Нақши дин дар ҷомеа
Нақши дин дар ҷомеаҳо чист?
Қарор аст, дин кадом бахш аз зиндагии инсонҳоро дуруст кунад?
Ҳадди ақалли нақши дин дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсон чист?
“Федор Достоевский, нависандаи рус мегӯяд: Агар Худо набошад, ҳама чиз мубоҳ аст.
Мақсудаш ин аст, ки ҳеч чизи дигаре, ки битавонад воқеан монеи инсон аз анҷоми аъмоли зидди ахлоқӣ бишавад, боқӣ намемонад.
Ӯ назарияи Кант ва дигаронро дар ин замина қабул надорад ва манзураш аз “агар Худо набошад”, – яъне: “агар дин набошад” аст.
Таҷриба нишон дода он ҷо, ки дин аз ахлоқ ҷудо шуда, ахлоқ хеле ақиб мондааст. Ҳеч як аз макотиби ахлоқии ғайри динӣ, дар кори худ муваффақият наёфтаанд. Қадри мусаллам ин аст, ки дин лоақал ба унвони як пуштибон барои ахлоқи башар зарурӣ аст…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Таълиму тарбият дар ислом)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн