Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – I
Маърифат
Ҳазрати Исо(а) аз паёмбароин улулазми Худованд ва соҳиби шариат мебошанд. Дар ин навишта муаллиф нигоҳе андохтааст ба шахсияти ин паёмбари илоҳӣ дар Қуръон ва Инҷил.
Бахши аввал:
Шахсияти ҳазрати Исо (а) дар Қуръон
Қуръони Карим ҳазрати Исо (а)-ро ин гуна муаррифӣ мекунад: ӯ аз паёмбарони улулазм (соҳиби шариат) аст, ки Худованд вайро бар бисёре аз паёмбарони дигар бартарӣ бахшида ва нишонаҳое равшан ва мӯъҷизаҳои бисёреро тавассути ӯ намоён намудааст. (Сураи Бақара, ояти 253)
Ӯ “Руҳуллоҳ” , “Калиматуллоҳ” (Сураи Нисо, ояти 171) ва таъйидшуда ба “Руҳулқудс” аст. (Сураи Бақара, ояти 78)
Ҳазрати Исо (а) дорои хилқате истисноӣ ва мӯъҷизаосост ва монанди ҳазрати Одам (а) бо иродаи хосси Худованд, бидуни падар, мутаваллид шудааст. (Сураи Оли Имрон, ояти 59)
Вай қабл аз ҳар чиз худро “абд” (банда)-и Худое медонад, ки ӯро паёмбар ва вуҷудашро “муборак” қарор дода (Сураи Марям, оятҳои 30-31) ва барои ӯ “Инҷил”-ро оварда, ки мояи нур ва ҳидоят аст. (Сураи Моида, ояти 46)
Саранҷом, ҳангоме ки тавтиаҳо барои қатли ҳазрати Исо (а) шиддат гирифт, Худованд ӯро аз шарри душманонаш наҷот дод ва ба сӯйи худ боло бурд (Сураи Нисо, оятҳои 157-158) ва бад-ин тартиб уруҷи Масеҳ оғоз шуд. Ҳузури муҷаддади ӯ дар миёни мардум, гувоҳи наздикии қиёмат хоҳад буд.
Бахши дуввум:
Шахсияти ҳазрати Исо (а) дар масеҳият
Дар масеҳият, бардоштҳои мутафовите аз шахсияти ҳазрати Исо (а) шудааст. Бино ба навиштаи нависандагони Инҷилҳои ҷаҳоргона ва навиштаҳои Пулус (Paul) ва эътиқодномаҳое, ки арбоби калисо тасвиб кардаанд, шаклҳои мухталифе — аз бандагӣ то худоӣ — барои он ҳазрат (а) тарсим мешавад.
Дар маҷмӯъ, талаққии масеҳият аз ҳазрати Исо (а) бад-ин қарор аст:
- Исо ба қудрати Худо (Руҳулқудс) дар шиками бонуи муқаддасе ба номи Марям қарор гирифт ва аз вай зода шуд: “Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Руҳулқудс ҳомиладор аст.” (Инҷили Матто, 1:18)
- Исо “бандаи Худо” аст: “Исо ба вай ҷавоб дод: “Аввалини аҳком ин аст: “Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст.” (Инҷили Марқус, 12:29), “Шумо (эй сомариён!) он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем…” (Инҷили Юҳанно, 4:22), “Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, бандаи худ Исоро ҷалолат бахшид…” (Аъмол, 3:13)
- Ӯ “Масеҳ” аст; ҳамон мунҷие, ки паёмбарони Банӣ Исроил ваъда дода буданд, ки барои наҷоти қавми яҳуд меояд.
- Исо он “шабони некӯ” аст, ки вазифааш иршоди халқ аст. Ӯ “роҳ”, “ҳақиқат” ва “зиндагӣ” аст; роҳест ба сӯйи Худо, ки ҳақиқатро ба армуғон оварда ва мардумро ба зиндагии ҳақиқӣ раҳнамун мешавад. Яъне ӯ паёмбари Худост.
- Ӯ “сурати Худои нодида” ва ҷилваи башарии Худост. Аз тариқи ӯ, бо бархе аз сифот ва камолоти Худо ошно мешавем.
- Исо (а) “писари Худо” аст. Ва чун замон ба камол расид, Худо писари худро фиристод, ки аз зан зоида шавад. Аз назари мутакаллимони масеҳӣ, “писари Худо” бад-ин маъност, ки Исо чизе ҷуз иродаи Худоро таҳаққуқ намебахшад. Ва ҳадаф изҳори ташобуҳ ва ҳамгунӣ дар зот ва сифот ва ҷавҳар аст. Ва Масеҳ нури Худо ва тасвири ҷавҳари Худост. Ӯ дар бораи худаш гуфтааст: “Ҳар кас маро бибинад, Худоро дидааст”, “Ман ва падар яке ҳастем.”
- Ӯ калимаи Худост. Масеҳиён (бахусус бо истинод ба Инҷили Юҳанно) имон доранд, ки Исо инсонест, ки калимаи Худо дар ӯ зист мекунад. Паёме азалӣ, ки Худои Ҳаким ҳар чизро ба василаи он офарид. Бо таҷассум ёфтан дар Исои инсон, дар миёни башар хаймаи хешро барафрошт. Паёми азалӣ бо қарор гирифтан дар Исои инсон, ба шакли инсоне зист мекард, ки монанди ҳамаи мардум барои таҳсили луқмае мекӯшид, мехӯрд ва менӯшид, дӯстон ва хешовандоне дошт, ранҷ кашид ва мурд. Танҳо тафовути Исо бо дигарон ин буд, ки муртакиби ҳеч гуноҳе нашуд.
- Исо “Худованд” аст. Яъне мавлое, ки қудрат ва султа дорад. Ба эътиқоди масеҳиён, ҳангоме ки Худо Исоро аз миёни мурдагон барангехт, ин лақабро ба ӯ ато кард ва ишора ба миёнҷӣ будани ӯ байни Худо ва башар ва нишастани ӯ бар тарафи рости Худованд барои доварӣ дар “рӯзи вопасин” дорад.
Шахсияте, ки масеҳият ба ҳазрати Исо (а) медиҳад, “улуҳият” аст. Дар Инҷили Юҳанно ва рисолаҳои Пулус ва эътиқодномаҳо, Исо “Худо” номида мешавад: “Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд… Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт…” (Инҷили Юҳанно, 1:1)
Дар “Эътиқодномаи Ниқеҳ” (Nicene Creed = Никейский Символ веры) пас аз он ки ибтидо Исо Худованд номида мешавад, ба унвони “Худои ҳақиқӣ” муаррифи мегардад: “Ягона мавлуд, ки аз зоти Падар аст, Худо аз Худо, Нур аз Нур, Худои ҳақиқӣ аз Худои ҳақиқӣ, ки мавлуд аст, на махлуқ, аз як зот бо падар…”
Дар эътиқодномаи Отоносюс (Athanase d’Alexandrie = Афанасий Великий) омадааст: “Аммо улуҳияти Падар ва Писар ва Руҳулқудс воҳид аст. Онҳо дорои ҷалоли яксон ва шукӯҳ ва азамати ҷовидон ҳастанд. Ҳар он чи Падар бошад, Писар низ ҳамон аст ва Руҳулқудс низ бад-ин шакл аст: Падар номахлуқ аст, Писар номахлуқ аст, Руҳулқудс низ номахлуқ аст. Падар номутаноҳӣ аст, Писар номутаноҳӣ аст, Руҳулқудс низ номутаноҳӣ аст. Падар абадӣ аст, Писар абадӣ аст, Руҳулқудс низ абадӣ аст…”
Мулоҳизоте бар талаққии масеҳиён аз шахсияти ҳазрати Исо (а)
Талаққии масеҳиён аз ҳазрати Исо (а) ба унвони мавлуди муқаддас, масеҳ (муборак), бандаи Худо ва паёмбаре бузург ва соҳиби мӯъҷизоти фаровон, мавриди таъйиди Қуръони Карим қарор гирифта ва аз назари ақл низ ишколе бар он нест. Аммо бардошти онон аз шахсияти он ҳазрат бо унвонҳое ғулувомез, дуруст нест. Шояд таваллуди хориқулода ва ё мӯъҷизоти ҳайратовари он ҳазрат – мисли зинда кардани мурдагон ва шифои беморони лоилоҷ ва ғайра — боис шуда бошад, ки масеҳиёни аввалия он ҳазратро “писари Худо” биноманд, аммо ба назар мерасад ин як унвони ташрифӣ бошад, ки далолат бар умқи муҳаббат мекунад, вале кам-кам ин унвон ба шакли воқеӣ матраҳ шуд ва эълом гардид, ки мақсуд ҳамзот ва ҳамҷавҳар будани Масеҳ бо Худост ва шахсияти Исо аз бандагӣ ба фарзандӣ иртиқо ёфтааст ва ин на танҳо мухтасси ӯ, балки шомили тамоми мӯъминон ба он ҳазрат низ мешавад ва натиҷааш раҳоӣ аз шариат аст: “Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед.” (Ба Ғалотиён, 3:26)
Мулоҳизае, ки бар ин талаққии масеҳиён аз шахсияти Исо (а) бояд бишавад ин аст, ки агар манзур писар будани воқеии ҳазрати Масеҳ ё умуми масеҳиён бошад, сар аз ширк дармеоварад; зеро ҳамзот ва ҳамҷавҳар будани касе бо Худо, ба маънои вуҷуди ду Худо ва бештар мешавад, ва ин мухолифи тавҳид аст. Ва агар мақсуд аз писар будан, унвони муқобил бо “абд” ва “банда будан” аст, бо ҷойгоҳи воқеии инсон дар баробари Худо созгор нест; зеро робитаи инсон бо Худо робитаи “абд бо мавло” ва “мамлук бо молик” аст. Ва агар касе бихоҳад робитаи Худо бо як инсон (ҳарчанд як паёмбари бузург бошад)-ро ба шакли робитаи “падару фарзанд” тасвир кунад, ҳатто агар ин тасвир маҷозӣ ва ташрифӣ бошад, комилан ба хато рафтааст.
Аммо ишколи асосӣ, бар талаққии масеҳиён аз шахсияти ҳазрати Исо (а) ба унвони “Худо” аст, ки ширки сареҳ ва дугонапарастӣ аст ва ба куллӣ дур аз таълимоти як дини илоҳӣ ё ақли салим аст.
Аз ихтилофоте, ки дар миёни фирқаҳои мухталифи масеҳӣ вуҷуд дорад ин гуна бардошт мешавад, ки масеҳиён талаққии возеҳ ва равшане аз шахсияти ҳазрати Исо (а) надоранд ва худ низ наметавонанд ба таври қотеъ дар мавриди вай изҳори назар кунанд.
Оё Исо Худост ё писари Худо ё бандаи Худо? Ҳар фирқа назарияеро тақвият ва назарҳои дигарро рад карда ва ҳар гуруҳ гуруҳи дигарро ба инҳироф ва бидъатгузорӣ муттаҳам намудааст. Ҳар кадом барои табйини шахсияти Масеҳ матолиберо изҳор ва назарияҳои дигарро тақбеҳ намудаанд. Дар шӯроҳои мухталиф муноқишотро матраҳ карда ва дар садади чораҷӯӣ баромадаанд ва дар ниҳоят, дар соли 451 милодӣ, калисо тавонист дар Шӯрои Халкидун (Council of Chalcedon = Халкидонский собор) мавозеи воҳиде дар қиболи шахсияти Масеҳ иттихоз кунад; мавзеъе, ки авзоъро печидатар сохт:
“Як Исои Масеҳ вуҷуд дорад, ки дорои ду зот аст, яъне дорои зоти инсонӣ ва зоти илоҳӣ аст. Ӯ воқеан инсон ва воқеан Худост ва дорои бадан ва руҳ аст. Ӯ аз назари илоҳӣ, бо Худои падар ҳамзот аст, ва аз назари инсонӣ, бо инсон ҳамзот аст, вале ҳеч гуноҳе надорад. Аз назари улуҳият, қабл аз оғози замонҳо аз Худо мавлуд гардид, ва аз назари инсонӣ, аз Марями бокира мутаваллид шуд. Тамоюз байни ду зот бар асари иттиҳод бо якдигар, аз байн нарафта, балки хусусиёти онҳо ҳифз, ва дар як шахс идғом гардидааст. Исо ду шахс нест, балки як шахс ва писари Худост.” (Wikipedia)
Ин эътиқоднома барои шиносоии Масеҳ натавонист кӯмаке ба масеҳиён бикунад; зеро муҷаддадан вайро ҳам Худо дониста ва ҳам писари Худо ва ҳам як инсони маъмулӣ, вале бегуноҳ. Ба илова, таноқузоте, ки дар матни ин эътиқоднома вуҷуд дорад, ҷуз ибҳом ва таҳайюр чизе ба армуғон намеоварад. Донишмандони масеҳӣ худ ба асроромез будани талаққии фавқ эътироф намуда, ҳалли онро аз тариқи мукошифа имконпазир медонанд. Албатта ин мавзӯе аст бисёр асроромез. Чӣ тавр мумкин аст Масеҳ ду зот дошта, вале як шахс бошад? Ҳарчанд дарки ин мавзӯъ мушкил аст, вале китоби муқаддас моро ба фаҳми он ташвиқ мекунад. (Ба Қӯлассиён, 2:2-3) Бино бар ин навиштаҳо, Исо эълом медорад, ки барои дарки воқеии ӯ эҳтиёҷ ба мукошифае илоҳӣ вуҷуд дорад. (Инҷили Матто, 11:27). Албатта, дар масеҳият умури зиёде ба чашм мехӯрад, ки масеҳиён ба номаъқул будани онҳо эътироф доранд, вале бо ин ҳол, даст аз имони худ намекашанд ва ҳатто ба ин имон ифтихор ҳам мекунанд!
Идома дорад…
Манбаъ: kemya.org (Кимиёи саодат)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн