Нуфузи муқовимати Фаластин дар артиши Исроил

Нуфузи муқовимати Фаластин дар артиши Исроил
Ахбори байналмилал
Guardian
Муқовамати Фаластин чӣ гуна дар артиши режими саҳюнистӣ нуфуз кард? – гузориши рӯзномаи Guardian
Рӯзномаи Guardian ба нақл аз манобеи худ дар Телавив, аз нуфузи густурдаи муқовамати Фаластин дар артиши режими саҳюнистӣ хабар дод.
Ин рӯзномаи ангилисӣ дар гузориши худ навишт, нақшаҳое, ки дар ихтиёри нерӯҳои Ҳамос буда, фақат тавассути афроде дар дохили артиши Исроил метавониста тарроҳӣ шавад.
Артиши режими саҳюнистӣ ахиран нақшаҳоеро, ки аз гӯшии мобил ва дигар васоили ҳамроҳи шуҳадо ва асирони муқовамати Фаластин кашф карда, дар маърази диди умум аз ҷумла хабарнигорон қарор дод.
Артиши режими Исроил ба хабарнигорон эълом карда, ки нақшаҳои кашфшуда аз шуҳадо ва асирони муқовамати Фаластин ҳокӣ аз он аст, ки онҳо феҳристи комили пойгоҳҳои низомӣ ва истгоҳҳои ист ва бозрасии артиши ин режимро дар ихтиёр доштаанд.
Guardian ба нақл аз манобее дар артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки нақшаҳои кашфшуда он қадр дақиқ ва дорои ҷузъиёти комил ҳастанд, ки фақат як ҷосус дар дохили артиш метавонист онҳоро ҷамъоварӣ кунад.
Гуфтанист, пештар расонаҳои режими саҳюнистӣ шикасти режими ишғолгар аз муқовамати Фаластинро фақат як шикасти низомӣ эълом накарда буданд, балки онро бузургтарин шикасти амниятӣ ва иттилоотии таърих дониста буданд.
Муқовамати Фаластин дар посух ба 80 сол аз ишғолгарӣ ва таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин, 7-октябр амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”-ро алайҳи ин режим оғоз кард.
Режими саҳюнистӣ, ки бо ҳадафи аз байн бурдани гурӯҳҳои муқовамати Фаластин аз ҷумла Ҳамос ва озодии асирони худ, ба Ғазза лашкаркашӣ карда буд, баъд аз ду моҳи ҷиноят дар ин минтақа, ба аҳдофи худ нарасид.
Guardian
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аморот барои муқобила бо таҳдидҳои Яман алайҳи Исроил, ба кӯмаки Телавив омад
Арзиши илм дар каломи нуронии Паёмбари Акрам(с)

Матолиби пурбоздид