Нақши пурранги муҳаббат дар тарбият

Нақши пурранги муҳаббат дар тарбият

Сабки зиндагӣ

Бар асоси таъкиди устодон ва мураббиёни ботаҷриба, муҳаббат муҳимтарин ва аслитарин масъалаест, ки дар амри тарбияти кӯдак нақши муҳим ва басазое дорад.

Аз асилтарин ва муҳимтарин эҳтиёҷоти равонии кӯдакон, бархурдорӣ аз муҳаббат аст. Кӯдакон бояд эҳсос кунанд, ки падару модарон бо онҳо самимӣ ва меҳрубон ҳастанд ва ононро ёрӣ мекунанд то баъдҳо масоили худро бо падару модар дар миён гузоранд. Кӯдаконе, ки аз муҳаббати волидайн маҳруманд, дар хона эҳсоси ноамнӣ ва норизоятӣ карда, афсурдаву пажмурда мешаванд.

Аммо кӯдаконе, ки аз муҳаббати волидайн баҳраманданд, эҳсоси оромиши бештаре доранд ва аз руҳияи шод ва эътимод ба нафс ва худбоварии кофӣ бархурдоранд.

Кӯдакон пеш аз обу ғизо, либос, бозӣ ва ҳавои озод, ниёзманди онанд, ки мавриди таваҷҷӯҳи волидайн қарор гиранд.

Муҳаббат таъсири басазое дар тарбияти фарзанд дорад.

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад…

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Фарзандони худро зиёд бибӯсед, зеро ҳар бӯсае барои шумо дараҷае аз биҳишт фароҳам меоварад.”.

Дар муҳаббат ба фарзандон бояд адолат риоят шавад. Паёмбари Акрам(с) фармудаанд: “Миёни фарзандони худ ба адолат рафтор кунед, ҳамчунон ки дӯст доред, байни шумо дар некӣ ва лутф, ба адолат рафтор шавад”.

Падару модарҳо маъмулан нисбат ба фарзандони кучактар муҳаббати бештаре иброз медоранд, ки ин кор боиси озурдагии хотири дигар кӯдакон мешавад ва эҳсоси ҳасодати онҳоро нисбат ба фарзанди кучак бедор месозад.

Аз тарафе ҳам бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки муҳаббати беш аз андоза ба кӯдакон, боиси аз худ розӣ шудани онҳо хоҳад шуд ва дар оянда сабаби сархӯрдагӣ ва шикасти онон мешавад, зеро дар тӯли зиндагӣ ва мавқеиятҳои мухталиф, дар мактаб ва ҷомеа бо мушкилоте бархурд хоҳанд кард ва дигарон монанди волидайн ба онҳо муҳаббат намекунанд.

Муҳаббат дар парвариши руҳу равони кӯдак монанди ғизо барои парвариши ҷисм, зарурист. Ҳамон тавре ки камбуд ё зиёдаравӣ дар обу ғизо, сабаби паёмадҳои номатлубе дар ҷисм мегардад, камбуд ё зиёдаравӣ дар муҳаббат низ боиси ихтилолоте дар руҳу равони кӯдак хоҳад шуд. Бинобар ин, агар риояти эътидолу миёнаравӣ дар ҳар коре шоиста аст, дар муҳаббат низ лозим ва зарурист.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ваъдаҳои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
Баёнияи муқовамати Ғазза дар бораи посух ба тавофуқи пешниҳодии оташбас

Матолиби пурбоздид