ ройзанӣ кунад, лағв шуд.”

Дафтари Натонёҳу дар ин баёния эълом кард:

“Омрико аз мавозеи қотеи худ ақибнишинӣ кардааст ва ҳайати исроилӣ ба Вошингтун нахоҳад рафт.”

Дар идомаи баёния гуфта шудааст:

“Ин иқдоми Омрико ба талошҳо барои озодии асирон латма мезанад, зеро ҳомили паёме барои Ҳамос аст, ки фишорҳои байналмилалӣ иҷозаи дастёбӣ ба тавофуқи оташбас бидуни озодии асиронро хоҳад дод.”

Alalam

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои оташбас
Шӯрои амнияти СММ қатъномаи оташбас дар Ғаззаро тасвиб кард

Матолиби пурбоздид