Ниёзи илм ба фалсафа
Чаро илм ба фалсафа ниёз дорад?
Ба қалами Сино Фаллоҳзода – пажуҳишгари эронӣ
Аз даврони бостон то сароғози даврони мудерн, улуми табиӣ ва риёзӣ ҳамеша бо фалсафа тавъам будаанд. Бисёре аз андешамандони бузурги даврони бостон назири Афлотун ва Арасту, ки мо имрӯза бештари онҳоро ба хотири нубуғи фалсафиашон мешиносем ва меситоем, дар улуми табиӣ ва риёзии даврони худ низ саромад буданд.
Ин нукта ба ҳамон сурат дар бораи андешамандони бузурги тамаддуни исломӣ низ содиқ аст. Барои мисол, Бӯалӣ ва Форобӣ ва Хоҷа Насир илова бар ин ки файласуфони бузурге буданд, дар улуми табиӣ ва риёзии даврони худ низ аз саромадон ба шумор меомаданд.
Дар оғози даврони мудерн ва қарнҳои пас аз ренусонс, ҳанӯз ҳам ин ҷамъ байни пардохтан ба фалсафа ва табаҳҳур дар соири улумро дар андешамандоне монанди Декорт, Лойбнитс, Нютон, Поскол, Конт ва ғайра мушоҳида мекунем. Ин масъала бо нисбатҳои мухталифе дар мавриди бархе аз файласуфону донишмандони қарнҳои 19-ум ва 20-ум назири Ҷон Стуорт Мил, Гутлуб Фреге, Ҳенри Пуинкоре, Эрнест Мох ва ҳатто бархе аз чеҳраҳои наздик ба даврони мо назири Корл Пупер ва Имре Локотуш низ содиқ аст.
Аммо рафта-рафта бо густурдатар шудани ҳаҷми иттилоот ва амиқтар шудани шохаҳои гуногуни дониши башарӣ, дигар имкони мутахассис шудан дар чанд ришта барои як фард аз миён рафтааст ва ба ҷойи файласуф-донишмандони қаблӣ бештар бо мутафаккирону муҳаққиқоне рӯ ба рӯ шудаем, ки танҳо дар яке аз риштаҳо (илмӣ, муҳандисӣ ё фалсафӣ) тахассус ва салоҳият барои изҳори назар доранд.
Имрӯза агар бибинем ду устоди физик, ки дар як депортумон ва дар як гароиш кор мекунанд, ин ки натавонанд аз корҳои ҳамдигар сар дарбиёваранд, чандон аҷиб нест ва тасаввури ин ки устодони улуми поя ё муҳандисӣ аз корҳои файласуфон сар дарбиёваранд, табиатан бисёр дур аз зеҳн аст. Ин вазъият ба навбаи худ ба ин фарз дар миёни бархе аз донишмандон доман задааст, ки асосан илму фалсафа ҷудо аз ҳам ҳастанд ё ҳатто ба наҳве бо ҳам зиддият доранд.
Агарчӣ таъсири пешрафтҳои илмӣ бар баҳсҳои фалсафӣ то ҳадди зиёде равшан аст, мумкин аст дар бораи акси ин робита, яъне таъсироте, ки фалсафа метавонад бар илм дошта бошад ва кӯмакҳое, ки метавонад ба басту густариши он бикунад, бо ибҳомоте рӯ ба рӯ шавем. Барои мисол, Ричорд Фейнмон (Richard Feynman), физикдони маъруфи омрикоии қарни 20-ум, дар ҷойе гуфта буд: “Фалсафаи илм барои донишмандон ба ҳамон андоза муфид аст, ки илми парандашиносӣ барои парандагон.” (1) Дар воқеъ бисёре аз донишмандон тасаввур мекунанд, ки файласуфон дар арсаи илм нақши туристҳоеро доранд, ки танҳо аз сари тафаннун ба баҳсҳои илмӣ алоқа нишон медиҳанд; дар ҳоле, ки донишмандон шабеҳи кошифоне ҳастанд, ки бо талоши тоқатфарсои худ, ношинохтаҳоро кашф мекунанд.
Бар хилофи ин назари Фейнмон, Эйнштейн ақида дошт, ки таваҷҷӯҳ ба фалсафа ва таърихи илм нақши муҳимме дар омӯзишу пажӯҳиши илмӣ ифо мекунад, ки наметавон ва набояд аз он ғофил буд. (2)
Дар ин мақола мекӯшем нишон диҳем, ки тасаввури фосила миёни илм ва фалсафа ба ҳеч рӯй бо воқеияти илм ва кори илмӣ ҳамхонӣ надорад ва фалсафа метавонад дар мавориди бисёре ба пешрафти илм кӯмак кунад; чунонки дар тӯли таърих кардааст.
* * *
Барои ин манзур, баҳсро дар чанд меҳвари аслӣ пай мегирем:
Баҳсҳои марбут ба ғояти илм ва иртиботи илму ахлоқи илм, дар бисёре аз маворид дар бораи ғояти фаъолияти илмӣ сокит аст, аммо ба роҳатӣ метавон нишон дод, ки баҳсҳои марбут ба ҳадафи ниҳоӣ ва ғояти ҳар фаъолияти илмӣ, дар ҳар сатҳе, бояд ҳамеша пеши чашми муҳаққиқон бошад, вагарна саҳл аст, ки он фаъолияти илмӣ аз маъно тиҳӣ ва осебзо шавад.
Дар саросари ҷаҳон бисёре аз касоне, ки абарпружаҳои илмӣ ва текнулужикро таъриф мекунанд, маъмулан дарки дурусте аз ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳон надоранд ва “фоидаҳое”, ки бар асоси онҳо, ба таҳқиқоти илмӣ мепардозанд, дар воқеъ заруратҳои моддии зудгузаре ҳастанд, ки сирфи додани сифатҳое назири “истротежик” (стратегӣ) ба онҳо, ба ҳеч ваҷҳ наметавонад аз беҳудагӣ ва сатҳӣ будан ва гоҳе ҳатто зараровар будани онҳо барои ҳолу ояндаи башар кам кунад.
Ин масъала амре ҷаҳонӣ аст ва чунонки мумкин аст ба назар бирасад, аслан ихтисосе ба ҷаҳони севвум надорад. Вақте ба илм сирфан ба унвони абзоре дар хидмати қудрат нигариста шавад, бурузи чунин масоиле аслан дур аз интизор нест. Табиатан агар фалсафа ва ба вежа навъе аз фалсафаи ахлоқ, дар кори ин гуна аз назариянависиҳо дахолат дода нашавад, вазъ ҳамвора ба ин минвол хоҳад буд. Аз даврони равшангарӣ ба ин сӯ, бо равшан шудани тамоюзе, ки миёни ҳақоиқ ва арзишҳо вуҷуд дорад, ба тадриҷ илму ахлоқ ба ду ҳавзаи комилан ҷудо аз маърифати башарӣ табдил шуданд, ки майдони аввалӣ ба пажӯҳиши “ҳаст”-ҳо, ва майдони дуввумӣ ба баррасии “бояд”-ҳо маҳдуд шуд.
Дуруст аст, ки ахлоқ ҷойе дар равишшиносии илмӣ надорад, аммо фаъолияти илмӣ ба унвони як фаъолияти иҷтимоӣ, дар ҳеч сатҳе ва ба хусус дар сатҳҳои калон, бениёз аз ахлоқ нест. Илм наметавонад беахлоқ бошад, аммо табиатан ниёзи текнулужӣ ба ахлоқ ба маротиб бештар аз улуми маҳз аст.
Аз як дидгоҳ, бисёре аз пружаҳои калоне, ки дар арсаи улуми маҳз таъриф мешаванд, дар воқеъ фароҳамкунандаи ниёзҳои улуми корбурдӣ ва текнулужӣ ҳастанд. Дар воқеъ имрӯза ба хубӣ мушаххас шудааст, ки робита миёни улуми поя, улуми корбурдӣ ва текнулужӣ, чандон ҳам саррост нест ва ба роҳатӣ наметавон миёни онҳо тафкик қоил шуд. (3) Ҳеч илми маҳзе маҳз нест ва ҳамеша донишмандон ва сиёсатмадорон нимнигоҳе ба корбурдҳои он чи рӯи он кор мекунанд, доранд.
Аз ин ҷиҳат, текнулужӣ муқаддам бар илм шудааст ва рӯз ба рӯз бо болотар рафтани ҳазинаҳои иктишофоти илмӣ, ин ваҷҳи муқаддам ва асл будани текнулужӣ бештар намоён мешавад. Наметавон сирфан аз рӯи кунҷковӣ милёрдҳо дулор сармоя ва умри ҳазорон нафар муҳаққиқро бар сари пружаҳои баландпарвозона ҳадар дод.
Дуруст ба далели ҳамин тақаддуми текнулужӣ бар илм аст, ки илму текнулужӣ ҳар ду ба ахлоқ ва аз ин рӯ ба таъаммулоти амиқи фалсафӣ ниёзи мубрам доранд. Текнулужӣ аз он рӯ, ки бо тағйири ҷаҳон нисбат дорад, ниёзманди ахлоқ ва ба вежа навъе аз биниши ахлоқӣ аст, ки нисбат ба масоили муҳити зист ҳассос бошад, чаро ки масъалаи муҳити зист бо тамоми ояндаи башар гиреҳ хӯрдааст ва пешрафтҳои текнулужикӣ чунончи нисбат ба он бетафовут бошанд, метавонанд ба бурузи фоҷеаҳои ба маротиб бештар аз он чи то кунун рақам хӯрдааст, мунҷар шаванд.
* * *
Равишшиносии илм ва тафкики илм аз ғайри илм
Ин ки тафовути гузораҳои илмӣ ва гузораҳои ғайри илмӣ дар чист ва ба чӣ далел афрод метавонанд рӯи гузораҳои илмӣ ҳисоби вежае боз кунанд ва онҳоро барои мисол аз гузораҳои марбут ба дониши рӯзмарра мӯътабартар бидонанд, яке аз мавориде аст, ки худи илм аз посух додан ба он нотавон аст.
Ба ин лиҳоз, барои баррасии равишшинохтии дониши илмӣ ниёз ба фалсафа ва муқаддамоти фалсафӣ дорем. Илм бо устура ва дониши рӯзмарра тафовут дорад ва нишон додани ваҷҳҳои ин тафовут аз ӯҳдаи худи илм хориҷ аст. То кунун талошҳои фаровоне барои нишон додани ваҷҳи тамоюзи дақиқи илм аз ғайри илм сурат пазируфтааст.
Ба вежа аз охирҳои қарни 19-ум ва аввалҳои қарни 20-ум, ки “фалсафаи илм” ба унвони як риштаи донишгоҳии мутамойиз дар кишварҳои урупоӣ шурӯъ ба кор кард, талошҳо барои ба даст додани фаҳми дақиқ аз моҳияти гузораҳои илмӣ ва ҳамин тавр меъёрҳои тафкики илм аз ғайри илм, ба як дилмашғулии умда барои файласуфони илм бадал шуд.
Аз сӯи дигар, бояд диққат кард, ки тамоми талошҳое, ки барои ёфтани чунин меъёри дақиқе анҷом шуданд, ҳар кадом ба наҳве дучори мушкил шуда ва шикаст хӯрдаанд. Барои мисол, нокоромадии дидгоҳҳои позитивистҳои ҳалқаи Вен бо талошҳои Пупер бармало шуд ва нокоромадии меъёри “бутлонпазирӣ”-и пуперӣ дар равишшиносии илмӣ низ тавассути мунтақидони маъруфаш назири Куҳен ва Фейеробенд мушаххас шуд.
Имрӯза ба хубӣ равшан шудааст, ки тавассул ба меъёрҳое назири “бутлонпазирӣ” дар тавзеҳи бисёре аз мафоди таърихи илм короии чандоне надорад, аммо аз сӯе ҳанӯз ҳам ба чунон вазъе аз ошуфтагӣ дучор нашудаем, ки тан ба “равишшиносии оноршистӣ” аз навъи мавриди алоқаи Пол Фейеробенд бидиҳем. (4)
Ба ҳар ҳол, метавон нишон дод, ки бо таърифи хоссе, ки аз системотик будан вуҷуд дорад, дониши илмӣ бисёр системотиктар аз дониши рӯзмарра аст (5) ва мушаххас шудани абъоди ин ваҷҳи тамоюзро то ҳадди зиёде мадюни таъаммулоти фалсафӣ дар бораи илм ҳастем. Ба даст додани як меъёри тафкики муносиб аз ҷиҳати муҳофизат аз илм низ корбурд дорад.
* * *
Ин ки гуфта шавад илм барои муҳофизат аз худ ниёз ба фалсафа дорад, шояд имрӯза каме аҷиб ба назар бирасад, зеро бо таваҷҷӯҳ ба қудрати ғайри қобили инкори илм ва тағйироти шигарфе, ки дар чанд қарни гузашта дар ҷаҳони мо аз тариқи ин қудрати рӯзафзуни илм эҷод шуда, мумкин аст ин тасаввур эҷод шавад, ки илм ниёзе ба муҳофизат надорад.
Ин қудрати илм он қадр мутақоъидкунанда аст, ки дар чанд қарни ахир илм тавонистааст ҷойгоҳи худро ба унвони ягона абзори мӯътабари дастрасӣ ба ҳақиқати ҷаҳон дар бисёре аз ҷавомеи башарӣ тасбит кунад. Ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд, бемориҳо дармон мешаванд ва бомбҳои атомӣ низ мунфаҷир мешаванд; ҳамаи ин маворид нишондиҳандаи қудрати беназири илм дар пешбинии рафтори мавҷудот дар шароити гуногун аст.
Ба хусус дар ду қарни гузашта илм аз чунон ҷойгоҳе дар миёни ҷавомеъ бархӯрдор шуда, ки бими он меравад ин мақбулияти рӯзафзунаш арсаро бар соири анвоъи маорифи башарӣ ва соири имконоти фикрӣ ва маънавӣ танг кунад. Дар чунин шароите буд, ки файласуфе мисли Пол Фейеробенд сухан аз “истибдоди илм” ба миён меовард ва талош мекард, то роҳе барои “муҳофизат аз ҷомеа дар баробари илм” пайдо кунад.
Аммо ин тамоми достон нест. Илм душманони сарсахте ҳам дорад, ки ҳамвора талош мекунанд ҷойгоҳашро ба унвони як абзори мӯътабари дастрасӣ ба ҳақиқати ашё ва моҳияти инсон ва ҷаҳон, ба хатар биандозанд. Бархе аз ин гуна душманони илм иборатанд аз хурофапарастон, асҳоби идеулужиҳои тунд ва тарафдорони назарияҳои тавтиъа, ки барои санҷидани иддаоҳои онҳо дар муқобили илм ногузир ба кӯмак гирифтан аз фалсафа ҳастем.
Албатта боз ҳам ин нукта шоёни зикр аст, ки ин шеваҳои душманӣ бо илм чунонки мумкин аст ба назар бирасад ихтисосе ба ҷавомеъи дар ҳоли тавсиъа надорад ва дар тамоми ҷавомеъ камобеш дараҷоте аз он қобили мушоҳида аст; то ҷойе, ки дар ҷавомеъе, ки аз лиҳози илмӣ ва текнулужикӣ дар зумраи ҷавомеъи бисёр пешрав ба ҳисоб меоянд низ хатари зуҳури сиёсатмадорони популисте, ки бо ҷоафтодатарин ва муваффақтарин назариёти илмӣ мухолифат мекунанд, вуҷуд дорад. Бинобар ин, бад-ин лиҳоз пурвозеҳ аст, ки барои муҳофизат аз илм дар баробари душманони килосик ва ҷадидаш ҳамвора ниёзманди кӯмак гирифтан аз фалсафа ҳастем ва ин коре аст, ки файласуфони илм дар тӯли қарни 20-ум ба равишҳои мухталиф ба анҷоми он ҳиммат гумоштаанд.
* * *
Таъсири фалсафа бар равоншиносӣ ва улуми шинохтӣ
Шояд дар ҳеч арсае аз улум ниёз ба фалсафа ва қудрати шаффофсози он, ба андозаи равоншиносӣ ва улуми шинохтӣ мусаллам набошад. (6) Албатта ҳамаи улуми риёзӣ ва табиӣ ҳам дар ҷузъиёт ва ҳам дар куллиёт то ҳудуди зиёде бо масоили фалсафӣ даст ба гиребон ҳастанд, аммо нақши фалсафа дар ҷусторҳои куллӣ ва ҳинҷории марбут ба улуми шинохтӣ бисёр барҷастатар ва пояитар аз бисёре аз улуми дигар аст. Ба ҳамин далел, тарҷеҳ додем таъсири фалсафа бар улуми шинохтиро бо тафсили бештаре баррасӣ кунем.
Бетаваҷҷӯҳӣ ба таъаммулоти фалсафие, ки нисбат ба илм огоҳии кофӣ доранд, метавонад ҳам ба фалсафа осеб бизанад ва ҳам ба илм. Нигоҳ ба улуми шинохтӣ аз ҷойгоҳҳои гуногуни фалсафӣ метавонад ба ин улум гароишоти мутафовите бидиҳад. Барои мисол, вақте аз як дидгоҳи позитивистӣ ба улуми шинохтӣ бипардозем, сар аз рафторгароӣ дархоҳем овард, ва вақте аз дидгоҳи метофизик ба ин улум бипардозем, сар аз улуми шинохтии постмудерн дармеоварем. (7)
Дар бархе маворид дар улуми шинохтӣ идеяҳои фалсафӣ метавонанд барои таҳқиқоти фалсафӣ муфид бошанд. Барои мисол, дар даҳаи 1970 бархе аз идеяҳои Витгенштойн ба таҳқиқоти ҷадиде дар бораи табиати мафоҳим анҷомид. Фалсафа ҳамчунин метавонад барои дифоъ аз бархе аз пояитарин мафрузоти улуми шинохтӣ дар бораи муҳосиба ва бознамоӣ муфид воқеъ шавад.
Бо таваҷӯҳ ба баҳсҳои матраҳшуда дар ин навиштор, метавон натиҷа гирифт, ки печидатар шудан ва тахассуситар шудани улум на танҳо аз ниёзи илм ба фалсафа накоста, балки дар бисёре аз маворид, мӯҷиби шадидтар шудани ин ниёз низ шудааст. Ҷавомеъе, ки барои пешрафтҳои илмӣ барномарезӣ мекунанд, бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳи кофӣ нишон диҳанд, ки пешрафти илм ва текнулужӣ бидуни кӯмак гирифтан аз фалсафа ва бидуни басту густариши он ё аз асос имконпазир нест ё агар ҳам то ҳудуде мумкин бошад, таъсироти мусбати асосӣ ва пойдор дар зиндагии ҷавомеъ нахоҳад дошт. Бинобар ин, ба назар меояд, ки вақти он расида бошад, ки аз фосила миёни донишкадаҳо бикоҳем ва аз улуми инсонӣ ва ба вежа фалсафа, барои пешрафти илму текнулужӣ дар тамоми сатҳҳо (чӣ дар сатҳи омӯзиш ва чӣ дар сатҳи тавлиди илм) кӯмак бихоҳем. Албатта ҳамаи ин масоил дар ҷавомеъе имкони матраҳ шудан доранд, ки дар онҳо андешидан ва ба вежа андешаи фалсафӣ, ҷиддӣ гирифта мешавад.
* * *
Пайнавиштҳо:
(2) Howard, D. A. Albert Einstein as a. Philosopher of Science. Physics Today, v. 58, n. 12, p. 34–40, 2005.
(3) Stefan Gammel, Andreas Losch, Alfred Nordmann, ”Philosophie der Nanotechnowissenschaft” Jenseits von Regulierung: Zum politischen Umgang mit der Nanotechnologie, Heidelberg: Akademische verlagsgesellschaft, 2009, pp. 122-148.
(4) Feyerabed, P., Against Method: Outline of an Anarchistic Theory of Knowledge, New left books, 1975.
(5) Hoyningen-Huene, P., Systematicity: The nature of science. Oxford: Oxford University Press, 2013.
(6) https://www.pnas.org/content/ 116/10/3948
(7) Thagard P. Why cognitive science needs philosophy and vice versa. Top Cogn Sci. 2009 apr;1 (2) 237-254. doi:10.1111/j.1756-8765.2009.01016.x.
Манбаъ: Istaravshani
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: