Нукоти ахлоқӣ

Фарҳанг

Нукоти ахлоқӣ

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

“Барҳазар бошед аз ғайбат кардан, зеро ғайбат бадтар аз зиност; чаро ки мард, ки зино мекунад, метавонад тавба кунад ва Худо тавбаашро бипазирад, аммо ғайбаткунанда то замоне ки ғайбатшуда ӯро набахшад, Худо ӯро нахоҳад бахшид”.

(Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.3, саҳ.225)

***

Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

Тавозӯъ ва фурӯтанӣ ҷуз бар воломақомӣ намеафзояд, пас тавозӯъ кунед, ки Худо мартабаи шуморо боло барад. Ва афву гузашт ҷуз бар иззат ва сарбаландӣ намеафзояд, пас гузашт кунед, ки Худо шуморо азиз гардонад. Ва садақа ҷуз бар зиёдии мол намеафзояд, пас садақа бидиҳед, ки Худо шуморо раҳмат кунад”.

(Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.3, саҳ.289)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳуши маснуӣ; таҳдид ё фурсат барои башарият?
Поёни ҷанги Украина қобили пешбинист

Матолиби пурбоздид