Нигоҳе ба филми “Субҳи нахустини ҷавонӣ”

Фарҳанг

Нигоҳе ба филми “Субҳи нахустини ҷавонӣ”

Мирзошо Ватаншоев

Матлабе дар бораи филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» – и Давлат Худоназаров

Филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» дар чаҳорчӯбаю дар маҳдудаи қонуну қоидаҳои замони худ як тозакорӣ буд, як қолабшиканӣ буд. Филм як падидаи тозаи ҳунарӣ ва шоирона аст. Он бо самимияти хоси худ, бо дилгармии худ, бо бардошти навини худ аз зиндагии сокинони як деҳаи кучаки куҳистони Тоҷикистон ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.

Филм чунон эстетикӣ аст, чунон зебост, чунон самимист, аксбардории манзараҳои дилфиреби куҳистонӣ чунон шоиронаву устодона ва бозавқу бомуҳаббат аст, истифодаи суруду мусиқии мардумӣ чунон баҷо ва бамавқеъ аст, ки ҳатто ҷараёни воқеъаҳо ва мавзӯъро, ки дар аксар филмҳо мақоми аввалро дорост, таҳти таъсир қарор додааст.

Маълум, ки дар филмсозии Шуравӣ як равия, як сабке тасаллут дошт, ки шоҳу ҳоким ва муллову шахсияти мазҳабӣ ҳатман бояд қаҳрамони манфӣ мебуданд. Давлат Худоназар аз ҷумлаи коргардонони камшумори он давр буд, ки боҷуръат ин қолабро шикаст.

Ва ин на танҳо фикри ман, балки ақидаи коршиносону мунақиддони риштаи кино аст.

Нақши Азизхон дар филм, ки ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷон бозӣ мекунад дар он даврон як тозакорӣ буд, як навигарии боҷуръатона дар синемои он давр буд. Зимнан, Ато Муҳаммадҷон як нобиға буд дар нақшофаринӣ. Ва нобиғагии у ҳамроҳ бо салиқаи олии бадеӣ ва нозукбинию ҷаҳонфаҳмии муаллифи филм як нақши ҷолибро ба вуҷуд овардааст. Азизхон, дар филм, гарчи як образи бадеӣ аст, на шахси таърихӣ, як шахсияти зодаи даврони худ, мисли ҳар инсони дигар бо заъфу бартариҳояш, бо хулқу атвори худаш тасвир шудааст ва тамошобин ҳеҷ гуна бардошти манфиро аз ин нақш намегирад.

Дар филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» ҳамчунон, симои Халифа Бобокалон як образи нав, як ҷаҳони ҷадид, як навигарӣ, як бардошти ҷолиб аст. Бобокалон шахсияти мазҳабист, фардест пойбанд ба ақидааш, ба ақоиди суннатиаш. У намехоҳад – дурусттараш наметавонад – таҳаввулоти нави иҷтимоиву сиёсиро бипазирад. Ин таҳаввулоту тағйирот барои у номафҳуманд. Аммо барои у деҳаи кучакаш ва сокинони он хеле азизанд. Ин барояш муҳим аст, ҳаётӣ аст. У бо мардуми худ, ба ҳамдеҳаҳои худ меҳри беандозае дорад. У мухолифи зуриву зургуӣ аст, мухолифи хушунату истифода аз силоҳ аст.

– Ӯ мегӯяд:

– Мардуми куҳистони ман ҳаргиз силоҳро бар зидди одам истифода набурдаанд.

Дар мубоҳиса бо намояндаи ҳокимияти нав у мегуяд:

– Ман намедонам эътиқоди ту чист. Аммо ту ба одамони сарзамини ман эътимод дорӣ. Агар эътиқоди ту одамонро хушбахт созад, шояд ин беҳтар бошад. Бобокалон дар айни замон меафзояд:

– Вақте одамон дар бораи тани худ бештар аз рӯҳашон фикр кунанд, ҳар ду аз байн мераванд. Агар мақсаду ҳадафи шумо хушбахтии мардуми ман бошад, ман низ ҳаминро мехоҳам. Барои коратон монеа эҷод намекунам, аммо кумак ҳам намерасонам.

Ин мантиқи уст, мантиқи софдилонаи уст, зеро у риёкор нест.

У дар як иҷтимоъ, дар як гирдиҳамоии ҳамдиёронаш ақидаи худ, андешаи худро дар бораи мушкиле, ки ба сурати ғайримунтазира деҳотиёну ҳамдиёронаш ба он дучор мешаванд, бо қотеияту бо мантиқи махсусу садоқати хоси худ баён месозад.

У мегуяд:

– Тамоми умри ман такягоҳам урфу одат ва расму русуми мардуми ман буданд. Ҳикмати ин расму суннатҳо тайи ҳазорсолаҳо санҷида шудааст. Озодие, ки шумо имруз талқинаш мекунед, фардо фарзандонатон талаб хоҳанд кард ва кӣ медонад ин озодӣ дар дастҳои камтаҷрибаи онон чӣ паёмадеро ба бор хоҳад овард?? Аммо гуфта ҳам наметавонам, ки Нисоро аз деҳа биронед. Зеро хушунату зурӣ ҳеҷ гоҳи хоси мардуми ман набудааст.

Бобокалон фикрашро мегуяду иҷтимоъро тарк мекунад, то дар тасмимгирӣ ба ҳамдиёронаш халал нарасонад. Ин солманди куҳистонӣ, ин пири хирадманд тасмимгарии ниҳоиро ба уҳдаи деҳотиёни худ вогузор менамояд, то онҳо худ мустақилона ба як қарор биёянд. У намехоҳад ақидаашро бар дигарон бор кунад, у намехоҳад иродаи худро бар ҳамдиёронаш таҳмил намояд. Инҷост, ки хирадмандии у зоҳир мешавад. У намехоҳад мушкил ба нооромӣ анҷомад, у ба ақидааш итминон дорад, аммо фикру ақидаи ҳамдиёронаш барои у муҳимтар аст.

Халифа Бобокалон як шахсияти мазҳабист, аммо ифротӣ (экстремист) нест, ҷомидфикр (догматик) нест, балки эҳтиёткор аст. Шояд у зарурати таҳаввулоти иҷтимоиро дарк намуда бошад ҳам, вале ба хотири риояи сунану одот, расму русуми мардумӣ, намехоҳад ин андешаву эҳсоси худро ошкор созад. У муътақид аст, ки риоя накардани расму русуми бобоӣ ва сарпечӣ аз он паёмади номақбул хоҳад дошт.

Бобокалон ба мақсади розӣ кардани Нисо ба бозгашт ба назди шавҳараш уро назди худ мехонад. Аммо у ба Нисо амр намедиҳад, у фармон намедиҳад, у овоз баланд намекунад. Вай мегуяд:

– Ман мехоҳам бо ту машварат кунам, духтарам.

Ва ҳамин сухани хушу рафтори мулоими у ва муҳокимаронии мантиқию самимии у аз ҳазорон фармон муассиртару таъсирноктар воқеъ мегардад.

Халифа Бобокалон дар ниҳояти амр ҷонашро ба хотири оромишу осудагии ҳамдиёронаш қурбон месозад.

Вай ба охирин иқдом, ба охирин чора, ки куҳистониён дар ҳассостарин ва дар лаҳазоти сарнавиштсозу сарнавиштсуз ба он мутавасил мешаванд, даст мезанад, саллаи худро боз мекунад, бар гарданаш меовезад ва сарлуч дар баробари зӯргуён ба по рост меистад. Ин пири солманд, ин пири хирадманд бо сари луч, бо мую риши сапед ночор сангинтарин, ваҳшатноктарин калимоти куҳистониёнро ба забон меорад, то силоҳбадастон ба деҳааш ворид нашаванд ва худое накарда дар деҳаи азизаш нохушие, хунрезӣ рух надиҳад. Аз шунидани ин суханони барои ҳар куҳистонӣ сахту даҳшатнок мурғак бар андом меуфтад, рагу паи инсон шах мешавад, хуни гарм дар бадан ях мекунад:

– Ман ғуломи туям хон, ба қишлоқ раҳм кун!

Аммо ҳатто ин охирин чораи у коргар намешавад ва Бобокалон ҳадафи тир қарор мегирад. Тир мехураду ба санг такя намуда ҷон медиҳад. Мисли ҳар куҳистонии дигар охирин такягоҳаш санг мешавад. Санги барои ҳар куҳистонӣ муқаддас. Ва охирин нигоҳаш… Охирин нигоҳаш оҳиста-оҳиста аз осмони нилии куҳистонӣ ба куҳҳо лағжида фано мешавад. Ин нигоҳ як ҷаҳон маъниро дар худ нуҳуфта, як ҷаҳон маъние, ки ҳар кас бояд тибқи фаҳму салиқаи хеш таъбираш намояд…

Имруз тасвири як чунин симоҳо дар филмҳою осори бадеӣ як амри маъмулист, аммо он замон ин кор воқеан як тозакорӣ ва ҷуръатталаб буд.

Ва ниҳоят, бояд ёдовар шуд, ки чанд сол қабл дар матбуот бар сари ин ки кадом филмҳои дар Тоҷикистон офаридашуда дар даврони Шӯравиро метавон кинои миллӣ номид, баҳсе созмон дода шуд ва мунаққидону коршиносони синемо бо як ҳафикрӣ филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ»-ро дар ҷумлаи кинои миллӣ шомил карданд ва ин ҷо фақат ибрози назари ду нафар – Иброҳим УСМОН – олиму рузноманигори маъруф ва Саъдулло РАҲИМ – киношиноси шинохтаро дар бораи ин филм иқтибос меорам.

Иброҳим Усмон:

«…ё филми дигар “Субҳи нахустини ҷавонӣ” мубаллиғи покии тинати тоҷикона буд. Дидани ин филм меҳрро нисбат ба халқи тоҷик, маданияти тоҷик, одобу ахлоқи тоҷик зиёд мекунад, ба офарандаи ин филм ҳамчун ба шахси ифтихорманд аз маданияти тоҷик муносибат мекунад. Пас уро дӯст надошта наметавонам.

Саъдулло Раҳим:

“Муҳоҷир”-и Комил Ёрматов, “Қисмати шоир” ва силсила филмҳои Б.Кимёгаров, ки мазмун аз “Шоҳнома” аст, “Ман бо духтаре вохурдам”-и Р. Перепштейн, “Марги судхур”-и Тоҳир Собиров, “Адониси Х1У” – и Бақо Содиқов, “Субҳи нахустини ҷавонӣ” ва “Марди роҳ”-и Давлат Худоназаров, ки дар давраи авҷи идеологияи советӣ сохта шуда буданд ва ҷанбаи ҳунариашон хеле баланд аст, дар асл шояд кинои миллӣ донистан равост. Дар ин асарҳо неруи маънавӣ ва воқеияти зиндагии миллат бо истеъдод ва масъулияти баланди эҷодӣ таҷассум ёфтаанд”…

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Мирзошо Ватаншоев

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар нигористони сухан
Оини шукргузорӣ

Матолиби пурбоздид