Неруи мусаллаҳи муздурони исроилӣ дар Ғазза
Ташкили як нерӯи мусаллаҳи муздурон аз сӯйи Исроил дар ҷануби Ғазза таҳти фармондеҳии Моҷид Фараҷ
Ахбори байналмилал
Farsnews
Коноли 14 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш кард, ки бо ҳимояти Телавив раиси дастгоҳи иттилооти Ташкилоти худгардони Фаластин дар ҳоли ташкили як нерӯи мусаллаҳ дар ҷануби навори Ғазза аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, раиси дастгоҳи иттилооти Ташкилоти худгардони Фаластин, Моҷид Фараҷ кори ташкили як нерӯи мусаллаҳ дар ҷануби навори Ғаззаро оғоз кардааст. Ин хабарро Коноли 14 телевизиони режими саҳюнистӣ як рӯз пас аз интишори хабаре дар хусуси тамоюли Телавив ба вогузории умури идораи навори Ғазза ба Фараҷ мунташир кард.
Ба иддаои ин расонаи исроилӣ, нерӯи мусаллаҳе, ки Фараҷ дар ҳоли кор бар рӯйи он аст, муташаккил аз хонаводаҳое аст, ки аз Ҳамос ҳимоят намекунанд ва ҳадаф аз ташкили он, созмондиҳии раванди тавзеъи кӯмакҳо аз ҷануб то шимоли навори Ғазза аст.
Пеш аз ин, телевизиони режими саҳюнистӣ эълом карда буд, ки раиси Шӯрои амнияти дохилии Исроил Тсоҳи Ҳенгби, ахиран бо ҳамоҳангии нахуствазир Бенёмин Натонёҳу бо раиси 61-солаи дастгоҳи иттилооти Ташкилоти худгардони Фаластин дидор кардааст.
Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ Йоав Галант низ пешниҳод дода буд, ки пас аз поёни ҷанг, Моҷид Фараҷ ба таври муваққат идораи умури навори Ғаззаро бо кӯмаки шахсиятҳое, ки узви Ҳамос набошанд, бар ӯҳда гирад.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки Фараҷ танҳо гузинаи матраҳи Телавив барои тасаддии ин маъмурият набуд, аммо як мақоми баландпояи режими саҳюнистӣ иддао кард, ки “ин табиӣ аст мо номи Фараҷро биёварем, зеро ӯ беш аз ҳар каси дигаре дар Ташкилоти худгардон Фаластин бо мо алайҳи Ҳамос кор мекард”.
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: