Номаи саркушодаи президенти собиқ
Ахбори минтақа
Атамбоев ба Ҷапаров: «То кай метавон ба ҳар дурӯғ хомӯш монд?»
Собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба суханони президенти амалкунанда Садир Ҷапаров дар бораи бӯҳрони энергетикӣ посух дод. Ӯ муроҷиати худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст:
Садир, бародарам!
Панҷ сол мешавад, ки ту амалан кишвари моро идора мекунӣ. Дар солҳои аввал мардум ба ту умедҳои калон баста буданд, ҳар сухани туро бовар мекарданд. Ба мардум бисёр ваъда дода будӣ: озодии баён, расонаҳои мустақилли қавӣ, интихоботи одилона, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва чизҳои дигар…
Ҳамаи ин солҳо ту маро ба ҳар гуноҳ, ки мешуд, айбдор кардӣ. Ман кӯшиш мекардам хомӯш бошам, ё агар ҷавоб диҳам ҳам бо эҳтиром ва сабр. Умед доштам, ки рӯзе оқил мешавӣ.
Вале не — боз ҳамон қисса такрор шуд. Ҳоло маро ҳатто дар ин бӯҳрони энергетикӣ гунаҳкор менамоӣ. Ва ман андешидам: то кай хомӯш бошам ва ба ҳар дурӯғи ифротӣ ҷавоб надиҳам?
Мардум дигар чашм во карда истодааст. Мардум ҳама чизро ба ёд дорад. Миллат дигар галаи хомӯш нест, ки ҳар дурӯғро бипазирад.
Ту ваъда додӣ, ки озодии баён мешавад — имрӯз одамро барои як паём (пост) дар шабакаи иҷтимоӣ ба зиндон мебаранд.
Ту ваъда додӣ, ки демократия барпо мешавад — ҳоло ҳамаи ҳизбҳои мустақил аз саҳна нобуд шудаанд. Сиёсатмадорон ё дар зиндон нишастаанд, ё дар навбати зиндон ё зиндонашонро кашиданду мекашанд. Ҳатто одамони оддӣ, агар як сухани танқидӣ гӯянд, боздошт мешаванд.
Дигар ваъдаҳо чӣ?
Интихоботи одилона — ҳол он ки номзадҳои аз назари шумо номуносиб, ҳатто ба интихобот роҳ дода намешаванд.
Қарзи давлатӣ — ваъда додӣ «пурра аз байн бурда мешавад», вале он баръакс чандин маротиба бештар шуд.
Фарзандонат, атрофиён ва наздиконат бонк таъсис мекунанд ва дар анзори умум табдил ба сарватмандон мешаванд.
Мазрааҳои истихроҷи биткуин – Майнинг-фермаҳо биткойн истеҳсол мекунанд ва ҳама медонанд, ба манфиати кист. Наздикон, хешовандон, дӯстон сарватманд шуда истодаанд, аммо мардум дигар барои маҳсулоти оддӣ ҳам пул намеёбанд.
Акнун бӯҳрони энергетикӣ. Маро гунаҳкор мекунӣ ва сиёҳро сафед нишон медиҳӣ. Вале худат эътироф кардаӣ, ки ду майнинг-ферма «зери назори шахсии худат» амал мекунанд, аз ҷумлаи он, Қамбар-Ота-2, ки фаъол аст.
Аммо ин майнинг-ферма ба дӯстон ва шарикони Максим Боқиев ва Ширшов тааллуқ дорад. Ва ту ошкоро иқрор мешавӣ, ки бо онҳо иртибот дорӣ. Ин ҳамон робитаи мустақим бо сохторҳои фасодзада аст, ки ҷомеа чандин сол аст ҳушдор медиҳад. Ва ҳамин майнинг-фермаҳо саҳми асосӣ дар бӯҳрони имрӯзаи энергетикӣ доранд.
qalamonline.net
Қаламонлайн












