Нигоҳе ба торихчаи Иттиҳоди Иқтисодии Авросиё

Таҳлили хабарӣ

Нигоҳе ба торихчаи Иттиҳоди Иқтисодии Авросиё

Таърихчаи пайдоиши Созмони Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)

Ёддоште аз Дадоҷон Ёқубов

Чанд нуктае оид ба таърихчаи пайдоиши Созмони Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО): Ин созмон дар базаи Иттиҳоди гумрукӣ ташкил карда шуда, дар аввалин ҷаласаи Иттиҳоди гумрукӣ бо иштироки сарони давлатҳои Қазоқистон, Русия, Белорусия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли 1995 оиди таъсиси иттиҳоди гумрукӣ шартнома баста шуд.

Вале 6-уми октябри соли 2007, пас аз 12 сол, дар шаҳри Душанбе танҳо давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Белорусия ба шартномаи оиди таъсис намудани қаламрави ягонаи гумрукӣ ва ташкили иттиҳоди гумрукӣ имзо гузоштанд.

Чаро масъули Тоҷикистон имзо нагузошт то ҳол муаммои мутлақ мондааст?

Саволе пайдо мешавад, ки чаро сарвари Тоҷикистон имзо нагузошт?

Ҷавоб: Коршиносон дар чунин назаранд, ки ин масъала масъалаи оилавӣ аст.

28 ноябри соли 2009 дар шаҳри Минск бо иштироки Д. Медведев, Н. Назарбоев ва А. Лукашенко оид ба фазои ягонаи гумрукӣ шартнома қабул карда шуд. Ва аз якӯми июли соли 2010 иттиҳоди гумрукӣ дар қаламрави Русия, Қазоқистон ва Белорусия фаолиятро оғоз кард.

Хонандаи азиз! Дар ин тӯли 12-13 сол чанд миқдор пули тоҷирони тоҷик, дар марзи ин кишварҳо, барои боҷи гумрукӣ ва маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ барои патент ва ба қайдгирӣ дар ин тӯли сипари шуда, супорида шуд. Миллионҳо доллари тоҷирони тоҷик ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишварҳо монд, мумкин миллиардҳо бошад. Ин ба зарари кӣ? Кӣ бояд ҷавоб диҳад?

Дар ҷаласаи навбати, се узви кишвари иттиҳоди гумрукӣ 29 майи соли 2014 ҷамъ омада ва оид ба таъсиси Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба шартнома имзо гузоштанд. Дар шартнома омадааст, ки аз 1 январи соли 2015 фаолият оғоз карда шавад.

Сипас ба Созмони ИИАО, 2 январи соли 2019 Арманистон ва 12 августи ҳамин сол Қирғизистон ворид шуд.

ИИАО сол то сол дар ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ ва савдо, васе шуда истодааст. Ҳоло Молдавия ва Ӯзбекистон ҳамчун нозир дар ҷаласаҳои ИИАО иштирок мекунанд. (Мумкин дар ояндаи наздик Молдавия аз нозири даст кашад. Чунки Молдавия дар солҳои охир ва махсусан ин шабу рӯз, ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯ оварда истодааст).

Аз соли 2015 аввал Ветнам, сипас Сингапур оиди савдои озод бо ИИАО шартнома бастанд. Давлатҳои Камбоҷа, Таиланд ва Индонезия ҳамкории иқтисодиро оғоз карданд. Кишварҳои Сурия ва Тунис нияти ба Созмони иттиҳоди гумрукӣ дохил шуданро доранд.

Моҳи ноябри соли 2019 байни ИИАО бо Сербия шартномаи озоди иқтисодӣ баста шуд. Дар солҳои охир барои савдои озод, байни ИИАО бо кишварҳои Миср, Исроил ва Ҳиндустон гуфту шунид идома дорад.

Дар шаҳри Санкт-петербург, рӯзи 20 декабри соли 2019, роҳбарони кишварҳои ИИАО, манфиатҳои ҳамкорӣ бо Эронро барраси намуданд, созишнома оиди минтақаи тиҷоратии озод бо кишвари Эрон аллакай эътибор пайдо карда аст. Таҳти режими имтиёзнок, Иттиҳод бо Эрон маҳсулоти бофандагӣ, гӯштӣ ва ширӣ, сабзавот, доруворӣ, косметикӣ, ҳамагӣ 360 намуди маҳсулотро ворид мекунад. Эрон ба иттиҳод, тақрибан 500 намуди маҳсулотро пешниҳод менамояд: хӯрокворӣ, қолинҳо, масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои автомобили, сантехникӣ ва ғайра. Масалан боҷи гумрукӣ ба сафолҳо (кафелҳо) тақрибан 50% ва ба дигар маҳсулотҳо 40% кам карда мешавад.

Ба кишварҳои иттиҳод, боҷҳои воридоти ба панир, киви ва кардамон ба сифр баробар мешавад. Эрон боҷи гумрукиро бо маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш хоҳад дод.

Қирғизҳо талаб доранд, ки онҳоро ба долони нақлиётии Шимолу Ҷануб шомил кунанд. Озарбойҷониҳо аз он шоданд, ки кишварашон дар чорроҳаи роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб аст. Сарвазири Куба то ҳол ба ҳайси нозир, ба амнияти озуқаворӣ ва муколамаи воқеӣ дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бунёди хатсайрҳои нави нақлиёт иштирок дорад.

Воқеан Куба на танҳо кишвари сигор, ром, найшакар ва банан аст. Инчунин дарвозаи ИА ба Амрикои Лотинӣ ва ҳам як навъ идомаи лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” то кишварҳои Амрикои Лотинӣ мебошад.

Ва ин роҳ на танҳо барои иқтисод, балки барои энергетика низ ҳаст. Сухан на танхо дар бораи нефть, балки газ, ангишт, сузишворй, пластмасс ва дигар махсулоти дорои дараҷаи баланди коркард — дар бораи иқтисодиёте, ки ба Ғарб зарур аст, гуфта мешавад. Тиҷорат бо онҳое, ки шарту шароитҳои худро муқаррар намекунанд, хеле осонтар ва ҷолибтар аст — дар ин робита, ИИАО, СҲШ ва БРИКС аз ҷаҳони англосаксонӣ ба куллӣ фарқ мекунанд.

Тоҷикистон дар сурати узви Созмони ИИАО шудан, аз Эрон кулли маҳсулоти заруриро бо боҷи гумрукии арзон ворид мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, пас аз ба тавофуқи комил расидан, савдо байни ИИАО бо Эрон эҳтимолан 150% афзоиш хоҳад ёфт. Бо баробари савдои озод, сармоягузории муштарак ҳам афзоиш меёбад.

Аз ин рӯ маълум мешавад, ки ИИАО ояндаи неки иқтисодӣ — сиёсӣ дорад. Ҳар кишваре, ки ба Созмони ИИАО дохил мешавад, дар айни замон, танҳо бурд мекунад ва махсусан кишварҳои ба монанди Тоҷикистон.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматҳо ва андарзҳо – II
Таърих – ганҷинаи дарсу ибрат

Матолиби пурбоздид