Нигаронии саҳюнистҳо аз оғози “баҳори ибрӣ”

Нигаронии саҳюнистҳо аз оғози “баҳори ибрӣ”

Ахбори байналмилал

Дар ҳоле, ки Натонёҳу тарҳи ислоҳи қазоиро муваққатан мутаваққиф кардааст, шахсиятҳо ва расонаҳои исроилӣ аз эҳтимоли вуқуи баҳори ибрӣ ибрози нигаронӣ карданд.

Исроил дар рӯзҳои ахир шоҳиди бузургтарин тазоҳуроти мардумӣ буд. Бархе расонаҳо аз тазоҳуроти 700 ҳазор нафарӣ алайҳи кобинаи Бинёмин Натонёҳу хабар доданд.

Расонаҳои арабӣ аз таҳаввулоти арозии ишғолӣ бо унвони “баҳори ибрӣ” ёд карданд. Ин тавсифи расонаҳои арабӣ бо асабонияти саҳюнистҳо ҳамроҳ шуд.

Рӯзномаи саҳюнистии “Ҳааретс” бо интиқод аз рӯйкарди расонаҳои арабӣ, бавижа мисрӣ дар қиболи тазоҳуроти ҷорӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, эълом кард, ки истифода аз унвони “баҳори ибрӣ” дар пӯшиши хабарии буҳрони феълии режими саҳюнистӣ навъе шок аст. Ин рӯзномаи ибрӣ тавсифи бархе расонаҳо аз таҳаввулоти Тел-Авив ба унвони “Поёни Исроил”-ро маҳкум кард.

Натонёҳу дар вокуниш ба мухолифати густардаи мардум бо тарҳи ислоҳи қазоӣ, аз таваққуфи муваққатии ин тарҳ хабар дод. Нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбешаб баъд аз фишорҳои фаровону ройзаниҳои густарда бо раҳбарони эътилоф, аз таваққуфи тарҳи ҷанҷолии худ дар бораи системаи қазоии ин режим хабар дод ва гуфт, тасмим гирифтам, ки тарҳи тағйирот дар системаи қазоиро мутаваққиф кунам ва ба гуфтугӯ фурсат диҳам.

Бо ин ҳол, ду иқдоми Натонёҳу сабаби нигаронии саҳюнистҳо шуд.

Иқдоми нахуст, барканории вазири ҷанги Исроил буд. Галант, вазири ҷанги кобинаи Тел-Авив ва аз ҷумлаи аъзои кобина буд, ки интиқоди худ аз тарҳи ҷанҷолии ислоҳоти қазоиро аланӣ кард. Изҳороти Галант боис шуд то Натонёҳу  рӯзи якшанбе (26 март) ӯро барканор кунад. Ин иқдом бо мухолифати густардаи неруҳои артиши режими саҳюнистӣ,  ҳимояти онҳо аз вазири ҷанги ин режим ва ҳамчунин ҳушдори шахсиятҳои саҳюнистӣ ҳамроҳ шуд.

Иқдоми дуввуми Натонёҳу фарохон додан ба ҳомиёни худ барои баргузории тазоҳурот дар ҳимоят аз кобина буд. Ин иқдоми Натонёҳу метавонад бо вокуниши мухолифони басиҷшуда ҳамроҳ шавад ва вуқуи даргириҳои дохилиро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Дар ҳамин росто, Нафтали Беннет, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ низ рӯзи душанбе дар як паёми савтӣ изъон кард, ки “Исроил дар хатарноктарин нуқтаи вуҷуди худ аз замони ҷанг бо Миср дар соли 1973 ба сар мебарад”.

Нуктаи поёнӣ ин ки таваққуфи муваққати тарҳи ислоҳи қазоӣ ба манзалаи поёни буҳрон дар арозии ишғолӣ нест, балки ба манзалаи талоши Натонёҳу барои ба шикаст кашондани тарҳи “убур аз Натонёҳу” аст. Фарохони Натонёҳу ва инсиҷоми мухолифон метавонад заминасози тадовуми буҳрони кунунӣ ва воқеият ёфтани баҳори ибрӣ бошад.

Parstoday

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Умед
Зебо хондани Қуръон

Матолиби пурбоздид