Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷавонони Амрико

 

 

Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷавонони Амрико

Матни номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ин номаро ба ҷавононе менависам, ки виҷдони бедорашон онҳоро ба дифоъ аз кӯдакону занони мазлуми Ғазза барангехтааст. Ҷавонони азизи донишҷӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико!

Ин паёми ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мо бо шумост. Шумо акнун дар тарафи дурусти таърих, ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст, истодаед. Шумо акнун бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед ва дар зери фишори бераҳмонаи давлататон, ки ошкоро аз режими ғосиб ва бераҳми саҳюнист дифоъ мекунад, муборизае шарофатмандонаро оғоз кардаед. Ҷабҳаи бузурги муқовимат дар нуқтае дур, бо ҳамин идроку эҳсосоти имрӯзи шумо, солҳост мубориза мекунад. Ҳадафи ин мубориза, таваққуфи зулми ошкорест, ки як шабакаи террорист ва бераҳм ба номи «саҳюнистҳо», аз солҳо пеш бар миллати Фаластин ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон, онҳоро зери сахттарин фишорҳову шиканҷаҳо гузоштааст. Наслкушии имрӯзи режими опортойди саҳюнист, идомаи рафтори башиддат золимона дар даҳҳо соли гузашта аст. Фаластин як сарзамини мустақил аст бо миллате ташкилшуда аз мусалмону масеҳиву яҳӯдӣ ва бо собиқаи таърихии тӯлонӣ. Сармоядорони шабакаи саҳюнистӣ пас аз Ҷанги Ҷаҳонӣ, бо кӯмаки давлати Англия, чанд ҳазор террористро ба тадриҷ вориди ин сарзамин карданд; ба шаҳрҳо ва рустоҳои он ҳуҷум бурданд; даҳҳо ҳазор нафарро куштанд ё ба кишварҳои ҳамсоя ронданд; хонаҳо ва бозорҳову заминҳоро аз дасти онон берун кашиданд ва дар сарзамини ғасбшудаи Фаластин, давлате ба номи Исроил ташкил доданд.

Бузургтарин ҳомии ин режими ғосиб, пас аз нахустин кӯмакҳои англисӣ, давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки пуштибониҳои сиёсӣ ва иқтисодию таслеҳотӣ аз он режимро яксара идома дода ва ҳатто бо беэҳтиётии ғайри қобили бахшиш, роҳ барои тавлиди силоҳи ҳастаиро ба рӯи ӯ кушода ва ба ӯ дар ин роҳ кумак кардааст. Режими саҳюнист аз рӯзи аввал, сиёсати «мушти оҳанин»-ро дар баробари мардуми бедифои Фаластин ба кор гирифт ва беэътино ба ҳамаи арзишҳои виҷдонию инсонӣ ва динӣ, рӯз ба рӯз бар бераҳмӣ ва террору саркӯбгарӣ афзуд. Давлати Амрико ва шариконаш, ҳатто аз як абрӯ дарҳам кашидан дар баробари ин тероризми давлатӣ ва зулми пайваста, дареғ карданд. Имрӯз ҳам бархе изҳороти давлати Иёлоти Муттаҳида дар қиболи ҷинояти ҳавлноки Ғазза беш аз он чи воқеӣ бошад, риёкорона аст.

«Ҷабҳаи муқовимат» аз дили ин фазои торику яъсолуд сар баровард ва ташкили давлати «Ҷумҳурии Исломӣ» дар Эрон, онро густариш ва тавоноӣ дод. Сардамдорони саҳюнизми байналмилалӣ, ки бештарин бунгоҳҳои расонаӣ дар Амрикову Аврупо мутааллиқ ба онҳо ё зери нуфузи пулу ришваи онҳост, ин муқовимати инсонӣ ва шуҷоонаро тероризм муаррифӣ карданд! Оё миллате, ки дар сарзамини худаш дар баробари ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнист аз худ дифоъ мекунад, террорист аст? Ва оё кӯмаки инсонӣ ба ин миллат ва тақвияти бозувони ӯ кӯмак ба тероризм ба шумор меравад? Сардамдорони султаи қаҳромези ҷаҳонӣ, ҳатто ба мафҳумҳои башарӣ ҳам раҳм намекунанд. Режими террорист ва бераҳми Исроилро дифоъкунанда аз худ вонамуд мекунанд ва муқовимати Фаластинро ки аз озодӣ ва амнияту ҳаққи таъйини сарнавишти худ дифоъ мекунад, «террорист» меноманд!

Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки имрӯз вазъият дар ҳоли тағйир аст. Сарнавишти дигаре дар интизори минтақаи ҳассоси Ғарби Осиё аст. Бисёре аз виҷдонҳо дар миқёси ҷаҳонӣ бедор шуда ва ҳақиқат дар ҳоли ошкор шудан аст. Ҷабҳаи муқовимат ҳам нерӯманд шуда ва нерӯмандтар хоҳад шуд. Таърих ҳам дар ҳоли варақ хӯрдан аст. Ба ғайр аз шумо донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳ дар Иёлоти Муттаҳида, дар кишварҳои дигар ҳам донишгоҳҳо ва мардум ба пой хостаанд. Ҳамроҳӣ ва пуштибонии устодони донишгоҳ аз шумо донишҷӯён, ҳодисаи муҳимму асаргузор аст. Ин метавонад дар муқобили шиддати амали полисии давлат ва фишорҳое, ки бар шумо ворид мекунанд, то андозае оромишбахш бошад. Ман низ бо шумо ҷавонон эҳсоси ҳамдардӣ мекунам ва истодагии шуморо арҷ мениҳам.

Дарси Қуръон ба мо мусалмонон ва ба ҳамаи мардуми ҷаҳон, истодагӣ дар роҳи ҳақ аст: «Фастақим камо умирта»; ва дарси Қуръон дар бораи иртибототи башарӣ ин аст: на ситам кунед ва на зери бори ситам биравед: «Ло тазлимуна ва ло тузламун». Ҷабҳаи муқовимат бо фарогирӣ ва амал ба ин дастурҳо ва садҳо монанди он ба пеш меравад ва ба пирӯзӣ хоҳад расид; биизниллоҳ.

Тавсия мекунам бо Қуръон ошно шавед.

Сайид Алӣ Хоманаӣ 05/03/1403 шамсӣ; 25/5/2024

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳамияти сангнавиштаи Бобур  дар сари чашми Оббурдони Масчо
Фишори Омрико бар шабакаҳои иҷтимоӣ барои муқобила бо муҳтавои зидди исроилӣ

Матолиби пурбоздид