Нигоҳе ба ояндаи ҷанги Исроил алайҳи Ҳамос

Таҳлили хабарӣ

Нигоҳе ба ояндаи ҷанги Исроил алайҳи Ҳамос

Таҳлиле аз Дэниел Байман

foreignpolicy

Таҳлиле аз Дэниел Байман (Daniel Byman) – устоди Донишгоҳи Ҷорҷтоун ва узви аршади Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалӣ, дар нашрияи Foreign Policy:

Биёед як тамрини зеҳнӣ анҷом диҳем. Фарз кунед, алъон 7 октябри 2025 аст, яъне ду сол аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил мегузарад – ки ба кушта шудани 1200 исроилӣ мунҷар шуд – ва сиёсати Исроил дар навори Ғазза аз ҳам пошидааст. Ҳамос низ дар соли 2023 аз вайронаҳои ҷанг наҷот ёфта ва дубора Ғаззаро таҳти контрол дорад ва эътибораш дар каронаи Бохтарӣ ва ҷоҳои дигар низ бештар шудааст. Ҷойгоҳи байналмилалии Исроил аз ҷумла дар Вошингтун низ дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва дар худи Исроил низ ихтилофоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳатто нисбат ба қабл аз ҷанг ҳам афзоиш ёфта ва амалан фалаҷкунанда шудааст. Дардисарсоз аз ҳама нерӯҳои ҷабҳаи муқовамат ҳастанд, ки таҳоҷумитар аз ҳамеша амал мекунанд; Ҳизбуллоҳ бо ҳамалоти мушакӣ шимоли Исроилро ҳадаф гирифта ва Ҳусиҳои Яман низ киштиронии Исроилро дар баҳри Сурх таҳдид мекунанд.

Ин навъ тамрини зеҳнӣ, ки ба унвони “марги пешопеш” шинохта мешавад, шевае аст, ки аввал бор тавассути як равоншинос ба номи Гэри Кляйн барои коҳиши хатари шикаст пешниҳод шуд. Шевае, ки метавонад феҳристе аз мушкилоти эҳтимолии сиёсатҳои мухталиф радиф карда ва раҳбаронро дар иттихози сиёсатҳои беҳтар кӯмак кунад. Ин шеваро ман дар сафари ахирам ба Исроил – ба ҳамроҳи гурӯҳи Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалӣ – ба кор гирифтам ва мутаваҷҷеҳи бархе аз мушкилоте шудам, ки метавонанд боиси шикасти эҳтимолии Исроил дар Ғазза шаванд; мушкилоте, ки метавонад ношӣ аз дастикам гирифтани Ҳамос, тақвияти ғайри амдии ин гурӯҳ, тазъифи инсиҷоми Исроил, шикаст дар раванди интиқол аз марҳилаи ҷанг ба ҳукумат дар Ғазза ва тазъифи равобити Исроил бо Омрико бошад.

Дастикам гирифтани Ҳамос

Исроил, хоҳони нобудии Ҳамос ва куштани раҳбарон ва нерӯҳои низомии ин гурӯҳ аст – ки пеш аз ҳамлаи Исроил дар ҳудуди 25 ҳазор нафар нерӯ дошта ва Исроил иддао мекунад, ки дар ҷанг ҳудуди 7 ҳазор нафар аз онҳоро куштааст. Бо ин ҳол, нобудии комили Ҳамос бисёр-бисёр душвор хоҳад буд ва ин гурӯҳ ҳатто агар ҳам ба шиддат тазъиф шавад, вале боз ҳам ин қудратро дорад, ки дубора дар Ғазза рушд кунад.

Тақвияти ривояти муқовамат

Ҳамос фақат як созмон нест, балки ба маротиб фаротар аз ин аст. Дар воқеъ Ҳамос тавониста таърифи “муқовамат”-ро ба унвони “истифода аз зӯр барои поён додан ба ишғолгарии Исроил ва нобудии режими саҳюнистӣ” дар байни фаластиниҳо, Ҳизбуллоҳи Лубнон, Эрон ва дигар бозигарони минтақаӣ ҷо биандозад. Ҳамлаи 7-уми октябр низ дар ин миён аз сӯйи бисёре аз фаластиниҳо ва дар кулл аз сӯйи ҷаҳони ислом таъйид шуд ва беш аз 80 дарсад аз сокинони каронаи Бохтарӣ аз ин ҳамла ҳимоят карданд. Вокуниши таҳоҷумии Исроил ва сатҳи болои талафоти ғайринизомиён ҳам мӯҷиб шуд бисёре аз афрод ва кишварҳои минтақа эҳсос кунанд равишҳои Ҳамос дар муқобили Исроил дуруст будааст. Ин яъне Ҳамос ё ҳар гурӯҳи муқовамати дигаре, барои рушд дар Ғазза хоки ҳосилхезе дар ихтиёр дорад ва натиҷа ин мавзӯъро дар оянда дар рушди ҳар чи бештари Ҳамос хоҳем дид.

Бӯҳрони бовари умумӣ

Ҳамлаи 7 октябр бисёре аз исроилиҳоро – ки болиғ бар 250 ҳазор нафар мешавад – маҷбур кард хонаҳои худро дар наздикии марзи Ғазза тарк кунанд. Итминон додан ба ин афрод барои бозгашт ба хона, ҳам аз назари низомӣ ва ҳам равонӣ душвор хоҳад буд ва барои ин кор Исроил на танҳо бояд ҳам Ҳамос ва ҳам Ҳизбуллоҳро шикаст диҳад, балки бояд мардуми худро мутақоъид кунад, ки дар амният ҳастанд ва ин амр бо таваҷҷӯҳ ба шикасти иттилоотии Исроил дар 7-уми октябр душвор хоҳад буд.

Ҳизбуллоҳ

Исроил, дар сурати вуқӯъи як ҷанги тамомаёр бо Ҳизбуллоҳ, мумкин аст як фоҷеаи комилро таҷриба кунад. Ба ҳар ҳол, ин гурӯҳи лубнонӣ дар қиёс бо Ҳамос ҷангҷӯёни моҳир ва ботаҷрибаи бисёр бештаре дорад ва зарродхонаи мушакҳо ва хумпораҳо ва муҳиммоти ҳидоятшавандаи дақиқаш низ ба қадре аст, ки таслеҳоти Ҳамос дар баробари онҳо ночиз ҷилва мекунад. Ҳизбуллоҳ то кунун барои нишон додани ҳамбастагӣ бо Ҳамос, ҳамалоти маҳдуде ба Исроил дошта ва Исроил низ ба ин ҳамалот посух додааст. Ин табодули оташ аммо ба роҳатӣ метавонад аз контрол хориҷ шавад ва як даргирии бузургтарро калид бизанад, ки бахусус барои Исроил фоҷеаомез хоҳад буд.

foreignpolicy

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёзи инсон ба касби ахлоқи хуб
Мақоми исроилӣ: Ин ҷанги ҷаҳонии севвум алайҳи Эрон ва исломи родикол аст

Матолиби пурбоздид