Нақши паҳбодҳои исроилӣ дар ҳамла ба Кремл

Нақши паҳбодҳои исроилӣ дар ҳамла ба Кремл

Ахбори байналмилал

Тибқи гузориши вебсойти хабарии Gazeta Metro, чопи Kosovo, Яҳел Вилон сафири Исроил дар Сербистон изҳор намуд, ки паҳбодҳои Исроил мустақар дар Озарбойҷон, дар ҳамлаи артиши Украина ба Кремл нақш доштанд.

Ба ақидаи ин мақоми исроилӣ, шикасти Русия дар ин ҷанг, қатъӣ буда ва Исроил дар ҷашни пирӯзии Украина ва шикасти бузурги Маскав саҳим аст.

Яҳел Вилон дар бораи нақши Исроил дар Сербистон сӯҳбат карда гузорише аз ҷанг дар онҷо ироа додааст. Вай дар гузориши мунташиршуда тасреҳ мекунад, ки тасмими Валадимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҷомеаи яҳудӣ дар Русия паёми ошкори ҷанг алайҳи Исроил буд.

Вай тасреҳ кард, ки беш аз 80 дарсади исроилиҳо аз Украина ва камтар аз 10 дарсад аз Русия ҳимоят мекунанд.

Вилон ҳамчунин аз мусаллаҳ намудани Украина ба сомонаи дифоии Исроил, таҳти унвони кишварҳои аврупоӣ сухан ба миён овард. Вай хотирнишон кард, ки паҳбодҳои эронӣ тавассути сомонаҳои исроилӣ дар Украина мунҳадим шудааст.

Ҳамчунин Вилон дар байни сӯҳбатҳояш афзуд: “Путин бо ҳамкорӣ бо Эрон дар ҷанги Украина иштибоҳи роҳбурдӣ муртакиб шуд, ин ҳамкорӣ боис шуд, Русия дар канори душманони Исроил қарор гирад.

Имрӯз дар Украина мушакҳои зиддитонк, паҳбодҳои бисёр тавонманд, таслиҳоти сойберӣ барои ҷанги электроник ва аз ҳама муҳимтар, нақши мустақими Исроил дар хунсо кардани беш аз даҳ амалиёти террор алайҳи Зеленский ва фармондеҳони аршади артиш нишон медиҳад, ки Исроил вазифаи худро дар ҷанги Украина ба хубӣ анҷом додааст”.

Гузориши комил:

Ҷанг дар Украина муодилоти ҷаҳониро тағйир дод ва таъсири мустақиме бар сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии Исроил дошт. Дар оғози ҷанг, Тел-Авив талош мекард, сиёсати чандбӯъдӣ дар пеш гирад ва дар баробари ҳамалоти Маскав алайҳи Украина сукут ихтиёр кард. Аммо бо ташдиди ҷанг ва мушаххас шудани стротежии хатарноки Путин, вазорати хориҷаи Исроил муҳтотона аз Украина ҳимоят кард ва дар айни ҳол, Маскавро низ маҳкум накард. Тасмими Путин барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҷомеаҳои яҳудӣ дар Русия паёми ошкори ҷанг алайҳи Исроил буд.

Раванди таҳаввулот нишон дод, ки Путин бо бузуртарин душмани Исроил, яъне Эрон, дар ҷанги Украина ҳамкории наздик дорад. Силоҳҳои эронӣ боиси куштори мардум ва яҳудиёни Украина шуд. Аз ин марҳала ба баъд,  шоҳиди шаффофият дар мавозеи сиёсӣ ва низомии Исроил ҳастем ва таҳдидҳои Медведев ва Путин боиси эҷоди шубҳа дар мақомоти Исроил ва артиши Исроил (нируҳои дифоии Исроил) нашуд.

Беш аз 80 дарсади исроилиҳо аз Украина ва камтар аз 10 дарсад аз Русия ҳимоят мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки яҳудиён, Украинаро дӯст доранд ва аз Путин мутанаффиранд.

Русҳо дар ҳар ҷанги бузурге дар тӯли торих, яҳудиёнро қатли ом карданд.

Имрӯза сомонаҳои дифоии Исроил, бо номи кишварҳои аврупоӣ, дар Украина қарор дорад. Паҳбодҳои эронӣ тавассути сомонаҳои исроилӣ дар Украина мунҳадим шуданд. Иттиҳоди Исроил бо Аврупо, бахусус Англия ва Фаронса ва ҳамчунин робитаи стротегӣ бо Амрико боис шуд, Исроил дар канори Аврупо ва Амрико дар муқобили Маскав биистад. Путин бо ҳамкорӣ бо Эрон, дар ҷани Украина, як иштибоҳи стротежик муртакиб шуд. Ин ҳамкорӣ боис шуд, Русия дар канори душманони Исроил қарор гирад.

Имрӯз дар Украина мушакҳои зиддитонк, паҳбодҳои бисёр тавонманд, таслиҳоти сойберӣ барои ҷанги электроник ва аз ҳама муҳимтар, нақши мустақими Исроил дар хунсо кардани беш аз даҳ амалиёти террор алайҳи Зеленский ва фармондеҳони аршади артиш нишон медиҳад, ки Исроил вазифаи худро дар ҷанги Украина ба хубӣ анҷом додааст.

Имрӯза паҳбодҳои исроилӣ дар Озарбойҷон, Туркманистон, Гурҷистон ва Украина мустақар ҳастанд.

Украина дар оянда аз ин зарфиятҳо дар утоқи иттилоот ва амалиёти ҷангӣ хуб истифода хоҳад кард. Ҳамлаи артиши Украина ба Кремл нишон дод, ки Маскав дар баробари силоҳҳои пешрафта тавони муқовимат надорад.

Шак надорам, ки шикасти Русия дар ин ҷанг қатъист.

Исроил дар ҷашни пирӯзии Украина дар муқобили Русия ширкат хоҳад кард. Аммо бояд худро омода кунем то саҳми комили Исроил аз мазиятҳои стротежикро, ки пас аз пирӯзӣ ба Амрико ва Аврупо дода мешавад, бибарем.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Густариши равобити Тоҷикистон ва Олмон
Худшиносии миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ

Матолиби пурбоздид