Нақди филм

Фарҳанг

Нақди филм

Фарҳоди Дафтарӣ: “Созандагони ин филм инсофро дар мавриди Исмоилияи Низорӣ риоят накардаанд”

Ба гузориши Arabnews, сериали “Ҳашшошин”, ки шабҳои моҳи Рамазон дар кишварҳои арабӣ пахш мешавад, мавриди таваҷҷӯҳи зиёде қарор гирифтааст. Ин сериал, ба моҷароҳои мазҳаби Исмоилия ба раҳбарии Ҳасани Cаббоҳ мепардозад, ки дар қарни 11-уми мелодӣ дар бахше аз Эрон ҳукумат мекард ва бо Салҷуқиён дар набард буд.

Оё ин сериал воқеияти таърихӣ дар бораи ин гурӯҳро мунъакис мекунад? Устоди эронӣ-бритониёии Маркази мутолеоти Исмоилия, тавзеҳоти дақиқе дар бораи таърихи ин гурӯҳ медиҳад.

Фарҳоди Дафтарӣ, муҳаққиқи эронӣ-бритониёӣ ва раиси Муассисаи мутолеоти Исмоилия дар Ландан, ба Arabnews гуфт, ин сериали телевизионӣ инсофро дар мавриди достони воқеии мазҳаби Исмоилияи Низорӣ, ки дар ғарб ба “қотилон” маъруфанд, риоят накардааст.

Исмоилия яке аз мазоҳиби шиъа аст. Исмоилиҳо номи худро аз Исмоил ибни Ҷаъфар, фарзанди Имом Содиқ гирифтаанд. Онҳо, бар хилофи шиъаёни исноашарӣ, ки Мӯсои Козим, бародари кучактари Исмоилро ба унвони имом пазируфтаанд, мӯътақид буданд, Исмоил ҷонишини Имом Содиқ будааст.

Решаи калимаи “Ҳашшошин” куҷост? Чаро ғарбиҳо онҳоро терурист медонистанд?

Фарҳоди Дафтарӣ, ба хабарнигори Arabnews гуфт: “Бисёре аз устураҳо ва афсонаҳо перомуни Низориён реша дар ҷаҳли тахайюлии салибиён ва таърихнигорони ғарбии онҳо дорад, ки ба сарзамини муқаддас омаданд ва Байтулмуқаддасро дар соли 1099 фатҳ карданд.”

Вай афзуд: “Худи калимаи “қотил” (Assassin), ки барои аввалин бор тавассути салибиҳое, ки бо Низориҳо дар Сурия рӯбарӯ шуданд ихтироъ шуд, аз як суитафоҳум дар фаҳми як калима сарчашма мегирад.”

Дафтарӣ гуфт: “Дар он замон, Низориҳо, ки шиъа буданд, дар миёни мусалмонони аҳли суннат мухолифоне доштанд, ки аз онҳо ба унвони “Ҳашшошин” ёд мекарданд, ки агар маънои луғавии онро бигиред, ба маънои касе аст, ки тарёк масраф мекунад. Калимаи “Ҳашшошин” ба ин маъное набуд, ки Исмоилиҳо воқеан маводди мухаддир истифода мекарданд.”

Ба гуфтаи Дафтарӣ: “Ин истилоҳ дар воқеъ як дашном ва ба маънои мардуме бо ахлоқи пойин, мардуме бидуни ҷойгоҳи иҷтимоӣ буд. Аммо салибиҳо фақат зоҳири ин вожаро гирифтанд ва ба ин тартиб дар забонҳои урупоии артишҳои салибӣ, “Ҳашшошин” (Hashshashin) ба “қотил” (Assassin) табдил шуд.”

Вай афзуд: “Яке аз афсонаҳои муртабит бо ин вожа он аст, ки раҳбари Исмоилия аз тарёк истифода мекард, то мардони ҷавонро ба қотилон табдил кунад.”

Исмоилия чӣ касоне ҳастанд? Низориҳо кӣ ҳастанд?

Дафтарӣ мегӯяд: “Барои дарки достони воқеии “Ҳашшошин”, лозим аст онро дар дили иттифоқоти сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳони ислом дарк кунем. Асли моҷаро бармегардад ба иншиъоби таърихӣ байни мусалмонони аҳли суннат ва шиъа баъд аз реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) дар соли 632 мелодӣ. Ин иншиъоб бар мавзӯъи ҷонишинӣ мутамаркиз буд. Шиъаён бар ин боваранд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) ҷонишине барои худ интихоб кард, ки ӯ Алӣ ибни Абӯтолиб буд, дар ҳоле, ки аҳли суннат мӯътақид буданд, паёмбар чунин коре накардааст.”

Вай афзуд: “Авзоъ пас аз даргузашти Ҷаъфари Содиқ, имоми шашуми шиъаён дар соли 765 печидатар шуд ва дар дохили шиъаён ҳам иншиъоб рух дод. Гурӯҳи бузургтар шиъаи исноашарӣ буд, ки пайравони он бар ин боваранд, ки силсилаи ҷонишинии барҳақ бо ғайбати имоми 12-ум, ки ҳанӯз ҳам пайравонаш мунтазири зуҳури ӯ ҳастанд, поён ёфт. Дигарӣ, Исмоилиён буданд, ки номашон баргирифта аз эътиқоди онҳо ба имомати Исмоил ибни Ҷаъфар, писари аршади Ҷаъфари Содиқ буд. Аммо ҳатто дар даруни Исмоилия ҳам иншиъоби дигаре рух дод, ки бо марги имоми 18-уми Исмоилия дар соли 1094, ки 8-умин халифаи имперотурии Фотимии мустақар дар Қоҳира ҳам буд, оғоз шуд.”

Тибқи гуфтаи Дафтарӣ: “Замоне, ки Алмустансир биллоҳ даргузашт, ду фарзанди ӯ сари ҷонишинӣ вориди мунозеъа шуданд. Яке аз ду писар Низор буд, ки аз сӯйи падар ба унвони вориси аслӣ таъйин шуда буд. Дигарӣ, бародари кучактараш, Аҳмади Мустаълӣ, ки бо кӯмаки Афзали Шоҳаншоҳ, вазир ва фармондеҳи артиши Миср, бар тахт нишаст. Бар асоси ҳамин ихтилофи ҷонишинӣ буд, ки ҷомеаи Исмоилия ба ду ҷиноҳи Низорӣ ва Мустаълӣ тақсим шуд.”

Вай афзуд: “Аз ин ҷост, ки Ҳасани Саббоҳ вориди достон мешавад. Ӯ мубаллиғ ё доии Исмоилия буд, ки барои Фотимиюн дар Эрон кор мекард.”

Моҷарои Ҳасани Саббоҳ ва “Ҳашшошин” чӣ буд?

Дафтарӣ ёдовар шуд: “Дар он замон, бисёре аз манотиқи имрӯзи Эрон таҳти контроли туркони салҷуқӣ буд. Ҳасани Саббоҳ шурӯъ кард ба мубориза ва қиём алайҳи давлати Салҷуқиён. Дар натиҷа, Ҳасан, ки аз имомати Низор дар Эрон дифоъ мекард, равобити худро бо Қоҳира ва давлати Фотимӣ, ки аз бародари кучактари Низор ҳимоят мекард, қатъ кард ва давлат ва ҷомеаи исмоилии низориро поя гузошт.”

Дафтарӣ гуфт: “Дуруст аст, ки Ҳасан аз равишҳои ҳазф истифода мекард, аммо тавсифи Низориҳо ба унвони терурист – ба маънои мудернаш – ғалат аст. Ҳасани Саббоҳ, ки дар соли 1090 пойгоҳи худро дар қалъаи Аламут дар бахшҳои кӯҳистонии Эрон таъсис кард, дар ҳоли муқобила бо як душмани низомии бисёр қудратманд ба номи Салҷуқиён буд. Ӯ наметавонист даст ба ҷанги рӯ дар рӯ бизанад, чун артише ҳамсони артиши онҳо надошт. Дар иваз, ӯ бо ҳадаф қарор додани шахсиятҳои калидии режими ҳоким, маҳалл ба маҳалл, амир ба амир, иқтидори салҷуқиро ба ларза андохт.”

Дафтарӣ афзуд: “Алорағми ин, наметавон Низориҳоро падарони теруристҳои имрӯзӣ донист. Онҳо ҳеч шабоҳате бо теруристҳои мудерн надоштанд. Иллатҳои кори ин ду яксон набуд, абзорҳояшон яксон набуд ва ангезаҳо ва аъмолашон яке набуд. Ин терурҳо бисёр маҳдуд ва ҳадафманд буданд. Онҳо ба дунболи иқдомоти теруристӣ ва куштани мардуми бегуноҳ набуданд.”

Фарҳоди Дафтарӣ изофа кард: “Бо ин ҳол, гузоришҳо ва шойеъоти бисёр иғроқомезе вуҷуд дошт, ки муддаӣ буд, тақрибан ҳар теруре, ки аҳаммияти умдае дар минтақа дошт, кори Низориҳо аст. Аммо дар воқеъ, мадорики таърихии ҳамасри Низориҳо нишон медиҳад, ки дар тӯли 34 соли салтанати Ҳасани Саббоҳ, камтар аз 50 терур тавассути ин гурӯҳ анҷом шудааст.”

Вай афзуд: “Муаррихон, тасарруфи қалъаи Аламут дар соли 1090 тавассути Ҳасани Саббоҳро ба унвони лаҳзаи таъсиси давлати Исмоилияи Низорӣ медонанд. Ин қалъа, ки дар саросари Эрон ва Шом шинохташуда буд, ба муддати 183 сол дар баробари ҳамаи душманон, аз рақибони исломӣ гирифта то салибиҳои масеҳӣ, муқовамат кард. Ин давлат саранҷом дар ҳудуди соли 1256 тавассути муғулҳо аз байн рафт.”

Ба гуфтаи Дафтарӣ: “Дар Шом буд, ки салибиҳо барои аввалин бор дар даҳаи оғозини қарни 12-уми мелодӣ бо Низориҳо рӯбарӯ шуданд. Имрӯза, вайронаҳои қалъаи Мисёф, дежи аслии Исмоилиҳо дар Сурия, ҳанӯз ба ҳамин ном вуҷуд дорад.”

Вай афзуд: “Байни солҳои 1162 ва 1193 мелодӣ, Рашидуддини Синон, раиси давлати Исмоилияи Низорӣ дар Сурия ҳукумат мекард. Марко Поло, сайёҳи маҷорӣ, ба ӯ унвони “пирамарди кӯҳистон” дод ва ӯ бо ин исм дар таърих мондагор шуд. Навиштаҳои Марко Поло бисёре аз афсонаҳои марбут ба “Ҳашшошин”-ро такрор кард ва ба онҳо шоху барг дод. Ин афсонаҳо мегуфтанд, дар қалъаҳои Исмоилия боғҳои махфии биҳиштӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо раҳбари “бадҷинс”-и ин гурӯҳ ба қотилон ҳашиш медод ва онҳоро дар муҳосираи тамоми лаззатҳое, ки дар биҳишт ваъда дода шуда буд, қарор медод. Ҳангоме, ки онҳо ба андозаи кофӣ ба ин лаззатҳои ҷисмонӣ муътод мешуданд, раҳбари Исмоилия ханҷаре ба онҳо медод ва онҳоро барои қатли касе маъмур мекард. Ба онҳо гуфта мешуд: агар муваффақ шудед, ки ба боғи биҳишт бозмегардед ва агар бимиред, руҳи шумо биҳишт меравад.”

Дафтарӣ мегӯяд: “Салибиҳо наметавонистанд фидокории ин мардумро дарк кунанд. Аз ин рӯ, барои тавзеҳ додани рафтори онҳо – ки ба назарашон ғайримантиқӣ меомад – шурӯъ ба ҷаъли ин афсонаҳо карданд. Дар манобеъи исломии он даврон, чунин чизҳое намеёбем, бо ин ки ҳатто аз салибиҳо ҳам нисбат ба Исмоилиён душмании бештаре доштанд.”

Исмоилия ҳанӯз вуҷуд дорад?

Ба гуфтаи Фарҳоди Дафтарӣ: “Имрӯза, Исмоилиёни Низорӣ ҷамъияте ҳудуди 15 миллион нафар доранд ва дар саросари ҷаҳон пахш ҳастанд. Бузургтарин гурӯҳҳои онҳо дар Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва Сурия ва ҳамчунин дар Эрон, шарқи Офриқо, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Омрикои шимолӣ, Бритониё ва чандин кишвари урупоӣ зиндагӣ мекунанд.”

Вай афзуд: “Имоми феълии Исмоилиёни Низорӣ – дар воқеъ 49-умин имоми онҳо – Оқохони чаҳорум аст, ки Муассисаи мутолеоти Исмоилияро дар соли 1977 таъсис кард, ки бузургтарин донишкадаи маорифи исломӣ дар байни соири муассисоти донишгоҳӣ дар Англистон аст.”

Дафтарӣ дар поён ба Arabnews гуфт, ки намехоҳад айши мухотабони сериали телевизионии “Ҳашшошин”-ро дар моҳи Рамазон хароб кунад, аммо инро ҳам гуфт, ки: “Ба ёд дошта бошед, бештари ин достонҳо дар бораи Машриқзамин тавассути ҷангҷӯёни салибии аз ҷанг бозгашта дар Урупо нақл шудааст. Бинобар ин, то замоне, ки ин ривоятҳоро ба унвони достонҳое дар назар бигирем, ки ҳеч иртиботе бо таърихи воқеии Исмоилиҳо надорад, диданашон эроде надорад.”

Arabnews

Манбаъ: Сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ, Фейсбук

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эксперҳо ба террорист будани ин афрод шубҳа доранд
Диндории ҷоҳилона

Матолиби пурбоздид