Неруи имон дар инсон

Неруи имон дар инсон

“Пайғамбари ислом ба мардуми араб чӣ дод? Ва асосан як одами фақир ва ятим ва касе, ки тамоми қавму қабилааш бо ӯ душман ҳастанд чӣ дошт, ки ба онҳо бидиҳад ва чӣ тавр шуд, ки онҳоро аз он ҷойгоҳи паст ба авҷи иззат расонд?

Имоне ба онҳо дод, ки он имон ба онҳо шахсият дод; якмартиба он араби сусморхӯр, шири шутурхӯр, араби ғоратгаре, ки духтарашро зинда-зинда ба хок мекард, ин эҳсос дар ӯ пайдо шуд, ки ман бояд дунёро аз асорат ва аз парастиш ва итоати ғайри Худо наҷот бидиҳам ва ҳеч аҳаммият намедод, ки эътироф кунад, ки дар гузашта чӣ тавр будааст ва ҳатто ифтихор мекард, ки бигӯяд, ман дар гузашта паст будам, он тавр фикр мекардам, ҳеч собиқаи дурахшони миллӣ надорам, вале имрӯз ин тавр фикр мекунам, аз шумо олитар фикр мекунам. Инро мегӯянд шахсият. Оё калимае ҳаст, ки аз калимаи:

لا إله إلا الله

– бештар ба руҳи инсон ҳамоса ва шахсият бахшад? Маъбуде, мутое, қобили парастише ғайр аз Худо нест. Як ҷирми фалакӣ, як ҳайвон, як санг, як дарахт куҷо ва сари таъзим фуруд овардани як башар куҷо! Ман дар муқобили ғайри Худо, ҳар чи ҳаст, сари таъзим фуруд намеоварам. Ман тарафдори адолатам, тарафдори ҳаққу эҳсонам, тарафдори фазилатам. Ба ин мегӯянд шахсият.”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳамосаи ҳусайнӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бартарии инсон
Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар мекунад

Матолиби пурбоздид