Нишасти дабири кулли OSCE ва вузарои умури хориҷаи Осиёи Марказӣ
Ахбори минтақа
Дар шаҳри Ишқобод, нишасти дабири кулли OSCE (САҲА – Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) Ҳелго Шмид бо вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ин нишаст, ба барарсии фурсатҳои калидӣ ва муҳимми равобити минтақаӣ пардохта шуд.
Мушкилоти муштараки минтақаӣ, вазъияти Афғонистон, хатари терроризм, амнияти минтақа, ҳамлу нақл ва тронзит, обу ҳаво, баррасии равишҳои ҳимояти САҲА аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баррасии будҷаи куллии ин созмон, аз ҷумла мавзӯоти меҳварии гуфтугӯ дар ин нишаст буд.
Ҳелго Шмид дар нишастаҳои ҷудогона низ бо чандин мақоми олирутбаи Туркманистон ба гуфтугӯ хоҳад пардохт.
Қаламонлайн