Ноҳид Ислом – ҷавони 26-солае, ки сарнавишти Банглодешро дигар кард
Ноҳид Ислом, донишҷӯи ҷомеашиносӣ аз Дакка (пойтахти Банглодеш) аст. Ин ҷавони 26-сола, ба унвони як шахсияти меҳварӣ дар таҳаввулоти сиёсии ахири Банглодеш зоҳир шудааст. Ноҳид эътирозоти донишҷӯиеро раҳбарӣ кард, ки дар ниҳоят мунҷар ба суқути ҳукумати 15-солаи Шайх Ҳасина, нахуствазири Банглодеш шуд.
Нақши Ноҳид Ислом дар рӯйдодҳои Банглодеш замоне барҷаста шуд, ки вай ба унвони ҳамоҳангкунандаи ҷунбиши донишҷӯии бархоста аз насли ба истилоҳ Z алайҳи ноадолатиҳои нахуствазир ва атрофиёни ӯ, ки ҳама чизро дар кишвар “худӣ” карда буданд, даст ба эътироз зад, ки ба тадриҷ табдил ба корзоре барои барканории Шайх Ҳасина аз қудрат шуд.
Аз миёнаҳои моҳи июл буд, ки шӯҳрати Ноҳид Ислом дар саросари Банглодеш печид ва шароитеро эҷод кард, то ин ҷавон табдил ба як шахсияти миллӣ шавад. Дар ин замон буд, ки пулис, Ноҳид ва теъдоде дигар аз донишҷӯёни Донишгоҳи Даккаро дар ҷараёни саркӯби мӯътаризон боздошт кард.
Ба рағми даргириҳои хушунатомезе, ки 300 кушта барҷой гузошт, ин ҷунбиш идома ёфт ва дар ниҳоят Шайх Ҳасина ночор ба канорагирӣ аз қудрат шуд. Ағлаби кушташудагон донишҷӯёни ҷавон аз насли Z буданд.
Тайи рӯйдодҳои рӯзҳои охир, Ноҳид Ислом ва дигар раҳбарони ҷунбиши донишҷӯӣ дидорҳоеро бо фармондеҳи артиши Банглодеш дар барномаи кор доштанд. Гуфтанист, фармондеҳи артиши Банглодеш рӯзи душанбе бо эъломи истеъфои Шайх Ҳасина аз симати нахуствазирӣ, эълом кард, ки артиши ин кишвар як давлати муваққат ташкил хоҳад дод.
Дар ибтидо, артиш хост аз ҷунбиши донишӯӣ суистифода кунад ва Бегим Холида Зиёро, ки аз ҳаср озода шудааст, ба унвони раиси давлати муваққат бигузорад, вале ба хилофи интизори ҳамагон, Ноҳид ва ҷунбиши донишҷӯӣ, Муҳаммад Юнус, барандаи ҷоизаи Нобели сулҳро ба унвони раиси ҳукумати муваққат пешниҳод ва ӯро бар артиши таҳмил кард ва артиш низ ночор ба қабули пешниҳоди ҷунбиш гардид; амре, ки нишон медиҳад, насли Z-ро наметавон ба ҳамин роҳатӣ фиреб дод.
Ноҳид Ислом ёддоштеро дар Фейсбукаш мунташир карда буд бо ин мазмун, ки:
“Ҳеч давлате ба ҷуз давлати мавриди назари ҷунбиши донишҷӯӣ пазируфта нахоҳад шуд!”
Ноҳид Ислом рӯзи душанбе дар ҳоле, ки канори дигар раҳбарони ҷунбиши донишҷӯӣ буд, гуфт:
“Ба хунҳое, ки шуҳадо барои ҳадафамон рехтаанд, хиёнат нахоҳем кард!”
Ӯ дар суханони худ ваъда дод, ки онҳо қасд доранд, бо эҷоди тағйироти бунёдин дар Банглодеш, ин кишварро ба як кишвари демукротик ва адолатмеҳвар табдил кунанд.
Ноҳид Ислом дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард:
“Банглодеши 170-миллионӣ ҳаргиз ба ҳукумати фошистӣ бознахоҳад гашт!”.
Ӯ ҳамчунин аз донишҷӯён хост, аз ақаллияти ҳинду ва ибодатгоҳҳои онҳо муҳофизат кунанд.
Ноҳид Ислом дар соли 1998 дар Дакка ба дунё омада, донишҷӯ аст ва як бародари кучактар ба номи Нақиб дорад. Падараш муаллим ва модараш хонадор аст.
Ӯ фаъолияташро аз шабакаҳои иҷтимоӣ хусусан Фейсбук оғоз кардааст, ӯ бо интишори паёмҳояш дар шабакаҳо ва пофишорӣ бар мавозеъи худ дар масири ормонҳояш, муваффақ шуд ҳимояти қобили таваҷҷӯҳ насли Z-и Банглодешро ба худ ҷалб кунад ва бо кӯмаки онҳо Шайх Ҳасинаро сарнагун кунад.
Манбаъ: Timesofindia
Қаламонлайн