Ниёиш

Адаб

Ниёиш

Ба номи Худо

Худоё, туӣ ягонаи бе анбозу подшоҳи мутлақ, ки дар фармонравоият зид надорӣ ва дар подшоҳият мухолиф надорӣ!

Аз ту мехоҳам, ки бар банда ва фиристодаат Муҳаммад дуруд фирист ва сипоси неъматҳоятро чунон насибам кун, ки маро ба камоли хушнудият бирасонад;

ва маро ба лутфу карамат бар тоату пойбандӣ бар бандагият ва шоистагии подошат ёрӣ кун;

ва то зиндаам бо боздоштан аз нофармоният бар ман раҳм кун;

ва то замоне ки маро боқӣ медорӣ бар анҷоми ончӣ бароям суд мерасонад маро тавфиқ деҳ

ва ба китоби худ (Қуръони Карим) барои пазириши ҳақ синаамро фароху омода гардон ва бори гуноҳонамро бо тиловаташ аз номаи аъмолам пок кун;

ва дар дину ҷонам бар ман саломатӣ бахш ва касонеро, ки бо онҳо маънус шудаам аз ман ваҳшатзада накун;

ва дар боқимондаи умрам эҳсонатро бар ман тамом кун, чунонки дар гузаштаи умрам бар ман эҳсон намудӣ, эй меҳрубонтарини меҳрубонон.

Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иброҳими Динонӣ: Агар ба андешаҳои Саъдӣ амал шавад…
Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш…

Матолиби пурбоздид