Нолаи ту маро хуш ояд

Адаб

Нолаи ту маро хуш ояд

Мавлоно фармояд:

“Ҳикоят меоваранд, ки Ҳақ Таъоло мефармояд, ки:

Эй бандаи ман! Ҳоҷати туро дар ҳолати дуо ва нола зуд баровардаме, аммо овозаи нолаи ту маро хуш меояд дар иҷобат, ҷиҳати он, таъхир меафтад, то бисёр бинолӣ, ки овоз ва нолаи ту маро хуш меояд.

Масалан, ду гадо бар дари шахсе омаданд, яке матлубу маҳбуб аст ва он дигар азим мабғуз (нописанд). Худованди хона гӯяд ба ғулом, ки зуд, бе таъхир, ба он мабғуз нонпорае бидеҳ, то аз дари мо зуд овора шавад ва он дигарро, ки маҳбуб аст, ваъда диҳад, ки ҳанӯз нон напухтаанд, сабр кун, то нон бирасад ва бипазад…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.96)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маю шароб дар осори Ҳофиз
Ирфон ва ориф дар баёни Абуалӣ ибни Сино – II

Матолиби пурбоздид