Номаи саркушодаи Паймони Миллии Тоҷикистон ба Раисӣ

Номаи саркушодаи Паймони Миллии Тоҷикистон ба Раисӣ
Ахбори минтақа
Дар остонаи сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, ПМТ бо мухотаб қарор додани Иброҳим Раисӣ, ёдовари мавзӯи кафолати сулҳи тоҷикон ва мавзӯи зиндониёни сиёсиро дар миён гузошта ва аз Раисӣ хостааст, дар сафари худ ба Тоҷикистон ин мавзӯъро бо зимомдорони Тоҷикистон ва бахусус Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузорад.
Номаи ПМТ аз ин қарор аст:
Номаи саркушода ба дуктур Сайидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
Ҷаноби раиси ҷумҳур!
Ҳамон тавре, ки дар ахбор омада, қарор аст фардо (7 ноябр) ҷаноби шумо меҳмони кишвари азизамон, Тоҷикистон бишавед.
Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба унвони ташаккули оппозитсиони тоҷик, ки аз чанд ҳизбу гурӯҳи сиёсӣ иборат аст, бо истифода аз фурсати сафари шумо ба кишвар ва дидору гуфтугӯятон бо мақомоти Тоҷикистон бахусус шахси Эмомалӣ Раҳмон, лозим медонад чанд нуктаро ҳузури шумо бирасонад:
1) Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба риёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки мо онро машрӯъ намедонем, балки режиме аст, ки ба роҳи кудатои низомӣ дар соли 1992 сари қудрат расидааст, аз он замон то имрӯз талош карда қудратро дар мушташ бигирад ва ҳоло онро ба як ҳукумати комилан хонаводагӣ табдил додааст, ки аксарияти мардуми кишвар аз ин кор нороҳат ва норозӣ ҳастанд;
2) Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1997 ва замони имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ҳамчун кишвари кафили сулҳ дар зери он имзо гузошт, ки баъдан ин созишнома аз тарафи ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон яктарафа поймол гардид. Бинобар ин, мо муътақидем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари миллати мо масъулияти бузурге дорад, ки пайгирии он ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд;
3) Бар асари поймол шудани созишномаи сулҳи тоҷикон аз тарафи ҳукумат, афроди зиёди бегуноҳ ба зиндон андохта шуданд. Аз ҷумла раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ҳатто бархе маҳкум ба ҳабси абад шуданд. Чун масъалаи онҳо бидуни дахолати шахси Раҳмон ҳал нахоҳад шуд, мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳ ва шахси шумо ҳамчун раисҷумҳур интизор дорем, ки масъалаи озодии онҳоро бо Раҳмон дар миён бигзоред. Зеро мо барои озодии онҳо аз тамоми васоил истифода хоҳем кард;
4) Ҳукумат бо баҳонаи ҳифзи субот ва оромиш, саркӯби шадиди мухолифонашро идома медиҳад ва ба ҳеч арзише пойбанд нест. Аммо мо бар ин бовар ҳастем, ки амният ва субот дар кишвари мо бидуни як ислоҳоти куллӣ бо озодии зиндониёни сиёсӣ ва баргузории интихоботҳои шаффофе, ки ҳамаи нерӯҳо дар он ширкат кунанд, имконпазир нахоҳад буд.
Умедворем шумо ҳамчун президенти яке аз аслитарин кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон метавонед ин масоилро бо Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар миён бигзоред.
Бо камоли эҳтиром, Паймони Миллии Тоҷикистон
6 ноябри 2023
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Агар интихобот имрӯз баргузор мешуд, қатъан Тромп пирӯз буд
Сафари Блинкен ба Бағдод

Матолиби пурбоздид